Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тафтиши парвандаи пурсарусадои 5 ҷасади селофанпечи мардикорони тоҷик дар вилояти Орёли Русия анҷом ёфта, ин парвандаи ду муттаҳам дар марги ин коргарон – як зодаи Озарбойҷон ва як зодаи Тоҷикистон - ба додгоҳ ирсол шудааст.

Раёсати Кумитаи тафтишоти вилояти Орёли Русия аз анҷоми тафтиши парвандаи марги 5 мардикори тоҷик дар ин вилоят хабар дод. Ин идора мегӯяд, ки дар иртибот ба ин қазия парвандаи ду сокини маҳаллӣ Ахмед Ахмедов ва Беҳрӯз Саидов ба додгоҳ фиристода шудааст.

Юлия Дорофеева, ёвари раҳбари раёсати тафтишоти вилояти Орёд рӯзи 4 июл ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, Ахмедов – зодаи Озарбойҷон ва Саидов – зодаи Тоҷикистон бар асоси қисми сеюми моддаи 109 (аз беэҳтиётӣ ба ҳалокат расондани беш аз ду нафар), бандҳои «а» ва «б»-и қисми дуюми моддаи 215.3 (хароб кардани маҳсулоти нафтӣ бо маслиҳати пешакӣ ва тавассути тахриби лӯлаи нафт) ва банди «б»-и қисми сеюми моддаи 158-ум (дуздӣ аз дӯлаи нафт)-и Кодекси ҷиноии Русия айбдор мешаванд.

Моддаи 109-и Кодекси ҷиноии Русия барои марги чанд нафар аз беэҳтиётӣ ҳадди аксар 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Барои тахриби лӯлаи нафт қонунҳои Русия то 6 соли зиндон ваё то 5 сол корҳои ислоҳиро ҳамчун ҷазо муқаррар кардаанд. Барои дуздӣ аз лӯлаи нафт дар ин кишвар ҷарима ба маблағи аз 100 то 500 ҳазор рубл ваё корҳои ислоҳӣ ба муддати то 5 сол пешбинӣ шудааст.

Юлия Дорофеева гуфт, «Ахмедов ба хотири ғайриқонунӣ пайваст шудан ба лӯлаи нафти «Куйбишев – Брянск ва дуздии маводи сӯхт аз ин лӯла барои анҷоми ин корҳо Беҳрӯз Саидов ва 5 шаҳрванди дигари Тоҷикистонро ҷалб кардааст. Рӯзи 8 июли соли 2015 ҳангоми ба лӯлаи нафте, ки аз қаламрави вилояти Орёл мегузарад, пайваст шудан бар асари танаффуси гази хориҷшуда аз генератори бензиние, ки онҳо дар нақби зеризаминӣ истифода мебурданд, ҳамаи ин 5 мардикор ҳалок шуданд.»

Ба гуфтаи тафтишот, Беҳрӯз Саидов ба Ахмед Ахмедов аз фалокати рухдода хабар медиҳад. Онҳо ҳарду ҷасадҳоро ба селофан печонда, дар ҳудуди вилоятҳои Тула ва Маскав партофтаанд. Ду ҷасадро худи ҳамон рӯзи 8 июл аз ҷангалзоре дар ҳудуди ноҳияи Ступинои вилояти Маскав ва ҷасади се мардикори дигари тоҷикро рӯзи 11 июл аз як истгоҳ дар наздикии рустои Беликовои ноҳияи Ленини вилояти Тула пайдо карданд.

Юлия Дорофеева мегӯяд, «Ахмедов ва Саидов баъди «халос» шудан аз ҷасадҳо, ба вилояти Орёл баргашта, ба сохтани лӯлаи ғайриқонуниашон идома медиҳанд ва ҳатто ба онҳо муяссар шудааст, ки то замони боздошташон аз ин лӯла ба маблағи 9000 рубл маводи сӯхти дизелӣ низ берун бикашанд.» Ӯ афзуд, ки ҳарду муттаҳам ба гуноҳи худ эътироф мекунанд ва аз карда пушаймон ҳастанд.

Амакзодаи яке аз мардикорони ҳалокшуда рӯзи 4 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, Беҳрӯз Саидов ҳамаи ин 5 мардикорро хуб мешинохт: “Ба онҳо гуфта буд, ки як кори хуб ёфтам, пулаш хеле хуб аст ва инҳоро ба Орёл бурд. Мо Ахмед Ахмедовро намешиносем ва аз Беҳрӯз Саидов домангирем, ки чӣ гуна тавонист ҷасадҳои ҳамватанҳои ҳалокшудаашро дар роҳ партояд?”

Ахмед Гаҷиевич Ахмедов дар ноҳияи Дзержинскийи шаҳри Орёл ширкати тиҷории “Элитторг”-ро сабти ном карда буд, ки бино бар оинномааш, ба фурӯши маҳсулоти хӯрока, асосан гӯшти мурғ ва нӯшобаҳо ихтисос дошт. Ширкати дигари ин соҳибкор - “Дорстройсервис” - дар риштаи роҳсозӣ фаъолият дошт. Додгоҳи Орёл ин соҳибкорро моҳи июн, ҳамагӣ як моҳ пеш аз ҳалокати 5 мардикораш бо иттиҳоми напардохтани ҳаққи Сандуқи нафақа зери 5000 рубл ҳам ҷарима бастааст.​

Вале ин ширкатҳо зоҳиран чандон муваффақ набудаанд, ки Ахмедов пой ба масири дуздии маҳсулоти нафтӣ аз лӯлаи нафт задааст. “Бизнес”-е, ки дар ниҳоят мунҷар ба ҳалокати 5 муҳоҷири ҷавони тоҷик, ки ҳамагӣ аз 26 то 35 сол доштанд, шуд:

  1. Хуршед Шарифович Ёрматов, санаи таваллудаш 11 августи соли 1988, зодаи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон
  2. Самандар Салимович Халифаев, санаи таваллудаш 31 марти соли 1989, зодаи ноҳияи Ҳамадонӣ.
  3. Солеҳҷон Одилович Дилшодов, соли таваллудаш 1982 аз ноҳияи Қумсангир
  4. Фирдавсӣ Ашӯрович Нодиров, соли таваллудаш 1980, аз ноҳияи Данғара
  5. Шаҳром Набиев, соли таваллудаш 1988.

Дар Русия, бино ба ҳисобҳо, то 1 миллион муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Ҳар сол дар ин кишвар беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон ба иллатҳои мухталиф аз олам чашм мепӯшанд. Яъне ба ҳисоби миёна, ҳар рӯз се нафар.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG