Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гурӯҳе аз фаъолони иҷтимоии Тоҷикистон созишномаи пойгоҳи низомии Русияро мухолиф бо манофеи миллии кишвар медонанд.

Гурӯҳе аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоии интернет дар Тоҷикистон аз Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон даъват карданд, ки ба тасвиби Созишнома оид ба мақом ва шарити ҳузури пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон роҳ надиҳанд.


Гурӯҳе, ки худро дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук чун “ҷавонони Тоҷикистон” муаррифӣ кардааст, бо пахши изҳороте рӯзи 10 октябр аз имзои «Созишномаи шароит ва мақоми пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон» изҳори нигаронӣ карда таъкид кардааст, ки ҳузури давомдори сарбозони Русия то соли 2042 ба манфиати милии мардуми Тоҷикистон нахоҳад буд.


Онҳо дар ин муроҷиатномаи худ бо нигаронии амиқ зикр мекунанд, ки як қатор санадҳое, ки дар ҷараёни сафари Путин ба Тоҷикистон ба имзо расидаанд, манофеи милии ин кишварро ифода намекунанд.

Гуруҳи ҷавонони тоҷик дар муроҷиатномаи худ Созишномаи мақом ва шароити ҳузури пойгоҳи Русияро маҳкум карда, аз вакилони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ ба унвони намояндагони интихобии мардум ва аз фаъолону лидерони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон даъват кардаанд, ки ба тасвиби созишномаи мазкур роҳ надиҳанд.

Дар муроҷиатнома гуфта мешавад, ки борҳо сокинони минтақаи Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа дар матбуот изҳор доштаанд, ки хостори аз қаламрави шаҳр хориҷ кардани сарбозони Русия ҳастанд ва вуҷуди онҳо дар манотиқи сераҳолӣ ба манфиати мардум намебошад.

Ба таъкиди ин муроҷиатнома ҳамчунин сандае, ки дар масъалаи буду боши муҷоҳирони корӣ дар Русия ба имзо расидааст, ба манфиати фаъолияти кории шаҳрвандони Тоҷикистон намебошад. Ҳазорҳо муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар шароти номатлуби беқонунӣ ва фасод миллионҳо маблағҳои худро барои раҳоӣ аз милиса ва идораҳои бақайдгирӣ дар ин кишвар ҳамчун «халоспулӣ» мегузоранд, омадааст дар ин муроҷиатнома.

Муаллифони ин матн мегӯянд, ки бояд санадҳо бо назардошти манофеи комили ҳар ду кишвар ва ба хотири рушди муносибати дӯстонаи мардуми тоҷику рус баста шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG