Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Садамаи автобуси ҳомили 57 шаҳрванди Тоҷикистон дар Қазоқистон


Як автобуси ҳомили 57 шаҳрванди Тоҷикистон дар вилояти Қарағандаи Қазоқистон ба садама дучор шудааст.

Расонаҳои қазоқӣ менависанд, ки як автобуси ҳомили шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзи 25 декабр дар масири Қарағанда-Балхаш ба садама рӯбарӯ шудааст. Ба гуфтаи ин манобеъ, ронандаи автобуси SETRA, ки низ шаҳрванди Тоҷикистон будааст, ба тарафи муқобили роҳ баромада ва ба мошини сабукрави Mitsubishi Galant бархӯрдааст.

Дар бемористони Ёрии таъҷилии ин минтақа ба пойгоҳи хабарии Tengrinews.kz гуфтаанд, ронандаи тоҷик, ки дар хатсайри "Томск - Бишкек" ҳаракат мекард, ҷароҳатҳои сабук бардоштааст ва ба ӯ кӯмаки тиббӣ расонида шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, ба дигар мусофирон, ки ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд, осебе нарасидааст.

Аммо ҳамаи мусофирони мошини сабукрави Mitsubishi Galant ба шумули ронандаи 19-солаи он бо ҷарроҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шудаанд. Дар миёни мусофирони мошини сабукрав ду наврас низ будаанд. Ба навиштаи расонаҳои қазоқӣ, мақомоти пулис дар вилояти Қарағанда дар нисбати шаҳрванди Тоҷикистон барои вайрон кардани қоидаи роҳ парванди ҷиноӣ боз кардаанд.

То кунун маълум нест, ки ин шаҳрвандони Тоҷикистон аз кадом манотиқи кишвар ҳастанд. Бо далели гарон будани нархи чиптаҳои ҳавопаймо аз Русия ба Тоҷикистон, бахши зиёде аз муҳоҷироти кории тоҷик ба вижа дар шимоли Тоҷикистон тарҷеҳ медиҳанд, ки дар рафту бозгашт ба Русия, аз роҳҳо ва фурудгоҳҳои кишвари ҳамсояи Қирғизистон истифода кунанд.

Барои мисол, агар нархи чиптаи ҳавопаймо дар хатсайри Маскав-Душанбе 25 ҳазор рубл бошад, қимати он дар хатсайри Маскав- Ӯш 10 ҳазор рублро ташкил медиҳад. Ин аст, ки бархе аз муҳоҷирони тоҷик худро ибтидо аз Русия ба Қирғизистон расонида ва сипас аз масири заминӣ ба Тоҷикистон меоянд.

Масъулони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии низ тасдиқ мекунанд, ки бо далели гарон будани арзиши чипта муҳоҷирони тоҷик, ба хусус аз вилояти Суғд тариқи ҳавопаймоҳои шаҳри Ӯши Қирғизистон бармегарданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG