Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парванда алайҳи сардори дидбонгоҳи қисми марзбонии 26 10-и ноҳияи Панҷ ба додгоҳ фиристода шудааст. Ӯ бо се банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла сӯиистифода аз ваколати мансабӣ, гунаҳкор дониста мешавад.

Додситони низомии вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон парвандаи ҷиноии Алимуҳаммад Додокалонов, сардори дидбонгоҳи қисми марзбонии 26 10-и ноҳияи Панҷро, ки декабари соли гузашта боз карда буд, ба додгоҳ фиристод. Cардори дидбонгоҳи қисми марзбонии 26 10-и ноҳияи Панҷ лейтенанти калон Алимуҳаммад Додокалонов пеш аз ҳама ба он айбдор мешавад, ки бо фармони ӯ чаҳор сарбоз барои ҳезумчинӣ ба соҳили Омӯ рафта, ба дасти Толибон афтодаанд.

Мақомоти ноҳияи Панҷ ба пайвандони чаҳор сарбоз ваъда дода буданд, ки то иди Наврӯз фарзандонашон аз асорати Толибон озод мешаванд, вале ҳоло аз онҳо хабаре нест. Гуфта мешавад, ин сарбозон, ки қаблан дар марзи вулусуволии Имом Соҳиби вилояти Қундуз нигоҳ дошта мешуданд, аввалҳои моҳи март ба маҳалли дуртари ин вилоят интиқол ёфтаанд.

Маҳмадалӣ Алимардон.

Маҳмадалӣ Алимардон.

Маҳмадалӣ Алимардон, додситони низомии вилояти Хатлон рӯзи 27 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки алайҳи Алимуҳаммад Додокалонов тибқи се модаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон 391, қисми 3 банди “б”сӯистеъмоли ваколати мансабӣ, ки боиси дигар оқибати вазнин гаштааст, моддаи 323, яъне сохтакории хизматӣ ва моддаи 234, ғайриқонунӣ буридани дарахту буттаҳо, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ҷаноноби Алимардон афзуд, ки Умедҷон Сангинов, ронандаи ҳамин қисми низоми тибқи моддаи 234, яъне ғайриқонунӣ буридани дарахтон, муттаҳам дониста шуда, ҳамроҳи Алимуҳаммад Додокалонов дар боздоштгоҳ қарор дорад.

Тибқи иттилои додситони вилояти Хатлон, Алимуҳаммад Додокалонов, сардори дидбонгоҳи қисми марзбонии 26 10-и ноҳияи Панҷ рӯзи 19 декабри соли гузашта чаҳор сарбоз Фарҳод Калонов, Тӯйчибой Нурбоеви 19-сола, Меъроҷ Шодиеви 21-сола ва Сироҷиддин Давлатови 24-соларо барои ҷаъмоварии ҳезум ба марзи Афғонистон бурдааст, ки аз ҷониби гурӯҳи Толибон ба гарав гирифта шуданд.

Дар ҳоле, ки додгоҳ ба баррасии парвандаи Алимуҳаммад Додокалонов, сардори дидбонгоҳи қисми марзбонии 26 10-и ноҳияи Панҷ шурӯъ кардааст, нигаронии волидайни ин сарбозон бештар шудааст, чун бо гузашти беш аз се моҳ, аз фарзандонашон хабаре надоранд.

Исломиддин Давлатов, сокини деҳаи Рӯдакии ноҳияи Қумсангир ва падари Сироҷиддин Давлатов, сарбози 24-сола, ки ҳоло гаравгон аст, рӯзи 27 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дурӣ аз фарзандаш ӯ ва хонаводаашро нигарон кардааст. Ҷаноби Давлатов афзуд, ки борҳо ба мақомоти Хатлон муроҷиат кардааст, аммо сабаби ба гарав гирифтани сарбозонро мақомот ба онҳо нагуфта, вале танҳо ваъда додаанд, ки онҳоро озод мекунад: “Намедонам, ки ин сарбозонро барои чӣ бурдаанд? Ноҳияи Панҷ, Душанбе Қӯрғонтеппа меравем, ки намедонам, ки кай баргардонида мешаванд, мегӯяд, ки маслиҳатҳо ҳаст, ки бармегарданд, вале хабаре нест.”

Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон.

Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон.

Мухтор Калонов, падари сарбози дигари тоҷик Фарҳод Калонов ва Фатҳулло Шодиев, падари Меъроҷиддин Шодиев, сокинони шаҳри Душанбе дар як сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки онҳо ба мақомоти болоии Тоҷикистон борҳо барои озодии фарзандонашон аз асорат муроҷиат кардаанд, вале ҳанӯз сарнавишти сарбозон ва озодии онҳо маълум нест. Тибқи иттилои додситони низомии вилояти Хатлон, мақомот бо гурӯҳи гаравгонгири Толибон барои баргардонидани сарбозон ба қароре наомадааст ва маълум нест, ки ин сарбозон кай аз асорати гурӯҳи гаравгонгир озод хоҳанд шуд.

Дар ҳамин ҳол, аз идораи пулиси ноҳияи Панҷ низ гуфтаанд, ки онҳо намедонад, ки чаҳор сарбози тоҷик дар асорат чӣ рӯзгор доранд. Ба гуфтаи пулис, гуфтугӯҳо барои баргардонидани сарбозони тоҷик, миёни кормандони қисми низомии 26 10 ва марзбононони афғон сурат мегирад ва онҳо аз тафсилоти он, огоҳӣ надоранд. Ҷамшед Мираков, як масъули қисми низомии 26 10-и ноҳияи Панҷ ба хотири сиёсӣ будани қазияи гаравгонгирӣ, аз сӯҳбат худдорӣ намуд.

Абдуҷон Таваккалзода, раиси ноҳияи Панҷ ду моҳи пеш ваъда дода буд, ки онҳо дар мудати кӯтоҳ чаҳор сарбозро афғон озод мекунад, вале имрӯз, 27 март ба Озодӣ гуфт, маълум нест, ки ин сарбозон кай озод мешаванд. Ҷаноби Таваккалзода аз нақли марзбонон дар ин ноҳия гуфт, ки сабаби озод нашудани сарбозон, нооромӣ дар вулусуволии Имом Соҳиби вилояти Қундузи Афғонистон аст:

Абдуҷон Таваккалзода, раиси ноҳияи Панҷ.

Абдуҷон Таваккалзода, раиси ноҳияи Панҷ.

“Ҳоло ваъзияти амниятӣ дар Афғонистон чандон ором нест, ягон соат тирпаронӣ ором намешавад, кор рафта истодааст, ҳукумат ва сарвари давлат кор карда истодааст, сарҳадбонҳо мегӯяд, ки бояд баргарданд, вале ба ягон хулосае наомадаанд, ки онҳоро озод кунад, шояд метарсанд, ки мабодо ягон ҳодисае нашавад. Мисли давлати мо тинҷию амонӣ бошад, озод мешудаанд, вале намедонам, ки онҷо чӣ гап аст, чун онҷо на давлатдориро мефаҳмӣ, на қонунро.”

Мухтор Каломов, падари сарбози гаравгонгирифтаи тоҷик Фарҳод Калонов ва Фатҳулло Шодиев, падари Меъроҷиддин Шодиев дар як сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки онҳо ба мақомоти болоии Тоҷикистон борҳо барои раҳоии фарзандонашон аз асорат муроҷиат кардаанд, вале ҳануз сарнавишти онҳо норӯшан боқӣ мемонад.

Ба иттилои ҳукумати ноҳияи Панҷ, чаҳор сарбоз феълан дар вулусуволии Имом Соҳиби Афғонистон дунафари дар асорати хонагӣ қарор дорад, вале мақомот то ҳол нагуфтаанд, ки Толибон дар ивази озодии ин чаҳор сарбоз аз Тоҷикистон дақиқан чӣ мехоҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG