Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷикстандарт": Ҳисобкунакҳо ба меъёр ҷавобгӯ нестанд


Бинои Оҷонсии "Тоҷикстандарт"
Бинои Оҷонсии "Тоҷикстандарт"

Оҷонсии “Тоҷикстандарт” мегӯяд, соири "счетчик" ё ҳисобкунакҳои насбкардаи “Барқи тоҷик” дар ҷумҳурӣ аз санҷиши ин оҷонсӣ нагузашта ва ба меъёр ҷавобгӯ нестанд.

Бахтиёр Шукуров, раиси Оҷонсии “Тоҷикстандарт” рӯзи 12 январ гуфт, "ҳоло ширкати "Барқи тоҷик" 170 ҳазор ҳисобкунаки электоронӣ дар шаҳри Душанбе, 117 ҳазори дигар дар вилояти Суғд насб кардааст ва ин раванд идома дорад. 20 ҳазор аз ин ҳисобкунакҳои чиниро худи "Барқи тоҷик" ворид кардааст. Ҳамаи 4-5 намуд ҳисобкунакҳое, ки аз қабл насб шудааст, аз назорати идораи “Тоҷикстандарт” нагузаштааст.”

Асал Мастибекова, як сокини шаҳри Душанбе, низ гуфтаҳои раҳбари "Тоҷикстандарт"-ро тасдиқ мекунад.

Ӯ мегӯяд, “ҳисобкунакҳое, ки ахиран васл кардаанд, нисбат ба пешинаҳо масрафи барқро бештар нишон медиҳанд. Бар замми ин, ҳисобкунакҳоро ширкати “Барқи тоҷик” дар таҳхонаи иморатҳои баландошёна якҷоя карда, қуфл задааст ва ҳеҷ кас намедонад, ки чӣ қадар барқ масраф кардааст. Танҳо нозирони барқ санад пешниҳод мекунанд, ки ин миқдор пул пардохт шавад.”

"Барқи тоҷик"
"Барқи тоҷик"
Маҳмадамин Аминов, сардори гурӯҳи иҷрои барномаи кам кардани талафоти барқ аз ширкати "Барқи тоҷик" иддаои Оҷонсии “Тоҷикстандарт”-ро намепазирад. Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ҳисобкунакҳое, ки ахиран дар чаҳорчӯби барномаи кам кардани талафоти барқ аз Чин ворид шудаву дар шаҳри Душанбе насб шудааст, ҳар кадом сертификати байналмилалӣ дорад. Ин ҳисобкунакҳо сертификати байналмилалиро аз як ниҳоди аврупоӣ дарёфт кардааст.”

Вай афзуд, пас аз насби ин ҳисобкунакҳо, ки ба гуфтаи ӯ масрафи барқро дақиқ ҳисоб мекунад, нисбат ба пештара 400 миллион киловатт соат бештар масрафи барқ ҳисоб шудааст.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:07 0:00
Линки мустақим


Ин дар ҳолест, ки аз ҳисобкунакҳои навъи "Dss-666"-и сохти чинӣ дар Тоҷикистон насб шудааст, ки ҳатто сертификати чинӣ надорад ва дар рӯйихати Кумитаи байналмилалии электротехникӣ низ номнавис нашудааст.

Ҷаноби Аминов дар посух ба ин суол, ки ба чӣ далел ҳисобкунакҳо дар таҳхонаҳо насб ва қуфл зада шудааст, гуфт: “Ин масъала ба фаъолияти ман рабт надорад.” Вале кормандони ширкати “Барқи тоҷик” мегӯянд, ин аз ноилоҷист, чаро ки бархе аз шаҳрвандон бо роҳҳои гуногун ҳисобкунакҳоро тағйир дода, барқро медузданд.

Чанд соли ахир ширкати “Барқи тоҷик” масрафи барқро бо ҳисобкунакҳои сохти Русия ва Қирғизистон ҳисоб мекард. дар ду соли ахир бар асоси барномаи коҳиши талафоти нерӯи барқ ҳисобкунакҳои чиниро бо сармояи Бонки Ҷаҳонӣ ворид кардааст, ки мардум аз ин ҳисобкунакҳо норозиянд ва мардум ба ҳисоби масрафи барқи худ дастрасӣ надоранд. Шикояти бештари мардум низ аз ҳамин норӯшании масрафи барқ аст.

Мақомоти Оҷонсии “Тоҷикстандарт” мегӯянд, муштариёни ширкати “Барқи тоҷик”, ки дар шаффофияти пардохти пули нерӯи барқ шак доранд, метавонанд ба додгоҳ муроҷиат кунанд.

Дар мавриди фаъолияти нозирони нерӯи барқ худи ширкати “Барқи тоҷик” низ шак дорад. Ва ба ин далел бо пуштибонии созмонҳои сармоягузор дар ноҳияи Рӯдакӣ барномаи озмоишии насби ҳисобкунакҳои электронии фаъол бо кортҳои электроникии смартро роҳандозӣ карданист, ки ҳар як муштарӣ мисли телефони мобил метавонад миқдори зарурии барқро пешакӣ бихарад ва масраф кунад.

Дар ин сурат, ба гуфтаи коршиносон, ниёзи ширкати “Барқи тоҷик” ба се ҳазор нафар нозири барқ, ки ҳар кадом беш аз 600 сомонӣ моҳона мегирад, аз байн хоҳад рафт ва пардохти пули барқ ба низом хоҳад даромад, ки дар бораи шаффофияти он дигар ҷои баҳс боқӣ намемонад.
XS
SM
MD
LG