Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳои як наврас дар Турсунзода аз дасти гаравгонгирҳо


Мақомоти интизомӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, ки як навраси 17-соларо дар шаҳри Турсунзода аз дасти гаравгонгирҳо раҳо намуданд. Гаравгонгиҳо аз падари ин ҷавон 100 ҳазор доллар талаб доштаанд. Ба иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳодиса шаби 6 декабри рух дод ва зимни ин амалиёт яке аз афроди гурӯҳи гаравгонгир кушта шуда ва се нафари дигар аз онҳо боздошт шудаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса мегӯяд, ки яке аз афроди ин гурӯҳ субҳи 6 декабр худро ба ин ҷавони 17-сола яке аз дӯстони падараш муаррифӣ намуда, ӯро фиреб медиҳад, ки ба мактабаш мебарад. Аммо ба иттилои ВКД, ин фарди гурӯҳи гаравгонгир ин наврасро ба як манзил дар шаҳри Турсунзода бурда ва даступояшро бо скоч мебананд ва бо падараш тариқи телефонӣ тамос гирифта ва барои раҳоии писараш 100 ҳазор доллар талаб мекунанд.

Манбаъ мегӯяд, ки дар пайи амалиёти муштараки ВКД ва КДАМ шаби сешанбе ин ҷавон аз дасти гаравгонгирҳо раҳо карда шуд. Ба иттилои манбаъ, дар рафти амалиёт 3 нафар афроди гумонбар дар ин ҷиноят боздошт шуда ва як нафар кушта шудааст. ВКД ҳамзамон мегӯяд, ки дар ин амалиёт маъмурони амниятӣ осебе надидаанд. Ба иттилои вазорат, дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шуда ва тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG