Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тарҳе зидди номҳои нолоиқ ва "тура"-ву "мулло"-ю "хӯҷа"


Вазорати адлия пешниҳод кардааст, ки гузоштани номҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, номи ашё, маҳсулот, ҳайвонот ва паррандагон, инчунин номҳое, ки шаъну шарафи инсонро паст мезанад ва одамонро ба табақаҳои ҷудо менамояд, манъ шавад.

Вазорати адлияи Тоҷикистон бо пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба Қонуни сабти аҳволи шаҳрвандон”, мехоҳад, номгузории афродро дар кишвар ба танзим орад. Бино бар тарҳи пешниҳодии ин ниҳод гузоштани номҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, номи ашё, маҳсулот, ҳайвонот ва паррандагон, инчунин номҳое, ки шаъну шарафи инсонро паст мезанад ва одамонро ба табақаҳои ҷудо менамояд, манъ шавад. Ҳамчунин дар ин тарҳ гуфта шудааст, ки "ба номи шахс ҳамроҳ кардани тахаллусҳои "мулло", "халифа", “тура”, ”хӯҷа”, "хоҷа", “шайх”, "валӣ", "охун", "амир", сӯфӣ" ва ба инҳо монанд, ки боиси тафриқаандозии одамон мегардад," манъ гардад.

Ин дар ҳолест, ки садҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон номҳои ашё, маҳсулот, ҳайвонот ва паррандагонро дошта, ҳазорон нафар дар таркиби ном ва номҳои хонаводагии худ замимаҳое чун "мулло", "тура", "сӯфӣ" ва "хоҷа" доранд. Гумон меравад, ин иловаҳо баёнгари мансубияти шахс ба табақаҳои муайяни аҳолист.

Як манбаъ аз Вазорати адлияи Тоҷикистон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, рӯзи 13 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, тарҳи пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба моддаи 20-и қонун “Дар бораи ба қайдгирии давлатии асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ” ба вазорату идораҳои кишвар фиристода шудааст ва тибқи он, “тахаллус”-ҳо ё худ пасвандҳое ба мисли “тура”, “халифа,”мулло”,”хӯҷа”, “шайх” ва монанд ба инҳоро, ки дар вақти номгузорӣ изофа карда мешаванд, манъ кардааст.

Вазорати адлияи Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки тибқи моддаи 20 (Номи шахс ва сабти насаб, ном ва номи падар) “ба кӯдакон гузоштани номҳои ба фарҳанги миллӣ тоҷикӣ бегона, номи ашё, маҳсулот, ҳайвонот ва паррандагон, инчунин ном ва ибораҳои таҳқиромез, ки шаъну шарафи инсонро паст мезанад ва одамонро ба табақаҳои ҷудо менамояд, манъ аст. Ба номи шахс ҳамроҳ кардани тахаллусҳои “тура”, “халифа, ”мулло”, ”хӯҷа”, “шайх”, “валӣ”,”охун”, ”амир”, ”сӯфӣ” ва ба инҳо монанд, ки боиси тафриқаандозии одамон мегарданд, манъ аст.”

Дар ин тарҳи пешниҳодӣ аз ҷумла омадааст, ки "номи падар бо иловаи пасвандҳои ташаккулдиҳанда ва ё бе иловаи пасванд, ташаккул меёбад. Пасвандҳои ташаккулдиҳандаи номи падар инҳоянд: -зод, -зода, ёр, ниё, фар."

Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, тарҳи тағйиру иловаҳо ба моддаи 20 и Қонун “дар бораи ба қайдгирии давлатии асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ” аз ҷумла ба вазорати фарҳанг, фазорати маъориф ва илм, Додситонии кул, Академияи илмҳо, Кумитаи дин, Оҷонсии зидди коррупсия ва ба дигар ниҳодҳо барои дарёфти назару пешниҳоди онҳо фристода шудааст. Дар сурати такмил ёфтанаш он барои баррасӣ ба Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон пешниҳод хоҳад шуд.

Пешниҳоди манъи ҳамроҳ кардани тахаллус ё пасвандҳое, чун “тура”, “”халифа, ”мулло”, ”хӯҷа”, “шайх”, ки ҳини номгузорӣ дар ҳолест, ки аз чанд сол ба ин тараф дар ҷомеаи Тоҷикистон баҳсҳо сари номгузории кӯдакон идома дорад. Тибқи иттилои мақомоти идораҳои сабти асноди шаҳрвандии кишвар, номгузории навзодон дар Тоҷикистон баёнгари он аст, ки ҳоло дар бисёре аз ҳолатҳо шаҳрвандони ба номҳои арабӣ бартарӣ медиҳанд.

XS
SM
MD
LG