Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар нишасти Қоҳира Тоҷикистонро Ҳ.Зарифӣ намояндагӣ мекунад


Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон.

Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон.

Тоҷикистонро дар дувоздаҳумин нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ, Ҳамроҳхон Зарифӣ намояндагӣ менамояд.

Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 5-уми феврал ба «Озодӣ» гуфт, ки Ҳамроҳхон Зарифӣ ҷиҳати ширкат дар нишасти 12-умини сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Исломӣ, ба Қоҳира рафт.

Ин нишаст рӯзҳои 6-7-уми феврал ба номи «Ҷаҳони ислом, чолишҳои тоза ва имкониятҳои фазоянда», дар пойтахти Миср шаҳри Қоҳира баргузор мешавад.Тибқи иттилои расонаҳо, мақомоти Миср эълон кардаанд, ки 26 тан аз сарони 57 кишвари узви ин созмон дар нишасти Қоҳира ширкат хоҳанд кард.

Дар назар аст, ки Ҳамроҳхон Зарифӣ дар ин нишаст роҷеъ ба барномаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои узви ин созмон суханронӣ кунад.

Қарор аст дар ин нишаст масъалаи Фаластин ва идомаи бунёди шаҳрҳои яҳудининишин дар сарзаминҳои ишғолӣ, бӯҳрони Сурия, Молӣ, Сомалия, Афғонистон, мубориза бо тундравӣ ва исломситезӣ, мавриди баррасӣ қарор бигирад. Масъалаи ақалиятҳои мусалмон дар ҷаҳон, аз мавзӯъҳои дигари ин нишаст хоҳад буд.

Ҳамчунин дар ин нишаст масъалаи пешбарии номзад ба мақоми дабири кулли Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ баррасӣ мешавад. Акмалиддин Эҳсоноғлу, ки дар ҳоли ҳозир дар ин мақом ифои вазифа менамояд, дар поёни соли ҷорӣ ба маъмурияти худ поён медиҳад.

Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ мӯътабартарин созмони ҷаҳони ислом аст ва дар ҳоли ҳозир 57 кишвари мусалмонии дунёро муттаҳид мекунад. Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 1992 ба узвияти ин созмон пайваст.


Ҳузури раҳбари Эрон дар нишасти Қоҳира


Қарор аст дар нишасти Созмони ҳамкориҳои исломӣ дар Қоҳира барои нахустин бор раҳбари Эрон ҳам иштирок кунад.

Президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар чаҳорчӯби як сафари расмӣ ба Қоҳира рафт. Ин нахустин сафари як раҳбари баландпояи Ҷумҳурии Исломӣ ба Миср дар беш аз 30 соли охир аст.

Тибқи гузоришҳо, раҳбари як давлати исломие, ки аксари сокинонаш шиамазҳаб мебошанд, қарор аст бо рӯҳонии баландпояи Миср, шайх Аҳмад-ат-Тайиб аз донишгоҳи Ал-Азҳар мулоқот ва гуфтугӯ кунад.

Баъди дар оғози соли 2011 аз қудрат барканор шудани раҳбари Миср Ҳусни Муборак Эрон талош дорад равобиташро бо Қоҳира беҳбуд бахшад. Равобити миёни ду давлати минтақа баъди инқилоби исломии соли 1979-и Эрон қатъ шуд. Моҳи августи соли гузашта президенти Миср Муҳаммад Мурсӣ, ки аз ҷониби «Ихвон-ул-Муслимин» - ҳизби сиёсии суннимазҳаб пуштибонӣ мешавад, аз Теҳрон дидан кард. Ӯ дар нишасти Ҷумбиши кишварҳои ҳамроҳношуда иштирок кард.

Эрон пирӯзии Мурсиро дар интихоботи моҳи июни соли 2012-ро ба унвони оғози як марҳилаи нави «бедории Ислом» дар Ховари Миёна истиқбол кард. Вале ҳамзамон таъкид мешавад, ки ин ду кишвар бар сари мушкили ҷанги дохилии Сурия ихтилофи назар доранд. Эрон яке аз охирин муттафиқони режими президент Башор Асад мемонад, ки аз ҷониби аъзои ҷомеаи алавиёни Сурия, ки наздик ба шиаён ҳастанд, ҳимоят мешавад. Теҳрон мухолифати худро ба мудохилаи хориҷӣ баён кардааст.


Радиои Озодӣ
XS
SM
MD
LG