Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент дар Наврӯзи ятимони Суғд иштирок кард


Дар чаҳорчӯби боздид аз вилояти Суғд президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23 март дар маросими хатнасури 50 тифли хонаводаҳои ниёзманд ва ҳам ҷашни наврӯзии 450 ятими кулли шаҳри Хуҷанд иштирок кард. Дар ҳамин маросим ба 10 хонаводаи маъюб ҳам калиди хонаҳои нав тақдим шуд, ки бо талоши соҳибкори маҳаллӣ Аюб Тоҳиров бунёд шудааст. Сайти президент мегӯяд, ки ин оилаҳо дар ин бинои хуштарҳу замонавӣ соҳиби хонаҳои барҳаво гардиданд ва дар ошёнаи якуми бинои истиқоматӣ садҳо ятимон дар ҳалқаи президент Наврӯзро таҷлил карданд.

XS
SM
MD
LG