Пайвандҳои дастрасӣ

CASA-1000: Ҳимояти Амрико аз созиши Кобулу Исломобод


Иёлоти Муттаҳида аз созиши Кобулу Исломобод дар масъалаи тарҳи CASA-1000 ҳимоят карда, онро қадами бисёр муҳим барои ҷалби сармоягузорони дигар ба ин тарҳ донистааст.

Амрико аз созиши миёни Кобулу Исломобод дар бораи тарҳи CASA-1000, ки интиқоли барқи Тоҷикистону Қирғизистонро ба Афғонистону Покистон дар назар дорад, истиқбол кардааст. Ҷеннифер Псакӣ, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Амрико гуфтааст, “созишномаи мазкур яке аз дастовардҳои нахустини дипломатии ҳукумати нави ваҳдати миллӣ зери роҳбарии Ашрафғанӣ Аҳмадзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ мебошад.”

Ӯ илова кардааст, “созишномаи нархгузории транзитӣ қадами заруру ниҳоӣ ҷиҳати ба имзо расидани созишномаи хариди барқ буда, донорҳои дигарро барои ширкат дар татбиқи CASA-1000 водор месозад.”

Кобулу Исломобод дар мавриди тарҳи CASA-1000, ки ба хотири интиқоли нерӯи барқи Осиёи Миёна ба Покистон таҳия шудааст, ба созиш расиданд. Бар пояи ин созиш, Афғонистон барои ҳар киловат барқе, ки аз тариқи ин кишвар ба Покистон интиқол меёбад, 1,25 сент ҳаққи транзит мегирад.

Умар Зохилвол, мушовири иқтисодии раисиҷумҳури Афғонистон ва Исҳоқ Дор -- вазири молияи Покистон дар ҷараёни ҷаласаи Бонки ҷаҳонӣ дар Вошингтон рӯзи якшанбе тавофуқномаеро дар ин бора имзо карданд. Амрико ҳам аз имзои ин созиш истиқбол кард. Ҷейн Псакӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида, гуфт, имзои ин созиш аз аввалин дастовардҳои ҳукумати ваҳдати миллӣ дар бахши сиёсати хориҷии Афғонистон аст. Ӯ афзудааст, Вошингтон дар робита ба ин тарҳ бо ҳамаи чаҳор кишвари вориди тарҳи CASA-1000, яъне Тоҷикистон, Қирғизистон, Покистон ва Афғонистон ва бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар тамос хоҳад буд, зеро Амрико барои ҳифзи тааҳудоти дарозмуддаташ дар бахшҳои амният ва суботи Афғонистон ба татбиқи тарҳи CASA-1000 алоқаманд аст.

Шералӣ Ҷонон, сафири Тоҷикистон дар Покистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо имзои созишнома миёни Кобулу Исломобод дар бораи ин тарҳ монеаи охирин дар роҳи татбиқи он аз байн бурда шуд. Ба гуфтаи дипломати тоҷик, акнун Шӯрои байнидавлатие, ки барои татбиқи тарҳ таъсис шудааст, бояд дар мавриди кай шурӯъ шудани корҳо тасмим бигирад. Шералӣ Ҷонон меафзояд, “дар Покистон амалӣ шудани тарҳи CASA-1000-ро бесаброна интизоранд, зеро бо татбиқи он на фақат манотиқи зиёди Покистон чароғон мешавад, балки ҳазорон ҷойҳои кор муҳайё мешаванд, бахшҳои гуногун – саноат, беҳдошт, маориф, мухобирот рушд мекунанд”.

Ба гуфтаи сафири Тоҷикистон дар Исломобод, дар тӯли тарҳи СASA-1000, ки тақрибан 1 ҳазору 200 километрро ташкил медиҳад, на фақат хатҳои баландшиддати барқ, балки роҳу пулҳо низ бунёд хоҳанд шуд. Покистон интизор дорад, аз ин хатти барқ барои баровардани ниёзмандиҳояш 1000 мегаватт нерӯи барқ гирад. Баъд аз бунёди роҳу пулҳо Тоҷикистон ва дигар Осиёи Марказӣ метавонанд аз ин масир ба бандарҳои Қарочӣ ва Гвадари Покистон низ роҳ ёбанд.

Арзиши тарҳи СASA-1000 1 миллиарду 17 миллион доллар ҳисоб шудааст ва дар сармоягузории он Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд ва Оҷонси рушди байналмиллалии Амрико саҳм хоҳанд дошт. Бонки ҷаҳонӣ моҳи марти соли равон эълом дошт, барои татбиқи тарҳ 526 миллион доллар ихтисос медиҳад. Гуфта мешавад, аз ин маблағ 316 миллион доллар ба Афғонистон, 45 миллион доллар ба Тоҷикистон ва 120 миллион доллар ба Қирғизистону Покистон қарз дода мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG