Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додситонии шаҳри Қурғонтеппа, маркази вилояти Хатлон парвандаи ҷиноии Аҳлиддин Машрабов, гумонбари аслӣ дар қатли Алексей Буенков, сарбози пойгоҳи низомии 201-уми Русияро барои баррасӣ ба додгоҳ фиристод.

Ҷаббор Алиев, вакили дифои Аҳлиддин Машрабови 24-сола рӯзи ҷумъаи 30 сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “парвандаи ҷиноӣ дар нисбати Аҳлиддин Машрабов, мутаҳҳам дар қатли Алексей Буенков имрӯз аз додситонӣ ба додгоҳи вилояти Хатлон фиристода шуд”.

Мақомоти тафтишот алайҳи Аҳлиддин Машрабов, бар асоси ду моддаи Кодекси Ҷиноии Тоҷикистон , яъне моддаи 104 - куштор ва 237 - авбошӣ парвандаи ҷиноӣ боз карда буд.

Аҳлиддин Машрабов

Аҳлиддин Машрабов

Алексей Буенков, сарбози 40-солаи рус шаби 30 ба 31 июли соли ҷорӣ дар тарабхонаи "Карина" дар шаҳри Қурғонтеппа ба қатл расид ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Аҳлиддин Машрабов, сокини маҳалаи Хатлони шаҳри Қурғонтеппаро ҳамчун гумонбар дар ин ҳодиса дастгир карданд.

Дар ҷараёни тафтишот Аҳлиддин Машрабов даст доштан дар куштори сарбози русро тасдиқ карда гуфтааст, ки баъди ҳамла ва лату кӯб шуданаш аз ҷониби се сарбози рус маҷбур шуд ин амалро содир кунад.

Шаби 30 ба 31 июли соли ҷорӣ дар тарабхонаи “Карина”, воқеъ дар маҳаллаи “Айнӣ”-и шаҳри Қурғонтеппа, Алексей Буенков, сарбози 40-солаи рус ҳамроҳ бо ҳамсар ва чанд ҳамхизматаш истироҳат мекарданд. Моҷарое дар навбати дастшӯӣ миёни ӯву Аҳлиддин Машрабов ниҳоят бо куштор анҷомид.

Дар ҳамин ҳол, масъулони додгоҳи вилояти Хатлон гуфтаанд, ки парванда тоза ба додгоҳ ворид шуда ва эҳтимол дорад дар рӯзҳои баъд баррасии он шурӯъ шавад.

Куштор дар тарабхонаи маҳаллии "Карина" рух дод. Ин тарабхона макони маъруфи истироҳати низомиёни пойгоҳи 201 Русия дар Қӯрғонтеппа мебошад. Кормандони тарабхонаи “Карина” дар сӯҳбат бо Озодӣ баъди ин ҳодиса гуфтанд, ки шаби 30 ба 31 июл сарбози рус бо дӯстону ҳамсараш, ки як русзабони ин шаҳр буд, барои тафреҳ ба дискоклуб рафта буд.

Дар додситонии шаҳри Қӯрғонтеппа гуфтанд, Аҳлиддин Машрабов низ ҳамроҳи дӯстонаш Сафархон Халилов ва Абдулло Ҷалилов дар тарабхонаи "Ориён" ғизои шом хӯрда, сипас барои дилхушӣ ба "Карина" рафтаанд. Дар оғоз гуфта мешуд, ки Машрабов ҳамроҳ бо дӯстонаш бо низомиёни рус вориди муноқиша шуд, вале ҳоло маълум нест, ки оё нақши онҳо дар ин моҷаро чӣ будааст.

Мақомоти интизомии Қӯрғонтеппа мегӯянд, Аҳлиддин Машрабов чанд сол дар Русия муҳоҷир буд ва онҷо низ доғи судӣ доштааст. Аммо Акбарҷон Ҳасанов, вакили дифои ӯ мегӯяд, ки зерҳимояаш дар Русия муртакиби ҷинояти сангин нашудааст ва бинобар ҳамин дар муддати кӯтоҳ озод шуда ба ватан баргаштааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG