Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳоле, ки хешовандони Бузургмеҳр Ёров давоми 12 рӯзи охир аз вазъи ӯ ҳеҷ хабаре надоранд, мақомоти зиндонҳо мегӯянд, вазъи маҳкумшуда хуб буда ӯ дар боздоштгоҳи муваққатӣ дар интизори ҳукми навбатии додгоҳ ба сар мебарад. Вакили дифои аъзои ҲНИТ, ки моҳи октябр ба 23 соли зиндон маҳкум шудааст, дар боздоштгоҳи муваққатии вазорати адлия ба сар мебарад.

Рӯзи 11 январ як масъули раёсати иҷрои ҷазои вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, ки вазъи сиҳҳатии Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои маҳкумшуда ба 23 соли зиндон “хуб буда”, ӯ дар марҳилаи иштирок дар додгоҳи дуюм қарор дорад. Садриддин Шарифзода, сардори Боздоштгоҳи муваққатии Вазорати адлияи Тоҷикистон рузи 11 январ дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, “Бузургмеҳр Ёров даст ба гуруснанишинӣ назадааст”.

"Як соат пеш Бузургмеҳро дида будам"

Ба таъкиди ӯ, “агар гуруснанишинӣ мекард, ба маъмурият бар асоси қонун ба таври хаттӣ муроҷиат мекард ва баъд гуруснанишинӣ

Аз 30-31 декабр ба ин сӯ ҳеҷ посухи ин хатҳои мо намерасад. Мо воқеан ҳам аз вазъи Бузургмеҳр ҳеҷ хабаре надорем. Хосият Ёрова

мекард, вале аз тарафи вай ҳеҷ гуна муроҷиат нашудааст, ҳоло се вақт ғизояшро хӯрда истодааст”. Шарифзода дар идома гуфт: “Ман тақрибан як соат қабл аз занги шумо дар наздаш будам, ягон хел шикоят надорад. Боз наздиконаш зуд-зуд барои вай ғизо меоранд”.

Вале тасдиқи дурустии ин ҳарфҳо имкон надорад ва хешовандони вакили маҳкумшуда мегӯянд, бори охир чеҳраи ӯро моҳи ноябр ва номаашро охири декабр дастрас кардаанд. Аз ҷумла, хоҳари ӯ Хосият Ёрова дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки хонавода аз вазъи Бузургмеҳр нигарон ҳастанд, чунки аз охири декабр ба ин сӯ ғизои ба боздоштгоҳ фиристодаи онҳо беҷавоб мемонад.

Пайғомҳои беҷавоби Ёров

Аз рӯи одат, ба гуфтаи Хосият, дар посух ба номаи кӯтоҳи феҳристи ғизоҳои фиристодашуда ба маҳбас Бузургмеҳр аз дохил як ҷумла тасдиқи ба дасташ расидани пайғом ва имзояшро мегузошт.

“Аз 30-31 декабр ба ин сӯ ҳеҷ посухи ин хатҳои мо намерасад. Мо воқеан ҳам аз вазъи ӯ ҳеҷ хабаре надорем”, гуфт ӯ. Ба гуфтаи хоҳараш, моҳи ноябр дар як мулоқот модар тавонист бо писар дар боздоштгоҳ мулоқот ва сӯҳбате анҷом диҳад ва баъди ин ҳеҷ як аз наздикон рӯбарӯ бо Ёров дидор накардааст.

Заррина Набиева, ҳамсари Бузургмеҳр Ёров гуфт, вақте ки ӯ барои мулоқот бо шавҳараш дар СИЗО аз Додгоҳи олӣ иҷозатнома хост, додгоҳ рад кардааст. Набиева бо такя ба ҳарфи вакили дифоъ гуфт, ки Бузургмеҳр аз боздоштгоҳ гуфтааст, агар ба наздиконаш иҷозаи мулоқот надиҳанд, даст ба гуруснанишинӣ хоҳад зад. Зарина Набиева иддао кард, ки баъди ин “чанд рӯз пеш” вакили дифоъ Муаззама Қодирова аз ҳимояи ҳуқуқи ҳамсараш даст кашид ва дигар барои тамос дастрас нест. Ба қавли Набиева, ин ҳодиса дар фосилаи чанд рӯз пеш сурат гирифтааст.

“Баъди он ки адвокат даст кашид, мо дигар ҳеҷ иттилое аз дохили СИЗО надорем ва намедонем Бузургмеҳр чӣ аҳвол дорад. Ҳатто Хосият хоҳари Бузургмеҳр барои ӯ дар соли нав ғизо бурд, вале аз дохил ҳеҷ посухе нагирифт чунки пештар аз вай ман ғизо мебурдам баъди ду рӯз ҷавоб меомад, ки гирифтам ҳама хуб аст”.

Вакили мудофеъ Муаззама Қодирова аз моҳи маи соли 2016 ба ин тараф, яъне бо шурӯи мурофиаи парвандаи ҷиноии Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов дар Додгоҳи шаҳри Душанбе аз онҳо ҳимоят мекард. Зимнан, ба гуфтаи Хосият Ёрова, наздикони Маҳкамов паёмҳои хурди хаттии Нуриддин Маҳкамовро, ки ба 21 соли зиндон маҳкум шудааст, дастрас мекунанд.

Вакиле, ки дастрас нест...

Дар ҳоле, ки Қодирова дастрас нест, як манбае, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, мегӯяд дар ҳафтаи гузашта Муаззама Қодирова ҳангоми мулоқот бо зерҳимояаш дар СИЗО гӯё бо худ диктофон доштааст ва мақомоти тафтишотӣ аз ин огоҳ шуда ӯро таҳти фишор қарор додаанд. Аммо Садриддин Шарифзода сардори Боздоштгоҳи мувақатии рақами аввал мегӯяд, ки хабарҳо дар мавриди фирори вакили мудофеи Бузургмеҳр Ёров асосе надоранд: “вай дар шаҳр аст ва шояд дар мурофиае ҳузур дорад. Ин ба маъное нест, ки ӯ фирор кардааст”.

Хешовандони Ёров дар назди додгоҳ

Хешовандони Ёров дар назди додгоҳ

Муаззама Қодирова дар боздоштгоҳ бо Бузургмеҳр Ёров бори охир ҳафтаи гузашта аз рӯи парвандаи нави вакили зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров оид ба “беэҳтиромӣ нисбат ба додгоҳ” ва “таҳқири намояндаи ҳокимият” мулоқот кардааст. Аз рӯи ин иттиҳом, Ёровро се соли навбатии зиндон таҳдид мекунад. Садриддин Шарифзода гуфт, мурофиаи Ёров дар боздоштгоҳ идома дорад ва ҳануз додгоҳ ҳукми ӯро барои ду паврвандаи дигар содир накардааст.

Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 6 октябри имсол вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёровро ба 23 ва Нуриддин Маҳкамовро ба 21 соли зиндон маҳкум кард. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, мисли Ҳюман Райтс Вотч ва Афви Байнулмилал, инқарори додгоҳро маҳкум карда ва ба баррасии мунсифонаи қазияҳои, ба гуфтаашон, дорои ангезаҳои сиёсӣ даъват намуданд. Худи Бузургмеҳр Ёров ва наздиконаш ҳам мегӯянд, ки ҳукми ӯ посух ба ташаббуси таъсиси кумитаи ҳимоят аз ҳуқуқи боздоштшудаҳои ҲНИТ буда, дорои ангезаҳои сиёсӣ мебошад. Ҳизби наҳзати исломӣ баъди ошӯби мусаллаҳонаи генерал Назарзода сентябри соли 2015 мамнӯъ ва 13 узви раёсаташ ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG