Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Покистон нишасти Шӯрои байнидавлатии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ баргузор шуд, ки дар он тарҳи тиҷоратии интиқоли барқ, маъруф ба CASA -1000, баррасӣ гардид.

4 иштирокдори аслии ин тарҳ - Тоҷикистон, Қирғизистон, Покистон ва Афғонистон - бо имзои эъломияи cохтори тарҳ ва усулҳои калидии он, пуштибонии комили худро барои рушди аз ин барнома густарда дар соли 2014 баён намуданд. Ин эломия дар сатҳи вазирони энержӣ имзо шудааст.

Интизор меравад, ки CASA -1000 тиҷорати барқро дар байни чаҳор кишвар дар заминаи қарордодҳои дарозмуддат таъмин кунад ва 1300 мегават нирӯи барқро аз Тоҷиистону Қирғизисон ба Покистону Афғонистон расонад. Қарор аст, ки сармояи 1 миллиард доллар шароитро барои тиҷорати энержӣ мусоид карда, ду кишвари мӯҳтоҷи барқро аз ниёзмандӣ берун ва буҷаи ду кишвари Осиёи Марказиро ғанӣ созад.


Хоҷа Осиф

Хоҷа Осиф

Хоҷа Муҳаммад Осиф, вазири обу барқи Покистон изҳори умедворӣ кард, ки ин тарҳ роҳро барои равобити беҳтари байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ ҳамвор кунад. Намояндагони ду кишвари Тоҷикистон ва Қирғизистон низ бо пуштибонӣ аз ин тарҳ онро манбаъи билқувваи молӣ ном мебаранд.

Дар нишасти дурӯза, созишҳои тиҷоратӣ, асноди марбут кафолатҳои иҷтимоӣ ва муҳити зист ва ташкили як машварати умумӣ дар охири сол баррасӣ шуданд.

Нишасти омодагӣ ба иҷрои тарҳи CASA -1000 аз тарафи Ожонсии рушди байналмилалии Австралия, вазорати хориҷаи Амрико ва USAID, идораи рушди байналмилалии Британия, Бонки осиёии рушд, Бонки рушди исломӣ ва Бонки ҷаҳонӣ ҳамоҳанг ва сармоягузорӣ шудааст.

Аммо умдатарин мушкиле, ки сабаби то ҳол тӯл кашидани оғози иҷрои тарҳи пуриддаои CASA -1000 шудааст, то ҳол маълум нашудан манбаъи таъмини молии иҷрои он аст. Бонки осиёии рушд соле пеш аломат дод, ки таъмини молии ин тарҳро бар ӯҳда намегирад. Вале нишасти Исломобод ҷонибҳои зидахл, бахусус кишварҳои минтақаро, нисбат ба ояндаи CASA -1000 дигарбора дилгарм мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG