Пайвандҳои дастрасӣ

Замони ҳабси пешакии Бузургмеҳр Ёров 2 моҳи дигар дароз шуд


Бузургмеҳр Ёров

Бузургмеҳр Ёров

Муҳлати ҳабси пешакии вакили боздоштшудаи тоҷик Бузургмеҳр Ёров то ду моҳи дигар тамдид шудааст. Масъулони додгоҳ мегӯянд, ки ин қарорро ба хотири анҷоми пурраи тафтишот содир кардаанд.

Додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мӯҳлати ҳабси вакили боздоштшудаи тоҷик Бузургмеҳр Ёровро то ду моҳи дигар тамдид кардааст. Рӯзи 29 январ аз дафтари матбуоти додгоҳи Исмоили Сомонӣ ба Озодӣ гуфтанд, ки ин тасмим ба хотири пурра анҷом додани тафтишоти қазияи Ёров ва дар асоси моддаи 112-и Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ гирифта шудааст.

Наздикони Бузургмеҳр Ёров низ дар суҳбат бо мо ин хабарро тасдиқ карда ва гуфтанд, ки қарори додгоҳ рӯзи 28 январ дар ҳузури онҳо қироат шудааст. "Бузурмеҳрро рӯзи панҷшанбе ба додгоҳи Исмоили Сомонӣ оварданд. Ӯро аз наздик дидем. Вазъу ҳолаш хуб буд," - гуфтанд онҳо.

Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои маъруф, ки аз ҳаққи 13 узви раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии ҳизби ҳамакнун мамнӯи наҳзати исломӣ ҳимоят мекард ва барои дифоъ аз онҳо як кумита низ ташкил дода буд, дар охирҳои моҳи сентябри соли гузашта боздошт шуд.

Аввал кормандони пулис тақрибан соати 10-и рӯзи 28 сентябр ба дафтари “Сипар” ворид шуда, санадҳои марбут ба парвандаҳои аъзои боздоштшудаи ҳизби мамнӯи наҳзатро бурда ва аз вакили мудофеъ даъват кардаанд, ки ба барои пурсиш ба вазорат ҳозир шавад. Баъдан, рӯзи 29 сентябри соли ҷорӣ, Вазорати корҳои дохилӣ бо пахши як хабарнома дар сомонаи худ иттилоъ дод, ки Бузургмеҳр Ёров бо иттиҳоми “қаллобӣ" ва "сохтакории санадҳо" боздошт шудааст.

Мақомоти тафтишотии парвандаи Бузургмеҳр Ёров дар моҳи декбари соли гузашта ӯро боз ба се моддаи дигари Кодекси ҷиноӣ айбдор карданд.

Пайвандони Ёров рӯзи 22 декабр ба Озодӣ гуфта буданд, ки мақомоти тафтишотӣ бо моддаҳои марбут ба “даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти ифротгароӣ”, “ташкили иттиҳоди экстремистӣ” ва “ҳаракатҳое, ки барои барангехтани кинаю адоват ё низои миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ, ё паст задани шаъну эътибори миллӣ равона шудаанд, инчунин тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, мансубии онҳо ба миллат, нажод ё маҳал, агар ин кирдор ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма анҷом дода шуда бошад”алайҳи ин вакили дифоъ айб эълон кардаанд.

Ба қавли наздиконаш, Бузургмеҳр Ёров дар боздоштгоҳ дар мулоқот бо онҳо гуфтааст, ки ин айбномаҳо асос надоранд, чунки вай як вакили мудофеъ буда ва ҳеч гоҳ ба амалҳои тундгароиву даъватҳои оммавӣ ҳеч гоҳ даст назадааст. Аммо мақомоти тафтишотии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва дафтари матбуоти ин вазорат дар робита ба айбномаи нав алайҳи Бузургмеҳр Ёров бино бар махфӣ будани парванда то ҳол шарҳе надодаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG