Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳхонаи биноҳои баландошёна дар Душанбе, ки дар чанд соли охир ба анбори худсохти сокинон табдил шуда буд, дубора ба ихтиёри мақомот баргардонда мешавад. Мақомот мегӯянд, ба сокинон то моҳи октябр фурсат дода шудааст.

Масъулони шаҳрдории Душанбе ин амрро ба хотири таъмини амнияти сокинон ва бехатарии хизматрасонии коммуналӣ барои сокинони шаҳр унвон мекунанд. Ин аст, ки ба сокинони биноҳои баландошёна ҳушдор дода шудааст, дар зудтарин фурсат, "бору буғчаи" худро аз таҳхонаҳо берун кашанд.

Дар ҳудуди пойтахти Тоҷикистон садҳо бинои истиқоматии баландошёна мавҷуд аст, ки таҳхонаҳояшон ба таври ихтиёрӣ аз ҷониби сокинон ба анбор табдил дода шудааст. ​Заррагул, як сокини маҳаллаи 112-уми Душанбе, аз 44 сол ба ин тараф дар хонаи хурде зиндагӣ мекунад. Вай рӯзи 11 август дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, бо сабаби кам будани ҷой дар манзил, яке аз ҳуҷраҳои таҳхонаи бинои истиқоматиашро ба анбори хусусӣ табдил кардааст.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Ба гуфтаи ӯ, дар давоми зиндагӣ чизу ашёи зиёд ҷамъ мешавад, ки агар ҳар рӯз набошад ҳам, гоҳ-гоҳе зарур мешавад ва ин анбор ба хотири нагаҳ доштани ин мол хизмат мекунад. Вай гуфт, аз тасмими бозпас гирифта шудани анбори хонааш сахт нороҳат аст, чунки ҳама чизу чораашро наметавонад дар хонаи хурд ҷой кунад

Аммо тарафдорони аз тарафи ҳукумат бозпас гирифта шудани анборҳои худсохти хонаҳои истиқоматӣ ҳам кам нестанд. Ин бахши мардум тарафдори риояи тозагӣ ва меъёрҳои бехатарӣ дар табақаҳои зеризаминии манзилҳояшон мебошанд, чунки мегӯянд, солҳои охир бисёр сокинон қоидаҳои оддии зиндагӣ дар хонаҳои баландошёнаро нақз мекунанд. Дар ҳоле ки дар ин қисмати биноҳо васоили хоҷагӣ, мисли қубури обу газ, хатти барқ ва дигар муҳимот ҷойгир мешавад.

Хона аз мардум, таҳхона - аз давлат

Масъулони идораи коммуналиву манзилӣ нигаронии сокинон дар мавриди аз дасташон кашида гирифта шудани таҳхонаҳоро рад мекунанд. Ба таъкиди онҳо, бо хусусӣ шудани хонаҳои биноҳои баландошёна дар солҳои 1990-ум бому таҳхонаҳо ҳамоно моли давлат боқӣ монда ва ҳоло моликияти умумии истиқоматкунандаҳо дониста мешавад.

Дар айни замон, ба гуфтаи масъулон, таҳхонаи биноҳои баландошёна ҷои нигаҳдории анбори сокинон нест, магар ин ки аз рӯи тарҳу нақшаи пешакии сохтмон ин анборҳо махсус бунёд шуда, ҳамроҳ бо манзилҳои зист ба соҳибонашон фурӯхта шуда бошанд.

Қӯтосбӣ Раҳматова, раиси шаҳраки рақами 1 дар ноҳияи Синои пойтахт, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо барои холӣ кардани таҳхонаҳо алакай ба сокинон огоҳнома додаанд. Раҳматова мегӯяд, то моҳи октябр бояд дар биноҳои баландошёнаи шаҳр қубури оби гарм насб шаванд ва ин амр ҳам маҳз ба ҳамин хотир гирифта шудааст.

Калиди таҳхонаро аз куҷо ёбем?

Қӯтосбӣ Раҳматова

Қӯтосбӣ Раҳматова

Ҳамчунин, ба гуфтаи Қутосбӣ Раҳматова, як далели дигари берун кашидани бори сокинон аз таҳхонаҳо, таъмини амнияти онҳо аз сӯхтору ҳодисаҳои нохуш аст: "Барои мисол, сими барқ ба ҳам часпида оташ мегирад ва ё сокинон дар таҳхона захираҳои хӯрок, орду шакарашонро мегузоранд. Ин бинои умумӣ аст ва эҳтимоли кафидани қубурҳои об вуҷуд дорад, ки дар ин ҳолат моли онҳо зарар мебинад, баъд даъво мекунанд."

Ба гуфтаи ин масъули шаҳраки рақами 1-и ноҳияи Сино, бояд таҳхонаҳо холӣ аз ашёи нолозим бошад ва кормандони коммуналӣ дар вақти сар задани ҳодисаи нохуш озодона вориди он шуда корҳои таъмирро анҷом диҳанд. Ҳоло ба таъкиди масъулон, калиди таҳхонаҳо дар дасти сокинон буда, на дар ҳама ҳолат боз кардани дари он ба осонӣ даст медиҳад.

Ҳамзамон, ҳоло бархе аз таҳхонаҳои биноҳои баланошёнаро дидан мумкин аст, ки сокинон онро моли шахсӣ карда, ба макони тиҷорат, варзиш ва сартарошхона табдил додаанд. Аммо мақомоти шаҳрдорӣ мегӯянд, касе ҳангоми фурӯши хонаи худ ҳамзамон ҳаққи фурӯши таҳхонаро надорад. Зеро таҳхона аз рӯи қонунгузорӣ ба асноди хона дохил намешавад ва онҳое, ки даъво мекунанд таҳхона молӣ онҳост, ҳуҷҷати тасдиқкунанда надоранд.

Сокинон дар навбати худ иддао мекунанд, ки бо бастани дари таҳхонаҳо, онҳо то имрӯз намегузоштанд, ки он ба як партовгоҳ табдил ёбад ва тамоми қубуру хатҳои барқ кандаву дуздида шавад ва ҷои зисту хоби афроди бехона гардад.

Дар гузашта мавориди ба макони хоби бомжҳо ё афроди бехонаву дар табдил ёфтани бархе аз таҳхонаҳои биноҳои баландоёшна ба мушоҳида расида буд ва дар баъзе ҳолатҳо ҳатто ҷасади беҷони ин гуна афрод низ пайдо шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG