Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо фармондеҳи артиши Покистон


Вазъи амнияти Афғонистон, хатти баландшиддати барқии CASA-1000 ва сохтмони роҳи оҳан, аз мавзуҳои аслии мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Парвиз Ашфоқ Каёнӣ буданд.

Дафтари матуботи президенти Тоҷикистон 30-юми август иттилоъ дод, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар нимаи дуввуми имрӯз Ашраф Парвиз Каёнӣ, фармондеҳи артиши Покистонро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар бахшҳои амнияту мудофиа ва ҳамгироии минтақавии ду кишвар дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳо ба амнияти минтақа баррасӣ шудааст.

Гуфта мешавад, вазъи аминятии Афғонистон яке аз мазуъҳои асосии баҳси ду ҷониб будааст. Дар ин мулоқот ҳамчунин доир ба татбиқи амалии тарҳи минтақавии нақлиёт ва энергетика, аз ҷумла хатти баландшиддати барқии CASA-1000 ва масъалаи пайвастани роҳҳои оҳани Тоҷикистону Покистон аз тариқи Афғонистон сурат гирифтааст.

Генерал Ашфақ Парвиз Каёнӣ, сардори ситоди артиши Покистон рӯзи 28-уми август бо сафари серӯза ба Тоҷикистон омад ва бо роҳбарони низомии Тоҷикистон мулоқот кард.

Ба иттилои масъулини дафтари матбуоти Вазорати мудофеа, генерал Парвиз Ашфоқ Каёнӣ бо вазири мудофеаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ва сардори Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳ генерал-лейтенант Рамил Нодиров вохӯрӣ анҷом дода, ҳамчунин аз қисми низомии нерӯҳои зудамали назди Вазорати дифои Тоҷикистон дидан кардааст.

Коршиносон ҳадафи аслии сафари ин мақоми баландпояи низомии Покистонро ба Тоҷикистон як навъ пешгирӣ аз тавсеаи муносиботи Ҳиндустону Тоҷикистон аз ҷумла дар арсаи низомӣ арзёбӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG