Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Насби дастгоҳи ташхиси маводи тарканда дар масҷиди марказии Душанбе (ВИДЕО)


Масҷиди марказии Душанбе
Масҷиди марказии Душанбе

Намозгузорон дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе дар оянда аз дохили дастгоҳҳое мегузаранд, ки мавҷудияти абзорҳои тарканда ба мисли бомбаро нишон медиҳанд. Дастгоҳҳои кашфи ҷисмҳои металлиро, ки ба масҷиди Ҳоҷӣ Яъқуб овардаанд, ба зудӣ дар даромадгоҳи масҷид насб карда мешаванд.

Тақвияти тадобири амниятӣ дар масҷиди марказии Душанбе бо як қарори ҳукумати пойтахт сурат мегирад, ки чанде пеш имзо шуд. Ҳукумати шаҳри Душанбе гуфт, ин тасмим дар асоси қонуни зидди терроризм гирифта шуда, танҳо шомили масҷиди марказӣ намешавад. Дар ин қарор гуфта шудааст, ҳадаф аз қарор "таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон дар масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта аст."

Гузориши видеоӣ инҷост:

Насби камераҳои назорати доимӣ дар масҷиди марказии Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:09 0:00

Ҷамолиддин Хомӯшӣ, раҳбари шӯъбаи фатвои Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон, рӯзи 10 октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "албатта, баъди гирифтани чунин дарвоза ва насби онҳо, аз тарафи мақомот ё ки аз тарафи худи коркунони масоҷид назора мекунанд ва истифода мекунанд."

Ба ғайр аз дарвозаҳо, дар масҷиди Ҳоҷӣ Яъқуб камераҳои иловагие насб мекунанд, ки равуои мардум ва ҳаргуна ҳаракат дар онро 24 соат дар шабонарӯз зери назорат мегирад. Баъзе аз мардум насби камераҳои назорати доимӣ дар масҷидро нақзи ҳуқуқи динии мардум ва назорати ҳар қадами шахсони диндор меноманд.

Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Ҷамолиддин Хомӯшӣ

Вале мақомот ва намояндагони Шӯрои уламо мегӯянд, тақвияти тадобири амниятӣ, барои таъмини амнияти намозгузорон аст. Ҷамолиддин Хомӯшӣ гуфт, “маълум аст, ки ҳар як кишвар ва ҳар як мардум барои амнияти худ аз тамоми чораҳо истифода мекунад. Инчунин дар кишвари азизи мо Тоҷикистон чунин асбобҳо вазъ карда шудааст, ба хотири амнияти кишвар аст ва хусусан дар масоҷид. Илова бар ин камераҳое ҳастанд, ки навор мегиранд ва сабт мекунанд.»

Давлати Тоҷикистон пайваста аз хатари афзояндаи гурӯҳи «Давлати исломӣ» ва дигар созмонҳои тундрав ба кишвар ҳушдор дода ва гуфтааст, ки то кунун аз даҳҳо амали террористӣ ва бахусус бомбгузорӣ пешгирӣ кардааст. Дар масҷиди марказии Душанбе, ки ҳар моҳ ҳазорон нафар барои ибодат мераванд, ба гуфтаи мақомот, то кунун ҳеҷ гуна талоши ба ҳам задани амният сабт нашудааст.

XS
SM
MD
LG