Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз сил тарсем ё натарсем?


Бемории сил зиндагиву озодии инсонҳоро якбора ба ҳам зада, тамғаи “силкасал”-ро то охири умр ба пойи инсонҳо мебандад.

Дарду ранҷҳои беморӣ ва рангу рӯи коҳидаву сулфаҳои пайдарҳам аз як сӯ ва канорагирии мардум аз сӯи дигар, маризони гирифтори силро азият медиҳад.
Соли гузашта ҳудуди 450 нафар гирифтори ин беморӣ даргузаштаанд ва ҳудуди 6 ҳазор бемори нав ба қайд гирифта шуданд, ки 18 дарсадашон муҳоҷирони меҳнатӣ будаанд...


Аммо солҳои ахир бинобар таҷрибаҳои талхи касалдорӣ, бахши умдаи мардум дар Тоҷикистон дар баробари беморони сил таҳаммулпазир шудаанд.

Силшиносон, як иллати аслии густариши сил дар ҷомеаи Тоҷикистонро маҳз дар мавҷудияти тарсу ҳарос аз сил ва дар инзивоъ қарор додани маризон мебинанд.

Муттахасисон мегӯянд, сил бемории хатарнок аст, аммо табобатшаванда буда, шиддати сирояти он аз бемории зуком камтар аст. Табибон мегӯянд, ки танҳо даҳ дарсади нафарони сироятёфта, ҳангоми паст шудани масуният ва ё сифати зиндагиашон ба сил гирфитор мешаванд.

Бар асоси иттилои Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо сил, феълан дар Тоҷикистон ҳудуди 14 ҳазор нафар аз бемории сил ранҷ мебаранд, ки аксари онҳо аз 15 то 45 сол дошта, беш аз 350 нафарашон зиндониянд.

Соли гузашта ҳудуди 450 нафар гирифтори ин беморӣ даргузаштаанд ва ҳудуди 6 ҳазор бемори нав ба қайд гирифта шуданд, ки 18 дарсадашон муҳоҷирони меҳнатӣ будаанд.

Табибон силро бемории иҷтимоӣ ном мебаранд ва мегӯянд, сил хоси давлатҳои камбизоатест, ки дар танҳоӣ тавони мубориза бо ин мушкилро надоранд.

Аз ин рӯ, нақши созмонҳои байнулмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи мубориза бо сил дар Тоҷикистон муассир арзёбӣ мешавад. Барои мисол, Бунёди глобалӣ барои мубориза бо ин беморӣ дар Тоҷикистон дар панҷ соли оянда, 31 миллион доллар ихтисос додааст.

Аммо дар ҳамин ҳол, силшиносон мегӯянд, ки танҳо бо маблағгузорӣ, табобат ва ташхисӣ сил, наметавон ин мушкилро аз ҷомеаи Тоҷикистон пурра решакан кард. Бояд мақомоти зиддахл барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва маърифати онҳо оид ба ин беморӣ, барномаҳои зиёдро роҳандозӣ кунад.

ТАФСИЛОТРО ДАР ИН НАВОРИ ВИДЕО БУБИНЕД:


Аз сил тарсем ё натарсем?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:28 0:00
XS
SM
MD
LG