Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров гуфт, ки Маскав аз маъмурияти Трамп чӣ мехоҳад


Сергей Лавров, вазири хорҷии Русия
Сергей Лавров, вазири хорҷии Русия

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, гуфт, ки Маскав интизор аст дар масоили суботи стратегӣ, силоҳҳои силлоҳҳои бо маъмурияти Доналд Трамп вориди муколама шавад.

Лавров, ки рӯзи 17 январ дар нишасти матбуотии солона сӯҳбат мекард, гуфт, мавзӯъҳои вижаи мавриди баҳс метавонад силоҳҳои фавқуссадо, сипари мушакӣ, ки Амрико дар Аврупо бунёд мекунад, силоҳҳои кайҳонӣ ва санҷишҳои ҳаставиро фаро бигирад.

Ӯ гуфт, ки Русия омодааст баъд аз оғози фаъолияти расмии Трамп ҳамчун президент дар таърихи 20 январ, масоили номбурдаро бо маъмурияти ӯ баҳс кунад.

Лавров инчунин гуфт, ки Маскав изҳороти ахири президенти мунтахабро ҳамчун пешниҳоди лағви таҳримҳо дар ивази коҳиши силоҳи ҳаставӣ, дар муқобили амалҳои он дар Украина, тафсир намекунад.

Доналд Трамп рӯзи 15 январ дар сӯҳбат бо нашрияи The Times-и Лондон ва маҷаллаи Bild-и Олмон созиши кам кардани силоҳи ҳаставӣ аз ҷониби Русияро ҳамчун як эҳтимоли лағви таҳримҳо унвон кард.

XS
SM
MD
LG