Пайвандҳои дастрасӣ

Қазияи 448 ҳазор доллар пораи раҳбарияти пешини УКС дар додгоҳ


Маҷмааи тандурустии "Истиқлол".

Баъди якуним соли боз шудани парванда аз рӯи моддаи “додани пора”, Саидшариф Анваров - собиқ сардори Раёсати сохтмони асосӣ ва шаш нафари дигар тоза дар додгоҳи шаҳри Душанбе муҳокима мешавад.

Додгоҳи шаҳри Душанбе ба баррасии парвандаи ҷиноӣ алайҳи раҳбари собиқи муассисаи давлатии "Раёсати сохтмони асосӣ"-и Душанбе (УКС) Саидшариф Анваров ва 6 тан ҳамроҳони ӯ аз ширкатҳои дигари сохтмонии пойтахт оғоз кардаааст. Ин афрод аз рӯи қазияи “додани пора”

Оҷонсии мубориза бо фасод мегӯяд, дар нимаҳои моҳи октябри соли 2015 Саидшариф Анваров ва ҳамроҳони ӯ нақшаи пешниҳоди "пора" ба як мансабдори ин ниҳодро кашида ва аз ин тариқ хостаанд худро раҳо бикунанд.

дар як ҳодисаи декабри соли 2015 муҳокима мешаванд, ки ба ҳангоми тафтиши будҷаи сохтмони бинои беморхонаи “Истиқлол” (собиқ “Пойтахт-90”) рух додааст.

Шубҳаи тафтишот ба ин, ки ба ҳангоми сарфи маблағҳои будҷа масъулин ба изофанисӣ роҳ доданд, боиси боз шудани парванда шуд ва баъдан, замоне, ки гумонбарон мехостанд бо додани пора аз ҷавобгарӣ фирор кунанд, боздошт шуданд. Ин яке аз пурсарусадотарин қазияҳои охири соли 2015 буд, ки ба давраи раҳбарии Рустами Эмомалӣ дар мақоми раиси Оҷонсии мубориза бо фасод рабт мегирад.

Додгоҳи шаҳри Душанбе.

Додгоҳи шаҳри Душанбе.

Асомиддин Бобохонзода, муовини раиси додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 9 март бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, мурофиаи парвандаи мазкур бо айбдории 7 нафар, аз ҷумла Саидшариф Анваров, собиқ раиси муассисаи давлатии "Раёсати сохтмони асосӣ"-и ҳукумати шаҳри Душанбе ё УКС шурӯъ шуда, ҳанӯз идома дорад.

Вай гуфт, ҳамаи ин афрод бо моддаи 320 (“додани пора ба шахси мансабдор”) айбдор дониста мешаванд, вале то замони судури ҳукми додгоҳ, онҳо гумонбар дониста мешавад. Ассомиддин Бобохонзода афзуд, мурофиаи ин афрод озод баргузор мешавад ва маълум нест, ки худи муттаҳамон дар ин қазия худро гунаҳгор эътироф мекунанд ё на ва қазияро чӣ гуна шарҳ медиҳанд.

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон ду сол қабл ҷузъиёти боздошти Саидшариф Анваров, раҳбари собиқи муассисаи давлатии "Раёсати сохтмони асосӣ"-и Душанбе ё УКС-ро ошкор кард. Моҳи декабри соли 2015 Оҷонсии зидди корупсия бо пахши хабари расмӣ гуфт, ки ҳамроҳ бо Саидшариф Анваров шаш нафари дигар боздошт шуда, тафтиши қазияашон идома дорад. Ҳамаи ин афрод ба "исрофкорӣ" ва "изофанависӣ" дар сохтмони Маркази тиббии “Пойтахт-90” ва пешниҳоди ришва ба шахси мансабдор муттаҳам мешаванд, вале дар ниҳоят алайҳи онҳо бар асоси моддаи 320-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз гардид.

Аз шаш ҳамроҳи раҳбари собиқи УКС-и Душанбе, Фазлиддин Маҳмудов ва Фирӯз Раҳмонов - раис ва муовини раиси "Тоҷикколхозсохтмон", Тоҳирҷон Тағоев – раҳбари "Жилестрой", Олим Саидов - раҳбари ПМК-278, Тоҳирҷон Мирзоҷонов – раҳбари ширкати "Хонасоз-4" ва Қосим Фатҳуллозода - раҳбари "Саманд 2010" ном бурда мешавад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Оҷонсии мубориза бо фасод, боздошти Саидшариф Анваров ва ҳамроҳони ӯ баъди як санҷиши расмӣ бо амри Рустами Эмомалӣ, раҳбари пешини ин ниҳод дар сохтмони Маркази тиббии беморхонаи Истиқлол (Пойтахт-90) сурат гирифтааст. "Дар иншооти бемористони "Пойтахт-90" санҷиши фаъолияти молиявӣ ва хоҷагӣ анҷом дода шуд. Зимни гузарондани санҷиш тасарруфи молу мулки ғайр, барзиёд нишон додани корҳои сохтмонӣ ва исрофкорӣ сабт гардид",- афзуд дафтари матбуоти Оҷонсӣ.

Ин ниҳод мегӯяд, дар нимаҳои моҳи октябри соли 2015 Саидшариф Анваров ва ҳамроҳони ӯ нақшаи пешниҳоди "пора" ба як мансабдори Оҷонсиро кашида ва аз ин тариқ хостаанд худро раҳо бикунанд. "17 ноябр дар натиҷаи чорабинии фаврии маъмурони Оҷонсӣ миёнарав Фирӯз Раҳмонов ҳангоми ба сифати пора додани 448 ҳазору 700 доллари амрикоӣ дастгир карда шуд," – гуфт Оҷонсии мубориза бо фасод.

Баъди боздошти ин гурӯҳ, моҳи марти соли 2016 "Маҷмаи тандурустӣ" ба фаъолият оғоз кард. Дар маросими ифтитоҳи он рӯзи 4 марти соли 2016 президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам иштирок кард ва бо пешниҳоди ӯ, исмаш Маҷмааи тандурустии "Истиқлол" шуд. Он замон гуфта шуд, ки ин бемористон дорои 650 кат буда бо арзиши умумии 706 миллион сомонӣ бунёд шудааст.

Он дар маҳаллаи 46-уми пойтахт, дар шафати "Маркази ташхиси тиббӣ" (Диагностика) ва бозори "Султони Кабир" воқеъ шудааст ва иборат аз як бемористон бо 650 кат ва як поликлиника барои қабули 800 бемор дар як басти кориро дар бар мегирад ва гуфта мешавад, ки 3,5 ҳазор нафар ба ҷойҳои нави корӣ таъмин хоҳанд шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG