Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти шаш ҷонибдори ДИИШ дар Қафқози Шимолӣ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Русия мегӯянд, ки шаш нафарро бо гумони робита бо гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" дар Қафқози Шимолӣ боздошт карданд.

Хадамоти амнияти Русия дар минтақаи Карачево-Черкесия рӯзи 20 октябр гуфт, ин шаш нафар баъди он боздошт шуданд, ки муфаттишон аз хонаи онҳо силоҳи оташфишон, тир, либоси низомӣ ва маводи тарканда мусодира карданд.

Мақомот мегӯянд, онҳо ҳамчунин навореро дастрас карданд, ки дар он гумонбаршудаҳо ба гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" байъат мекарданд.

Боздоштшудаҳо, ки ҳамчун сокинони Карачево-Черкесия, Доғистон ва Ставропол муаррифӣ шудаанд, дар ростои иттиҳоми терроризм қарор доранд.

Мақомоти Русия мегӯянд, ки дастикам панҷ ҳазор шаҳрванди Русия ва кишварҳои собиқ Шӯравӣ ба Сурияву Ироқ сафар карда бо гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" ҳамоиш ёфтаанд.

XS
SM
MD
LG