Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, аз моҳи феврали соли ҷорӣ баъзе имтиёзҳое, ки барои воридоти мошин дар кишвар ҷорӣ буданд, лағв мешаванд.

Муовини аввали раиси Хадамоти гумрук Неъматҷон Раҳматов хабар дод, ки бар асоси қарори ҳукумат тартиби соддаву боимтиёзи воридоти мошин барои истифодаи шахсӣ аз моҳи оянда аз байн меравад.
Ин қарор дар моҳи декабри соли гузашта тасвиб шуда, бар асоси он барои воридоти мошин, чӣ барои истифодаи шахсӣ ва чӣ бо ҳадафи тиҷорӣ, яъне барои фурӯш, тартиби ягонаи боҷу андозбандӣ ҷорӣ хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Раҳматов, аз моҳи феврал барои ҳар мошине, ки ба кишвар ворид мешавад, 18 дарсад андоз аз арзиши изофа, 5 дарсад боҷи гумрукӣ ва 10 дарсад андози аксиз хоҳанд ситонд.



Бино ба оморҳо, танҳо дар 11 моҳи соли 2012 ба Тоҷикистон ба маблағи 510 миллион доллар мошин ворид кардаанд, ки назар ба соли қаблӣ 2,2 маротиба бештар будааст. Ин дар ҳолест, ки тибқи муҳосибаҳои соли 2007, Тоҷикистон аз нигоҳи таъмини мардумаш бо мошин дар байни кишварҳои дунё дар мақоми ҳамагӣ 132-юм қарор дошта, ба ҳар 1000 сокини ин кишвар 5 сол пеш ҳамагӣ 38 мошин рост меомад.

Мақомоти Тоҷикистон соли гузашта омори дигареро нашр карданд, ки мегӯяд, дар 10 соли охир ба кишвар чизе дар ҳудуди 270 000 мошин ворид шудааст. Вале бо ин вуҷуд аз нигоҳи шумораи мошинҳо ба сари ҳар 1000 нафар Тоҷикистон аз кишварҳои пешрафтаи дунё, барои мисол, аз Монако, ки ба ҳар 1000 сокинаш 863 мошин рост меояд, хеле ақиб мемонад.

Бисёриҳо дар Тоҷикистон маъмулан мошини худро дар гумрук шахсӣ нишон дода, аз тартиби боимтиёзтари воридоти мошин истифода мебурданд, ки акнун аз ин имкон маҳрум хоҳанд шуд. Тоҷирони мошин мегӯянд, афзоиши боҷу молиёт боиси афзоиши башиддати қимати мошин дар бозори Тоҷикистон хоҳад шуд. Дар бораи паёмадҳои эҳтимолии тартиби нави воридоти мошин ба Тоҷикистон сӯҳбате доштем бо Суннатуллоҳ Саидов, ки тақрибан 10 сол собиқаи воридоти мошин аз Амороти Муттаҳидаи Арабро дорад. Ҷаноби Саидов мегӯяд, дар сурати амалӣ шудан, ин тасмим ҳатман ба нархи мошинҳо дар кишвар таъсир хоҳад гузошт.

Барои мисол, гуфт ӯ, агар дар ҳоли ҳозир "Тойота Прадо"-и нав аз 38 то 44 ҳазор доллар қимат дорад, он вақт ба болояш боз пул зам хоҳад шуд, ки иддае аз харидоронро хоҳад гурезонд. "Ин тасмим бениҳоят таъсири сахт мерасонад ва фурӯши мошинҳо боз ҳам камтару камтар хоҳад шуд",-гуфт ӯ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG