Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Авҷи “бизнес”-и Бобоҳои Барфӣ (ВИДЕО)


ба назар мерасад, ки тиҷорати Бобоҳои барфӣ дар маркази Душанбе дар рӯзи 1 январ ҳатто нисбат ба шаби Соли нав гармтар шудааст.

Онҳое, ки дар рӯзҳои Соли нав нақши Бобои барфиро иҷро мекунанд, мегӯянд, тиҷорати онҳо ҳатто аз шаби 31 декабр дида, дар рӯзи аввали соли нав, яъне 1 январ гармтар шудааст. Бахусус дар майдони марказии Душанбе, ки мардум барои акс гирифтан бо Бобои барфӣ ба онҳо пул медиҳанд.

Як “Бобои Барфӣ” гуфт: “Дар арафаи Соли нав ҳар рӯз то 100 сомонӣ фоида ба даст меовардем. Имрӯз алакай ҳар кадомамон то 400-у 500-сомонӣ кор карда истодаем. Агар ҳамин хел “бизнес”-и мо як моҳ давом кунад, чӣ қадар бой мешавем!”

Мардум мегуянд, 31 декабр ва шаби Соли нав дар Душанбе хеле сард буд ва онҳо бо истифода аз ҳавои гарми 1 январ ба сайри марказ омадаанд, ки нахустин рӯзи Соли навро дар ҷамъи азизони худ гузаронанд. Ин азми онҳо ба навбаи худ сабаби гармтар шудани бозори “Бобоҳои барфӣ” шудааст, ки аз чунин ранг гирифтани кор, албатта, хурсанданд. Хурсандии “Бобоҳои барфӣ”-ро шумо метавонед аз ин навори хабарнигори Озодӣ тамошо ва эҳсос кунед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG