Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонии кулли Тоҷикистон бо изҳори норозигӣ аз ҷараёни таҳқиқи парвандаи Саймурод Орзуев ин қазияро барои тафтиши дубора фиристодааст. Орзуев баъди боздошташ аз сӯи милисаи Нуробод дар як шароити мармуз ҳалок шуд.

Додситонии кулли Тоҷикистон "бино бар нокифоя будани ҷараёни тафтишоти марги Саймурод Орзуев, сокини Нуробод" қарори додситонии ин ноҳияро бекор таҳқиқи дубора ва ҳамаҷонибаи ин парвандаро тақозо кардааст. Тӯфон Аюбов, муфаттиши додситонии ноҳияи Нуробод рӯзи 15 июл бо тасдиқи ин хабар ба Радиои "Озодӣ" гуфт, додситонии Нуробод қаблан қарор бароварда буд, ки Саидмурод Орзуев дар натиҷаи сархушӣ аз болои кӯпруки баланд афтода, ҷон додааст. Вале додситонии кулл ин қарорро "нокифоя" номида, тафтиши комили парвандаи ин сокини Нурободро талаб кардааст.

Муфаттиши додситонии Нуробод мегӯяд, ки бар асоси тафтишоти пешакӣ даъвои наздикони Саидмурод Орзуев, ки мегӯянд, фарзанди онҳо дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия дар натиҷаи лату кӯб ба марг расидааст, беасос шуморида, қарор кард, ки идомаи тафтиш зарурат надорад. Аммо бар асоси шикояти наздикони Саидмурод Орзуев ва муроҷиати онҳо ба мақомоти интизомӣ ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар, додситонии кулл зарурати тафтишоти бештарро зикр кардааст.

Саидмурод Орзуев рӯзи 25-уми майи соли равон дар пайи як садамаи нақлиётӣ ба шӯъбаи корҳои дохилӣ бурда шуда, баъди 5 рӯз ҷасадашро аз назди пул пайдо карданд. Саймурод Орзуев дар рустои Ҳасандараи ҷамоати Ҳакимии ноҳияи Нуробод зиндагии фақиронае дошт. Вақте вай рӯзи 25-уми апрел симчӯби барқро бо мошинаш тахриб кард, кормандони милиса ва Бозрасии давлатии автомобилии ноҳия ӯро ба шӯъба оварданд, аммо баъди он ки волидонаш ба суроғаш омаданд, кормандони милиса гуфтанд, ки ӯро алакай раҳо намудаанд.

Танҳо пас аз 5 рӯзи ҷустуҷӯ ва кофтуков ҷасади Саймурод, рӯзи 30-юми апрел аз зери як кӯпрук дар назди рустои Чанор пайдо карда шуд, ки дар бадани ӯ осори латтукӯб ва ҳатто ба нақли падараш, доғи сими "трос" дар пойҳояш дида мешуд. Рӯзи 30-юми апрел ҷасади Саймурод дар Ҳасандара ба хок супурданд. Саймурод ҳамагӣ 30 сол дошт ва 3 моҳ пеш аз маргаш оиладор шуда буд.

Волидони ӯ боисрор мегӯянд, ки Саймурод дар натиҷаи латукӯб дар шӯъбаи милиса ҳалок шудааст. Аммо ба гуфтаи муфаттиши додситонии Нуробод, кормандони милиса иддао доранд, ки ӯ баъди раҳоияш аз боздошт ба хоҳараш СМС фиристода, аз худ дарак додааст. Додситонӣ ҳоло ба шӯъбаи корҳои дохила дархостнома ирсол дошта, табуляграммаи СМС-и Саидмурод ба хоҳарашро хостааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG