Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷустуҷӯи муттаҳами охирини куштори дастҷамъӣ дар Амрико


Пулис гуфт, ки дар як ҳодисаи куштори дастҷамъие, ки дар ҷануби Калифорния рух дод, ба камияш 14 нафар кушта ва 17 нафар захмӣ шуданд.

Пулиси Амрико гуфт, ки дар як ҳодисаи куштори дастҷамъие, ки дар ҷануби Калифорния рух дод, ба камияш 14 нафар кушта ва 17 нафар захмӣ шуданд.

Ҳамлагарон, ки эҳтимол се нафар будаанд, тахминан соатҳои 11-и рӯзи 2 декабр вориди як маркази хадамоти иҷтимоӣ дар шаҳраки Сан Бернардинйо, воқеъ дар шарқи Лос-Анҷелес шуда, ба ҷониби мардум оташ кушодаанд. Шоҳидон мегӯянд, ҳамлагарон бо силоҳи зиёд мусаллаҳ буданд. Баъд аз тирандозӣ ба тарафи мардум, ҳамлагарон савори мошин шуда, фирор кардаанд. Вале полисе, ки ба таъқиби онҳо пардохт, ду нафар аз ҳамлагаронро ба қатл расонд. Инҳо як зан ва як мард буданд.

Дар навори телевизионӣ яке аз муттаҳамонро дар ҳолати беҷонӣ дар назди мошине намоиш доданд, ки танаш тирхӯрда буд. Додарарӯси яке аз муттаҳамон гуфт, ки аз шунидани хабари даст доштани хешаш дар ҳодисаи куштори ҷамъӣ ҳайратзада шуд.

Фараҳхон, ки бо хоҳари Сайёд Фаррух издивоҷ кардааст, дар сӯҳбат бо журналистон дар Шӯрои равобити амрикоиву исломӣ гуфт, бори охир бо домоди хонадон тахминан як ҳафта пеш сӯҳбат карда буд. Вай гуфт, аслан тасаввур намекард, ки ӯ дар фикри чунин як коре бошад. “Ман худам шок шудам”, -- афзуд ӯ. Пулис гуфт, ки дар маҳалли куштор як маводи таркандаро пайдо кардааст ва ин мавод аз ҷониби робот хунсо карда шуд.

Пулис ҳоло муттаҳами сеюми ин кушторро дар ба дару хона ба хона ҷустуҷӯ дорад. Ҷустуҷӯҳо асосан дар маҳаллаи Редланди Калифорния идома дорад, чунки эҳтимол дар ин минтақа гумонбари сеюм панаҳ бурдааст. Ба тафтишот ходимони Бюрои федеролии тафтишот ҳам ҳамроҳ шудаанд ва онҳо алакай гуфтаанд, ки шояд ин ҳодиса чун терроризми байналмилалӣ ва ё дохилӣ арзёбӣ шавад. Ҳанӯз маълум нест, ки сабаби ҳамла чӣ будааст.

Раиси пулиси шаҳраки Сан Бернардинйо Ҷаррод Бургуан гуфт, ки ҳамлагарон “мусаллаҳ ва барои ин куштор комилан омода буданд”.

Хадамоти иҷтимоие, ки ҳамла дар дохили он сурат гирифт, макони кор бо афроди маъюб аст ва дар соате, ки тирандозӣ сурат гирифт, дар дохили он коргар ва муштариёни зиёде ҳузур доштанд. Аксари кушташудаҳо кормандони иҷтимоӣ буданд, ки дар дохили як маҷлисгоҳ қарор доштанд ва ин толор аз назари амниятӣ камтар ҳифозат мешуд. Сан Бернардинйо як шаҳраки иборат аз 214 ҳазор ҷамъият буда, дар 100-километрии шарқи Лос-Анҷелес ҷойгир аст.

Президент Барак Обама, ки ҳодисаи ахирро ҳамчун як намунаи дигари кушторҳои ҷамъӣ интиқод кард, дубора аз Конресс даъват ба амал овард, ки қонунгузорӣ назорати истифодаи силоҳро шадидтар кунад. Обама гуфт, ки намунаи кушторҳои ҷамъие, ки дар ИМА мушоҳида мешавад, дар ҳеҷ як кишвари ҷаҳон дида намешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG