Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мехоҳам зинда бимонам" (ВИДЕО)


Ситорамоҳ Мирзохонова, сокини Ховалинг
Ситорамоҳ Мирзохонова, сокини Ховалинг

Ситорамоҳ Мирзохонова, сокини 50-солаи Ховалинг, ба як ҷарроҳии ҷиддӣ омодагӣ мегирад. Табибон ба дарди ӯ, ки худаш онро то як моҳи пеш як дарди одии занона медонист, саратони бачадон ташхис гузоштанд.

Ӯ дар синни ҷавонӣ бо 4 тифл аз шавҳар ҷудо шуда, мисли садҳо зани дигар дар Тоҷикистон умри худро ба тарбияи фарзанд бахшидааст. Ҳарчанд барои худи Ситорамоҳ ин хандаовар аст, аммо пизишкон ба ӯ гуфтаанд як сабаби гирифторияш ба ин беморӣ “аз бешавҳарӣист”.

“Тоҷикони мо ҳамин хеланд, ки баъди ҷудо шуданд, таваккал ба Худо мегӯянд. Кӯдакҳоро худашон тарбия мекунанд. Вале ин хел набудааст, барои шавҳар зан ва барои зан шавҳар даркор будааст. Ман 20 сол аст ҷудо шудаам,” – мегӯяд Ситорамоҳ Мирзохонова, ки ҳоло дар маркази илмии саратоншиносӣ бистарӣ аст. Ӯ рӯзи 14 июн дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, зери бори ташвишҳои рӯзгор бо вуҷуди эҳсоси дард солҳои зиёд барои муоина ба духтур нарафтааст.

"Ҷанг"-и занони тоҷик бо саратон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:22 0:00

Номуътадилӣ дар ҳаёти маҳрамона, таваллуди кам, безурётӣ, таваллуди аз меъёр зиёд, фишору камбизоатӣ ва вайроншавии кори ҳормонҳоро табибони тоҷик аз омилҳои аслии гирифторӣ ба саратони ғадудҳои ширӣ ва гарданаи бачадон медонанд. Беморие, ки дар ин авохир ҷаҳон ва Тоҷикистонро ҳам ба ташвиш овардааст.

Порлумони Тоҷикистон ахиран аз вазъи афзоиши саратон миёни занон изҳори нигаронӣ кард. Дар муҳокимаи порлумоние дар ин мавзӯъ таъкид шудааст, ки дар даҳсолаи ахир дар Тоҷикистон ҳам омоси бадсифат миёни занон тамоюли босуръати афзоишро дорад.

Пажӯҳишҳо дар ду соли пеш муайян кардааст, ки сари ҳар 100 ҳазор зан дар кишвар 7,3 ҳолати гирифторшавӣ ба саратони гарданаи бачадон ва 5,5 ҳолати саратони сина рост меояд. Ин омор ҳам ба фарқ аз солҳои 2005 то 2013 ба маротиб бештар будааст. Пизишкон далели густариши омоси бадсифат дар занонро дар беттаваҷҷӯҳии онҳо ба сиҳатии худ ва канораҷӯӣ аз табибон медонанд.

Маркази илмии саратоншиносӣ
Маркази илмии саратоншиносӣ

Наргис Ғайратова, корманди шӯъбаи Мамологӣ дар Маркази илмии саратоншиносӣ гуфт, “барои мисол, занҳое, ки бемориҳои музмини занона ва ё ғадуди ширӣ ба монанди мастит доранд, ба духтур муроҷиат накарда худсарона табобат мекунанд ва ба ин беморӣ мерасонанд. Хусусан занҳо дар ноҳияҳои дурдаст, ки аз ин беморӣ дарак надоранд, аҳамият намедиҳанд.”

Ба таъкиди табибон, ҳамасола беш аз 60 дарсади занон дар марҳилаҳои севум ва чоруми ин ду навъи саратон ба духтур муроҷиат мекунанд, марҳилае, ки табобаташ дигар на ҳамеша муваффақ хоҳад буд. Аммо Зулфия Қурбонова, омӯзгор аз ноҳияи Ҳисор, ки тоза ҷарроҳии ғадуди сина шуда, ду марҳилаи кимиёдармониро ҳам пушти сар кардааст, мегӯяд, ба далели набудани дард хеле дер аз бемории худ огоҳ шуд.

Гуфта мешавад бо вуҷуди пешрафт дар илми тиб ва имконоти беҳтар барои табобат, 20 дар сад аз занони муоинашуда дар як сол аз ин бемориҳо мефавтанд. Табибон ҳамчунин аз ҷавоншавии бемории саратони сина ва бачадон миёни занон нигаронӣ мекунанд.

Табибон ҳоло ба Ситорамоҳ, ки натавонистааст дар марҳилаҳои аввали бемориаш ба духтур муроҷиат кунад, умед мебахшанд, ки ҷарроҳӣ хуб хоҳад гузашт. Худи ӯ алакай ба фарзандонаш васият кардааст ва зиёд мехоҳад, ки ягона писарашро оиладор карда, дар тӯйи ӯ иштирок кунад. Ситорамоҳ Мирзохонова мегӯяд, “гиря кардам, ки умеди зинда мондан нест. Ба фарзандон гуфтам, таввакалатон ба Худо. Се духтарам оиладор ва ба зиндагии худанд, мехоҳам ягона писарамро оиладор кунам ва дубора ба кор дар мактаб баргардам, бо дугонаҳоям чақ-чақ кунам. Мехоҳам, ки зинда бимонам.”

Бино ба пажӯҳишҳо то соли 2020 ба сари ҳар 100 ҳазор нафар дар кишвар аз 13 то 15 ҳолатигирифторӣ ба саратони ғадуди ширӣ ё бачадон рост хоҳад омад.

XS
SM
MD
LG