Пайвандҳои дастрасӣ

Брайан Трейси дарси миллионершавиро ба тоҷикон меомӯзонад


Брайан Трейси.

Брайан Трейси.

Брайан Трейси, миллионер ва муаллифи даҳҳо китоб дар бораи рушди шахсият ва тиҷорат, барои аввалин бор ба тоҷирони тоҷик дарс мегӯяд.

Брайан Трейси, яке аз бизнес-тренерҳои машҳури ҷаҳонӣ дар рушди шахсият ва тиҷорат, қарор аст ба бештар аз 500 соҳибкору раҳбарони ташкилот дар мавзӯҳои “Мудирияти муассир ва тиҷорати судманд” 5-уми ноябр дар Кохи Наврӯз дар шаҳри Душанбе дарс гӯяд. Трейсиро ба Тоҷикистон маъмурияти маҷаллаи “Элита”, Клуби соҳибкорони ҷавон ва ДМ “Группа” даъват кардаанд.

Далер Ғуфронов, сардабири маҷаллаи “Элита” чоршанбеи 14-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо барои ширкат дар дарси якрӯзаи Брайан Трейси барои зиёда аз 700 нафар ҷой омода кардаанд. Арзиши чипта барои ширкат дар дарси Брайан Трейси аз 800 сомонӣ шурӯъ шуда, ба бештар аз 1500 сомонӣ мерасад. Ба гуфтаи Далер Ғуфронов, ҳоли ҳозир 500 ҷой банд шуда ва зиёда аз 200 нафари дигар имкон доранд барои шунидани асрори рушди шахсият, тиҷорат ва чӣ гуна миллионер шудан чипта фармоиш диҳанд.

Далер Ғуфронов мегӯяд, аксари чиптаҳо аз сӯйи ташкилоти бонуфузи тиҷоратии Тоҷикистон харидорӣ шудаанд. Мудирони беш аз 30 ширкат на танҳо барои худ, балки барои дастаи асосияшон низ чиптаи вуруд ба дарси Трейсиро харидорӣ кардаанд. 30 дарсади соҳибони чиптаҳоро бошад соҳибкорони инфиродӣ ташкил медиҳанд. Ба қавли Ғуфронов, ҳамчунин ба чанд корхонаҳое, ки бо кӯдакони имконияташон маҳдуд кор мекунанд, чиптаҳо ройгон дода шудаанд. Сардабири маҷаллаи “Элита” мегӯяд, аз миёни 500 нафар, ки ҳоло имкони шунидани машваратҳои Трейсиро доранд, 50 кас танҳо ба хотири шахсияти ин миллионер чипта харидорӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон, ки маоши миёна камтар аз 800 сомонӣ аст ва на ҳар хоҳишманд имкон дорад барои шунидани машваратҳои Брайан Трейси бо ин пулро сарф кунад, ташкилкунандагони мулоқот миёни соҳибкорони ҷавон таҳти унвони “Чаро ба ман Брайан Трейси лозим аст?” озмун эълон карданд. Иштирокдорони озмун, ки дар иншо ё "эссе"-и "Чаро онҳо ба Брайан Трейси ниёз доранд?", имкони ширкати ройгон дар дарси ин миллионерро пайдо мекунанд. Далер Ғуфронов мегӯяд: “Онҳое, ки сарватманд ҳастанду фарзандонашон дар риштаҳои тиҷорат таҳсил мекунанд, барои бачаҳояшон чипта харидорӣ кардаанд. Инҳо нафароне ҳастанд, ки мехоҳанд фарзандонашон оянда тоҷири қавӣ шаванд, раҳбари хуб бошанд”, мегӯяд Далер Ғуфронов.

Аксари ҷавонон, ки миллионер шуданро дар дил мепарваранд, мегӯянд, ба ҳар қимате бошад, машваратҳои Терйсиро мешунаванд. Фаридун Алиев, тоҷири 25-солаи тоҷик, ки соҳиби ду ташкилот бо номи ҶДММ “Дошан-2015” ва “Озода-2015” аст, мегӯяд, мақсад гузоштааст, ки то синни 30-солагияш миллионер шавад. Ба бовари ин тоҷири ҷавон, машваратҳои Трейси барои миллионер шудан хеле кӯмак мекунад. Ӯ мегӯяд, ки дар Тоҷикистон аслан аз машварати миллионерҳо ва чеҳраҳои муваффақи ин соҳа истифода намешавад. Бо ин далел, Фаридун Алиев мегӯяд, агар ворид шудан ба дарси Брайан Трейси 500 доллар ҳам арзиш медошт, ҳатман мерафт.

Фаридун Алиев мегӯяд, андешаи ин ки дар Тоҷикистон дар соҳаи тиҷорат муваффақ шудан душвор аст, нодуруст аст. Ӯ мегӯяд, фишор дар ҳама кишварҳои дунё мавҷуд аст, вале чизе, ки камёфт аст, ин сармоя ва идея аст. “Агар сармоя бошад, шахсан ман даҳҳо идеяҳое дорам, ки дар Тоҷикистон кам касон дар борааш фикр мекунанд. Аммо аз лиҳози молӣ ман наметавонам ҳама идеяҳои худро роҳандозӣ кунам. Дар Тоҷикистон миёни сармоягузорон як андеша ҷой дорад. Онҳо ҳамеша фикр мекунанд, ки сармоягузорӣ кунему яке маро фиреб диҳанд. Тоҷир пулро гирифта бозпас нагардонад”, - мегӯяд Фаридун.

Шоира Пӯлодова, хатмкардаи коллеҷи тиҷоратӣ дар Амрико ҳоло ба ҳайси менеҷер оид ба савдо дар меҳмонхонаи “Шератон” кор мекунад. Ӯ мегӯяд, ҳарчанд дар донишгоҳ аз китобҳои Брайан Трейси истифода кардаанд, аммо мехоҳад машваратҳои ӯро аз наздик шунавад ва дар рушди кораш аз он истифода кунад. Шоира мегӯяд, дар Амрико ҳам тоҷирон ва ҳам донишҷӯёни соҳаи тиҷорат аз машваратҳои ин миллионер зиёд истифода мекунанд. Аммо ба фарқ аз Фаридун, Шоира мегӯяд, ҳадафаш миллионер шудан нест, балки беҳтар кардани сифати кораш аст.

Дар чанд соли охир садҳо ширкати хурду миёна, ки ба бизнес сарукор доштанд, бинобар гаронии молиёт ва тафтишҳои батакрори мақомоти давлатӣ, аз бозор берун шуданд.

Ҷаҳонгир Нодиров, ҷавони 27-сола, ки дар яке аз бонкҳо кор мекунад ва соле қабл корхона низ доштааст, мегӯяд, бо далели гарон будани андоз ва фишорҳои пай дар паи идораҳои давлатӣ, корхонааш аз кор монд. Бо ин далел, ба қавли Ҷаҳонгир, то замоне ҳукумати Тоҷикистон барои соҳибкорӣ ва тиҷорат шароит фароҳам наорад ва фишорро болои тоҷирон кам накунад, шунидани дарсҳои Брайан Трейси ҳеҷ маъное надорад.

Зимнан онҳое, ки Брайан Трейсиро ба Тоҷикистон даъват кардаанд, мегӯянд, бовар надоштанд, ки барои ҷалби шунавандаву бинанда муваффақ мешаванд. Аммо ба қавли онҳо, агар ҳадди ақал 30 дарсади тоҷирони тоҷик Брайан Трейсиро мешинохтанд, бидуни шубҳа 5000 хоҳишманди иштирок дар дарси ӯ пайдо мешуд.

Брайан Трейси муаллифи беш аз 60 китоб дар бораи рушди шахсият ва тиҷорат аст. Ӯ солона барои рушди соҳаи савдо ва шахсият ба бештар аз 350 ҳазор нафар ва ҳазорҳо ширкати бонуфуз машваратҳо медиҳад.

Навиштаҳои машҳури ӯ "Расидан ба қулла", “21 асрори муваффақияти миллионерҳо” ва “100 қонуни мутлақи муваффақият дар тиҷорат” аз китобҳои серхаридор боқӣ мондаанд.

Брайан Трейси 71 сол дошта, дар Ванкувери Канада дар як оилаи нодор ба дунё омадааст. Вале дар натиҷаи кору таҷриба, омӯзиши шеваи тиҷорат дар соҳаҳои мухталиф, дар 25-солагӣ ба мартабаи муовини раиси кулли як ширкати тиҷоратӣ расидааст, ки 95 зердаст доштааст. Ҳоло ӯ яке аз омӯзгорони муваффақи соҳаи тиҷорату савдо дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва пайваста барои кӯмак ба соҳибкорони камтаҷриба ба давлатҳои мухталиф даъват мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG