Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Туркманҳои Ҷиликул ба тоҷикдухтарон қолинбофӣ ёд медиҳанд


Туркманҳои ноҳияи Ҷиликули вилояти Хатлон, ки аз гузаштагони худ бофтани беҳтарин қолинҳои дастии туркманиро омӯхта буданд, ин ҳунарро то имрӯз ҳифз карда, дар муҳити хонаводагиашон идома медоданд.

Ҳукумати ноҳияи Ҷиликул бозори гарми қолинбофҳои туркмантаборҳои ин ноҳияро дида, ба онҳо дастур додааст, ки ин ҳунарӣ дастии пурдаромади худро ба занону духтарони тоҷик, ки дар хонаҳо бекор ҳастанд, омӯзонанд ва дар коҳиши бекорӣ дар миёни занону духтарон мусоидат кунанд.

Сулаймон Баротов, як масъули ҳукумати ноҳияи Ҷиликули вилояти Хатлон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қолинҳои турманӣ ба хотири инки дасти бофта мешаванд ва аз пашму пахта ҳастанд, харидорӣ зиёд доранд ва онҳо ба ҳамин хотир кӯшиш мекунанд, ки занону духтарони бекорро ба қолинбофӣ ҷалб кунад.

Ҷаноби Баротов мегӯяд, ки дар марҳилаи аввал 60 нафар занону духтаронро ба давраи семоҳаи қолинбофӣ ҷалб кардаанд, ки ба онҳо шаш зани туркман қолинбофӣ меомӯзонанд ва пушти дари бинои қолинбофҳо шумораи занону духтарони хоҳишманд, барои омӯзиши қолинбофӣ зиёд аст, ки баъзеашон аз дигар навоҳӣ мебошад: “Аз ноҳияи Бохтару Вахш барои омӯзиши қолинбофӣ омадаанд, ки онҳоро қабул мекунем ва мақсадамон боло бардоштани сатҳи пасти зиндагии мардум бо роҳи омӯзиш ва фурӯши қолин ва таъмини занон ба кор мебошад.”

Ба иттилои расмӣ, ҳукумати ноҳияи Ҷиликул барои коргоҳи қолинбофӣ аз Туркманистон бо сарфи 80 ҳазор сомонӣ 14 дастгоҳи қолинбофӣ хурду бузург харидорӣ кардааст.

Саноат Эсенова, зани туркмантабори қолинбоф аст, ки гуфт бо дастгоҳи қадимаи чӯбин дар як моҳ як қолин мебофт ва бо қимати зиёд мефурухт, вале ҳоло ба омӯзонидани занони тоҷик машғул аст. Хонуми Эсенова мегӯяд, ҳарчанд зиёд шудани қолинбофон бозори вайро сард мекунад, дастури ҳукумат ва аз сӯи дигар хоҳиши зиёди занон ӯро маҷбур сохтааст, ки ҳунарашро ба дигарон омӯзад: “Аз қадим қолинбофӣ кори туркманҳо буд, ки кори душвор аст, масалан аз пашми гӯсфанду пахта ресмон омода мекунем ва қолин мебофем, вале мебинам, ки занону духтарон зиёд хоҳиши қолинбоф шуданро доранд, ба онҳо меомӯзонам.”

Туркманҳои Ҷиликул мегӯяд, ки қолине, ки бо пашм ва пахта омода мешавад, харидорӣ зиёд дорад. Масалан қолинҳои дасти бофташудаи ду метраро соҳибкорони турк аз 2000 ҳазор то 2500 сомонӣ харидорӣ мекунанд ва боз бо хоҳиши худашон қолин фармоиш медиҳанд. Қолинбофӣ дар ҷануби Тоҷикистон аз ҳунари туркманҳо мебошад, ки бо гузашти беш аз 300 соли сукунат то ҳол нигоҳ медоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG