Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар ҷануби Тоҷикистон барои шустани қолину палос дар канори рӯду ҷӯйборҳо то 800 сомонӣ ҷарима муқаррар кардаанд.

Сокинони Қӯрғонтеппа аз аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ аз шустани қолинҳо ва дигар ҷиҳози хонаашон дар канори рӯду каналҳои ин шаҳр маҳрум шудаанд. Раёсати ҳифзи муҳити зисти маркази маъмурии Хатлон гуфтааст, ҳар нафаре, ки қолинҳояшро на дар ҷойҳои махсус, балки дар канори рӯду каналҳо мешӯяд, ба ҷазои маъмурӣ кашида шуда, аз 300 то 800 сомонӣ ҷарима пардохт хоҳад кард. Барои афроди ҳуқуқӣ ё мансабдор ин ҷарима бештар таъин шудааст. Чунин як амрро шаҳрдории Душанбе соле пеш содир карда буд.

Бахтиёр Ширинов, раҳбари Идораи ҳифзи табиати Қӯрғонтеппа, дар суҳбат бо хабарнигори “Озодӣ” ҳадаф аз ин иқдомро риояи одоби шаҳрдорӣ ва тоза нигоҳ доштани оби рӯду каналҳои обгузар унвон кард. Ба қавли Ширинов, аз аввали моҳ то кунун 26 сокини Қӯрғонтеппа барои қолиншӯӣ ба маблағи 1 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима шудаанд.

Бахтиёр Ширинов

Бахтиёр Ширинов

Ширинов мегӯяд, миёни занҳое, ки ахиран қолиншӯӣ кардаанд, заноне аз хонаводаи мансабдорон низ будаанд. “Гоҳо шаҳрвандонро мегӯем, инҷо шустани қолину палос манъ аст. Онҳо дар ҷавоб мегӯянд, мо огоҳ нестем. Агар онҳо ин корро дубора такрор кунанд, боз бештар ҷарима мешаванд. Ҳатто занони мансабдорон низ ба чунин коре даст мезананд,” - таъкид дошт ӯ.

Аммо иддае аз сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯянд, пеш аз он ки ниҳодҳои давлатӣ амреро содир мекунанд, бояд шароити лозимро барои шаҳрвандон фароҳам созанд. Шаҳодат Қосимова, як сокини маркази вилояти Хатлон, дар ин бора чунин изҳори назар кард: “Ҳукумат бояд аввал шароитро муҳайё созад, баъд шустани қолинро дар назди хонаҳо ва рӯду каналҳо манъ кунад. Вақте қолинро дар дохили хона мешӯӣ, даҳ рӯз хушк намешавад ва аз намӣ касал мешавем. Камбағали бечора қолини қимат надорад, вале ҷарима мекунанд.”

Аз канори шаҳри Кӯрғонтеппа се рӯд -- "Гирди шаҳр", "Ҷӯи Хонум" ва "Чайка" мегузарад, ки баъдан ба дарёи Вахш ҳамроҳ мешаванд. Аҳолии шаҳри Қӯрғонтеппа 70 ҳазору 103 нафар шумурда шудааст. Занон бештар аввали баҳор ва аввали тирамоҳ ё поиз ба истилоҳи худи онҳо “хонабарорӣ” мекунанд ё поккории умдаро дар манзилҳояшон анҷом медиҳанд. Дар шаҳр муассисаҳои хушкшӯии қолину палос вуҷуд надорад ва аҳолии маҳаллӣ маъмулан сару либос ва қолину палоси худро ё дар хона ё дар канори рӯдхонаҳои мешӯянд.

Баъзе истгоҳҳои мошиншӯӣ ҳамчун макони шустушӯи қолинҳо низ истифода мешаванд, вале қолинҳоро мардҳо мешӯянд ва ба ивази хизмати худ аз 30 то 50 сомонӣ (муодили $10-15) талаб мекунанд. Ин ҳам бо назардошти он ки собун ва хокаи қолиншӯиро бояд худи соҳиби қолин таъмин кунад. Занҳо мегӯянд, ин нарх барои онҳо гаронӣ мекунад ва агар соле ду дафъа қолину палосашонро дар канори рӯдхонаҳо бишӯянд, ҳам корашон осон мешаваду ҳам ба кисаашон зиён нахоҳад расид.

Сабоҳат Абдуллоева, як сокини манзили баландошёна дар Қурғонтеппа мегуяд, «бояд дар назди хонаҳои ситиқоматӣ об муҳаё бошад то палосҳои чиринро тамиз кунем, вале раисони хонаҳо иҷоза намедиҳанд. Аввал иҷозат буд, аммо ҳоло мушкил шудааст. »

Масъулони идораи ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон эътироф мекунанд, ки шаҳр дар ин замина барои шаҳрвандон муҳаё накардааст, аммо бо ин ҳам касе ҳақ надорад каналу рӯдхонаҳоро касиф кунад: «Дуруст аст, ки шароит нест, аммо дар канори дарё ва канал қолин мешӯянд ва бо собунобаву хокаҳои дигар оби каналу дарёро олуда месозад, ки барои сиҳати аҳолӣ бехтар нест.”

Ба иттилои масъулони идораи ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон аз аввали сол то кунун 660 нафар ба хотири олуда кардани оби руду канлҳо дар маҷмӯъ маблағи 43 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG