Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва Покистон: Наздикӣ бар пояи ниёзҳои ҳамсон (ВИДЕО)


Дар сафари сарвазири Покистон Навоз Шариф ба Душанбе, ду кишвар бо панҷ санади ҳамкорӣ доираи робитаҳои тарафайнро густариш доданд.

Зимни ин сафари расмии Навоз Шариф, нахуствазири Покистон, ки аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуд, миёни Покистону Тоҷикистон панҷ санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Аз ҷумла ҷонибҳо созишномаи таъсиси гурӯҳи муштараки мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ёддоштҳои тафоҳум дар соҳаҳои таҳсилоти касбӣ, рушди соҳаи нассоҷӣ, ҳамкорӣ байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Исломобод ва байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Департаменти китобхонаҳои Покистон ба имзо расид.

Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми мулоқот дар шарҳи мӯҳтавои сӯҳбатҳояш бо меҳмони покистониаш гуфт, ки тарафҳо ба хотири рушди тиҷорат ва афзоиши гардиши мол миёни ду кишвар ниёз ба имзои созишномаи сеҷониба миёни Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон доранд. Вай афзуд:

«Ҳамчунин зарурати ҳарчӣ зудтар ба Созишномаи чаҳоргонаи Покистон – Чин – Қазоқистон – Қирғизистон пайвастани Тоҷикистон таъкид карда шуд. Дар ин сурат, соҳибкорону тоҷирон ва сайёҳони тоҷик метавонанд бо яке аз роҳҳои наздиктарин ба Покистон бираванд»

Ҳарду президент бар аҳамияти ҳамкориҳо дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, маводи мухаддир, қочоқи аслиҳа ва инсон таъкид карданд. Навоз Шариф дар таъйиди ҳамтои тоҷикаш гуфт, ҷонибҳо дар масъалаи сулҳу суботи Афғонистон назар ва мавқеи муштарак доранд. Сарвазири Покистон Тоҷикистонро наздиктарин ҳамсоякишвараш дар Осиёи Марказӣ хонда, афзуд:
«Ҳар ду кишвар бар ин манфиат доранд, ки тарҳи CASA-1000 дар мӯҳлати муқарраршуда ба анҷом расад. Покистон интизор дорад, ки аз ин хатти барқ барои баровардани ниёзҳои энержиаш 1000 мегаватт барқ гирад. Тоҷикистон дар чорраҳаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ қарор дорад. Мо кӯтоҳтарин роҳро ба Тоҷикистон дорем ва дигар кишварҳои минтақа метавонанд аз ин масир ба бандарҳои мо дар Қарочӣ ва Гвадар даст ёбанд. Дар дурнамо муносибатҳои стратегии Покистону Тоҷикистон маҳз аз ин тақозоҳои табиӣ бар хоҳанд омад»

Покистон дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол як кишвари одӣ нест. Дар оғози ҳукумати Навоз Шариф дар соли 1990 то 1993 Покистон аввалин кишваре буд, ки эълом дошт сохтмони нерӯгоҳи Роғунро сармоягузорӣ мекунад. Он замон Покистон омодагии худро барои додани 500 миллион доллар қарзи бебозгашт барои ин нерӯгоҳ эълом дошт, аммо ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон сохтмони нерӯгоҳро ба даҳсолаҳои дигар қафо партофт ва Покистонро умуман аз ин тарҳ берун кард.

Гардиши мол миёни ду кишвар яксон боло намеравад ё коҳиш намеёбад. Соли 2012 гардиши мол миёни кишварҳо 78 миллион долларро ташкил медод ва дар соли 2013 то 20 миллион поён омад. Аз ин кишвар умдатан семент, мева ва маводи ғизоӣ ба Тоҷикистон ворид мешавад.

Дар расонаҳои Тоҷикистон ҳоло Покистон бештар бо он ёдоварӣ мешавад, ки дар ин кишвар ҷангиёни террористу тундрави тоҷик тарбия ёфта, ба Тоҷикистон меоянд.

Коршиносон то ҷое камрангии муҳтавои сафари расмии Навоз Шариф ба Душанберо низ таъкид карда, мегӯянд, ду кишвар дар минтақа агар дар масоили тиҷоративу иқтисодӣ ду ҳамкори стратегӣ арзёбӣ шаванд, дар масоили сиёсӣ, бавижа қазияи Афғонистон, мавқеи ҳамгун надоранд.
Давлат Усмон
Давлат Усмон
Давлат Усмон, коршинос дар умури минтақа, мегӯяд, Афғонистон барои Покистон аҳамияти хеле ҷиддӣ дорад ва мехоҳад ҳарфи аввалро дар ин кишвар занад, аз ин хотир, бархе нерӯҳо, масалан, Толибонро ҷонибдорӣ мекунад, ки ин ба табъи Тоҷикистон нест:

«Нуктаи дигар ин, ки Покистон дар тасаввури кишварҳои собиқ Шӯравӣ як кишвари содиркунандаи терроризм ва ифротгароӣ аст. Исломобод намехоҳад, ки онро ба ин сурат бубинанд. Аз ин хотир, мекӯшад ин кишварҳоро итминон диҳад, ки воқеият чунин нест, газушта аз ин, худ қурбонии терроризм аст».

Вақте Навоз Шариф дар Тоҷикистон қарор дорад, артиши Покистон аз чанд рӯз ба ин тараф амалиёти густардаеро дар Вазиристони шимолӣ алайҳи Ҳаракати исломии Узбакистон ва гурӯҳҳои ҳамнаво ба он шурӯъ кардааст.

Қабл аз сафараш ба Душанбе сарвазири Покистон аз ҳамтои афғонаш Ҳомид Карзай хоста буд, ки барои ҷилавгирӣ аз фирори ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон ва Таҳрики Толибони Покистон ба хоки Афғонистон кӯмак кунад.
Сафари Навоз Шариф, нахуствазири Покистон ба Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:44 0:00
XS
SM
MD
LG