Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чаро қудратиҳо ва кормандони дастгоҳу парлумон ба аскарӣ намераванд?


Намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ҷалб нашудани кормандони ниҳодҳои қудратӣ ва парлумону дастгоҳи иҷроияи президент ба артишро нобаробарӣ дар ҷомеа медонанд. Аммо мақомот мегӯянд, ки...

Ба артиш ҷалб нашудани кормандони парлумон, кормандони мақомоти қудратӣ ва дастгоҳи иҷроияи президенти кишварро намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ унсури беадолатӣ ва мояи нобаробарӣ дар ҷомеа медонанд. Аммо намояндагони вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯянд, ба хотири ҷалби кормандони сохторҳои қудратӣ ва хизматчиёни давлатӣ ба сафи артиш як қонун пурра нав ва 8 қонуни дигар тағйиру такмил хоҳанд дид.

Музаффар Бобоҷонов, раиси созмони ҷамъиятии “Иттифоқи волидайни сарбозон”, ки ба лоиҳаи тағийру илова ба Қонун «Дар бораи ӯҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» беш аз 50 пешниҳод ирсол кардаст, мегӯяд, қонуни амалкунанда дар ҳоле ба кормандони додгоҳ, додситонӣ, Оҷонсии мубориза зидди фасод, Оҷонсии мубориза бар гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, Хадамоти гумрук ва дастгоҳи иҷроияи президент имтиёз додааст, ки баръакс онҳо бояд қабл аз ҳама дар сафи артиш хидмат кунанд.

Ӯ мегӯяд, лоиҳаи қонуни мазкур, ки ба тозагӣ аз ҷониби вазорати адлия барои баҳсу баррасӣ пешниҳод шудааст, на танҳо аз ин ҳолат қатъи назар кардааст, балки чунин имтиёзеро фароҳам овардааст, ки мутобиқи он ҳар нафаре, ки 18 моҳ дар чунин ниҳодҳо кор кунад, хидмати ҳарбиаш анҷомшуда ба ҳисоб хоҳад рафт:

“Дар қонуни амалкунанда чунин аст, ки дар сурати аз кор баромадан агар синнаш аз хидмати ҳарбӣ нагузашта бошад, он ҳатман ба сафи артиш ҷалб мешавад. Ҳоло дар лоиҳа ин комилан дигар аст ва чунин афродро муваққатан не, балки пурра аз хидмат озод мекунанд. Фикр

мекунам, ки ба ғайри кормандони милиса, бояд кормандони ниҳодҳои дигар ҳатман ба хидмат ҷалб карда шаванд ва имтиёзҳояшон аз байн бурда шавад. Ҳоло баръакс, агар ин лоиҳа ба ҳамин шакл қабул шавад, кор дар ин мақомот ба хизмати ҳарбӣ баробар мешавад.”

Лоиҳаи Қонун «Дар бораи ӯҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» чанд моҳ боз дар сомонаи расмии вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шуда, таҳиякунандагони он аз шаҳрвандон хостаанд, андеша ва пешниҳоди худро дар ин замина ирсол доранд. Ҷонибек Холиқзода, сардори Сарраёсати қонунгузории вазорати адлия ба Радиои Озодӣ гуфт, ин танҳо як лоиҳаи қонун аст ва баъд аз дарёфти пешниҳоди сокинон ва созмонҳои ҷамъиятӣ, он ба ҳукумат ва парлумон фиристода хоҳад шуд. Холиқзода мегӯяд, фарқи аслии ин лоиҳа дар он аст, ки мӯҳлати хидмати ҳарбӣ аз ду то якуним сол кам мешавад ва ҳамчунин имтиёзи кормандони бархе аз ниҳодҳо аз байн меравад.

Вай афзуд: “Ин лоиҳаи маҷмӯӣ ҳаст ва на танҳо ба қонуни мазкур, балки ба дигар қонунҳо низ тағйир пешниҳод шудааст. Мақсади дигараш, аз ҷумла, дар назар гирифта шудааст, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти хизмати давлатӣ танҳо пас аз анҷоми ӯҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ шаҳрвандон ба кор қабул карда шаванд. Ин фикри таҳиягарон аст ва то кадом дараҷа дастгирӣ меёбад, чизе гуфта наметавонам. Мо кӯшиш карда истодаем, ки дар қонунҳои соҳавӣ низ тағийр ворид карда шавад. Аллакай, 8 лоиҳаи тағийру иловаҳо ба қонунҳои соҳавӣ низ пешниҳод шудааст.”

Фаридун Маҳмадалиев

Фаридун Маҳмадалиев

Дар маъракаҳои даъват ба артиш аксаран чунин баҳсҳо авҷ мегирад, ки танҳо ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ афроди нодору бекор ҷалб мешаванд. Дар ҳамин ҳол, Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ аз рӯи қонун ба роҳ монда мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, Қонуни амалкунанда «Дар бораи ӯҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» кормандони сохторҳои қудратӣ ва хизматчиёни давлатиро дар баробари маъюбон, яккаписарон, афроде, ки наздиконашон ҳангоми хидмати ҳарбӣ фавтидаанд ва ҷавононе, ки таъминоти хонаводаро бар дӯш доранд, аз хидмати ҳарбӣ озоданд.

Ӯ мегӯяд: “Дар моддаи 20 ва 21 «Дар бораи ӯҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ин имтиёзҳо ҷой дорад. Ҳатто донишҷӯёни бахшҳои рӯзонаи донишгоҳҳо, ки бори аввал таҳсил мекунанд, аспирантон ва номзадони илм низ аз хидмати ҳарбӣ озоданд. Мо бар асоси ин қонун даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳро ба роҳ мондаем ва агар ҳар тағийру иловаҳо дар қонун ворид шаваду онро парлумон қабул кунад, мо бар асоси он амал хоҳем кард”.

Дар Тоҷикистон дар ду мавсим - баҳор ва тирамоҳ ҷавонони зери сини 18 то 27 ба сафи артиш даъват мешаванд. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҳам аз 1-уми апрел барои даъвати ҷавонон ба сафи артиш фармон содир кард.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG