Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як зани соҳибкор дар марз бо Узбакистон


Сирдарё
Сирдарё

Гуландом Иброҳимова, сокини шаҳри Хӯқанди Узбакистон ва зодаи ноҳияи Ашти Тоҷикистон нимашаби 22 ба 23-юми июл дар назди рӯди Сир кушта шудааст.

Зулхумор Шамсидинова, муовини раиси ҷамоати Ашт дар сӯҳбат бо Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва афзуд, хонум Иброҳимова ҳангоме ҳадафи тир қарор гирифтааст, ки мехост ба хотири тиҷорат бо роҳи ғайриқонунӣ бо заврақ рӯди Сирро ба ҷониби Тоҷикистон убур кунад. Замони ҳодиса шавҳари Иброҳимова бо вай буда, ба хешовандони аштии ҳамсараш аз кушта шудани вай хабар додааст.

Муовини раиси ҷамоати Ашт ба Озодӣ гуфт, «Иброҳимова 57-сола аст ва давраи шӯравӣ ба Хӯқанд шавҳар карда, наздики 40 сол боз дар ҳамон ҷо Узбакистон зиндагӣ мекунад ва шаҳрвандии ин кишварро дорад. Хешовандонаш дар деҳаи Ашт зиндагӣ мекунанд. Гуландом назди онҳо омадурафт мекард ва ба тиҷорат ҳам машғул буд. Баъди баста шудани гузаргоҳҳо хати марзро аз рӯди Сирро бо заврақ мегузашт.»

Ба гуфтаи сокинони огоҳ аз ҳодиса, Иброҳимова шояд аз тири сарҳадбонҳои Узбакистон кушта шудааст. Абӯбакр Ҳаитов, сокини деҳаи Ашт, яке аз хешовандони Гуландом Иброҳимова мегӯяд: «Мо ба фарзандони Гуландом - апа занг задем, онҳо мотамзадаю гирён, кӣ он касро тир задааст, нагуфтанд. Аммо он ҷое, ки он касро шабона парронданд, пештара гузаргоҳи сарҳадӣ, шабу рӯз таҳти назорати сарҳадбонону гумрукиёни Узбакистон аст. Ба гуфтаи баъзе шоҳидон, ӯро низомиёни узбак паррондаанд.»

Мусоҳибам афзуд, Гуландом Иброҳимова ба зодгоҳаш, деҳаи Ашти ноҳияи Ашт, ки модару дигар пайвандонаш зиндагӣ мекунанд, зиёд омадурафт мекард. Хешонаш бори охир бо вай ҳафтаи гузашта дидор доштаанд.

«Бовар кунед, Гуландом-апа зани чӣ қадар бебок ва саховатманд буд. Пеш аз кушта шуданаш он кас ба Ашт ба зиёрати модар омада, ба чанд зани рӯзадор матоъу рӯсарӣ ҳадя карданд. Борҳо шуда буд, ки сарҳадбонҳо ва гумрукиёни узбак сокинони ду ҷонибро дошта, молашонро кашида гирифтанӣ мешуданд ва Гуландом – апа рафта, бо ҳақгӯиву ҳақталошӣ халос мекард,» - гуфт Абӯбакр Ҳаитов.

Сокинони минтақаҳои марзии Узбакистону Тоҷикистон ҳақ доранд барои то 3 шабонарӯз бидуни виза ба қаламрави якдигар ворид шаванд. Аммо дар ноҳияи Ашт, чун дар дигар қисматҳои Суғд, гузаргоҳҳои марзӣ миёни Узбакистон ва Тоҷикистон чанд соли охир баста аст. Ягона гузаргоҳи сарҳадӣ байни шимолу Тоҷикистону Узбакистон дар ноҳияи Масчоҳ фаъол аст.

Ба гуфтаи пайвандони Иброҳимова, сарҳадбонҳои Узбакистон онҳоро, ки мехостанд ба Хӯқанд, ба маросими дафни Иброҳимова раванд, ба қаламрави ин кишвар раҳ надодаанд.

«Ҳама хешон хафаю сарсон аз гузаргоҳи Бекобод (аз ҷониби Тоҷикистон дар ноҳияи Масчо) гашта омаданд. Сарҳадбонҳои Узбакистон гуфтаанд, ки танҳо бо визаю телеграмма роҳ медиҳанд. Байни Ашту Хӯқанд 30 – 35 километр. Аммо гузаргоҳи марзӣ баста, барои ҳамин мо маҷбурем бо роҳи Бекобод – Тошканд – Хӯқанд равем, ки масофа 10-12ҳ баробар зиёд мешавад,» - гуфт Абӯбакр.

Дар он ҷойи соҳили Сир, ки Гуландом Иброҳимова, шаҳрванди тоҷиктабори Узбакистон ва аз тоҷироне, ки анъанаи тиҷорат байни Ашту Хӯқандро идома диҳад, кушта шуд, то оғози солҳои 2000 гузаргоҳи марзиву гумрукӣ фаъол буд. Шаҳрвандони тоҷику узбак рӯди Сирро тавассути заврақҳо гузар ва бо ҳам табодули молу коло мекарданд. Тоҷирони тоҷик аз Хуҷанду Фарғона умдатан матоъу либос ва аз Ашт асбоби электронии рӯзгор мебурданд.
XS
SM
MD
LG