Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ВКД: Таркиш на, танҳо сӯхтор буд


Акс аз маҳалли таркиш

Акс аз маҳалли таркиш

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабари таркидани як мошин дар хиёбони Айнии Душанберо рад мекунад ва мегӯяд, ин мошин оташ гирифтааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шарҳи қазияи баъд аз зӯҳри 16 март дар хиёбони Айнии шаҳри Душанбе навиштааст, ки дар ин хиёбон ягон мошин натаркидааст, балки танҳо оташ гирифтааст.

Дар хабари расмии вазорати корҳои дохилӣ аз ҷумла гуфта мешавад: "Автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», рақами давлатиаш 84-10 СА 01 ТЧ, ки ба ронанда Шарифов Баҳодур, соли таваллудаш 1984, сокини кӯчаи Клара Сеткинаи шаҳри Душанбе тааллуқ дорад, бо сабабҳои риоя накардани бехатарии техникӣ, аз ҳисоби ноқилҳои барқӣ муҳаррики он оташ гирифта, боиси сар задани сӯхтор гардидааст. Дар натиҷа автомашинаи мазкур зарари ночиз гирифта, ягон нафар осеб ва зарари ҷисмонӣ набардоштааст."

Қаблан гузориш шуда буд, ки баъд аз зуҳри 16 март дар назди фурӯшгоҳи нави "Пайкар", воқеъ дар хиёбони Айнӣ, дар рӯбарӯи раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе як мошини тамғаи "Опел" зоҳиран таркидааст. Мақомот билофосила гуфтанд, ки иллати ин қазия зоҳиран фаннист.

Маъмурони пулис ронандаи ин мошинро, ки барои харид вориди фурӯшгоҳи "Пайкар" шуда буд, мавриди пурсиш қарор доданд.

​Баҳодур Шарифов, ронандаи худрави таркида дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки худи ӯ сабаби ин ҳодисаро намедонад: "Мошинро хомӯш карда будам. Вақте корҳо буд карда, омадам, чунин ҳодиса шудааст."

Ҳам мақомот ва ҳам ронандаи "Опел" мегӯянд, ки дар пайи ин ҳодиса касе осеб надидааст ва кормандони сӯхторхомӯшкунӣ зуд ба ҷойи ҳодиса омадаанд.

ВИДЕО АЗ МАҲАЛЛИ ҲОДИСА:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG