Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифои ИМА барномаи мубориза бо ДИИШ-ро пешниҳод кард


Белгия - Вазири дифои ИМА Ҷеймс Маттис ҳангоми сӯҳбат дар конфронси матбуотӣ, дар ҳошияи ҷаласаи вазирони дифои кишварҳои узви НАТО. 16 феврали соли 2017
Белгия - Вазири дифои ИМА Ҷеймс Маттис ҳангоми сӯҳбат дар конфронси матбуотӣ, дар ҳошияи ҷаласаи вазирони дифои кишварҳои узви НАТО. 16 феврали соли 2017

Вазири дифои Ийолоти Муттаҳида Ҷеймс Маттис рӯзи душанбеи 26 феврал барномаи мубориза бо гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ"-ро пешниҳод кард. Ӯ пешниҳод кард, ки нерӯҳои ИМА дар Сурия афзоиш ёбанд ва аз эҳтимоли сармоягузорӣ ба ҷангиёни исломӣ ҷилавгирӣ шавад. Моҳи январ раиси ҷуҳмури ИМА Доналд Трамп аз Пентагон хоста буд, ки барномаи мубориза бо ин гурӯҳҳоро омода кунад.

Оҷонсии Bloomberg қаблан хабар дод, ки Трамп мехоҳад харҷро барои муассисаҳои низомӣ то 54 миллиард афзоиш диҳад. Сармоягузории соҳаҳои дигар аз ин ҳисоб коҳиш хоҳад ёфт. Дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ Трамп қавл дод, ки ба гурӯҳҳои исломӣ "зарбаи фавқулодда" мезанад.

Теъдоди сарбозони амрикоии мустақар дар Сурия ҳудудан панҷсад нафар аст. Таҳлилгарон мегӯянд,ки дар сурати афзоиш ин нерӯ метавонад ба 5 ҳазор сарбоз баробар шавад.

XS
SM
MD
LG