Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бӯрӣ Каримов, роҳбари котиботи Шӯрои байнидавлатии роҳсозони ИДМ дар меҳмонии "Озодӣ".

Имрӯзҳо дар бораи муносибатҳои миёни Тоҷикистон ва Русия ҳар гуна сару садоҳо ба вуҷуд омадааст. Бархе аз коршиносон мегӯянд, ки ин робитаҳо ба сардӣ гароида ва Русия дар бештари маворид аз пешниҳод ва дархостҳои ҷониби Тоҷикистонро қатъи назар мекунад. Азбаски меҳмони имрӯзаи мо Бӯрӣ Каримов тайи чанд сол аст дар Маскав ба сар мебарад ва аз ин равобит огоҳии бештар дорад сӯҳбатро ҳам аз ин боб оғоз кардем.

«РАВОБИТ БО РУСИЯ МЕТАВОНАД АЗ ИН ҲАМ САРДТАР ШАВАД»

Бӯрӣ Каримов: "Муносибати Тоҷикистон ва Русия метавонад аз ин ҳам сардтар шавад. Худо накунад. Барои ба миён омадани чунин вазъият пеш аз ҳама худи Русия ва Тоҷикистон вале аз ду тараф дида бештар қувваҳои беруна даст доранд. Мо дар бораи озодӣ ва истиқлолият зиёд сӯҳбат мекунем, аммо як нуктаро фаромӯш мекунем, ки озодӣ ва мустақилияти мутлақ вуҷуд дошта наметавонад. Озодии мо нисбӣ аст. Албатта мо ватани худро дӯст медорем. Вале бояд донем, ки ҳамчун як кишвари хурд наметавонем тамоман озод бошем. Кишварҳои бузурги дунё хоҳу нохоҳ ҷаҳонро ба таври худ дидан мехоҳанд, тақсим мекунанд ва талош меварзанд, сарватҳои кишварҳои кӯчакро ба манфиати худ истифода баранд. Кишварҳои абарқудрате чун Амрико ва кишварҳои аврупоӣ нисбат ба ҷумҳурии мо бетафовут нестанд. Онҳо барои таҳкими мавқеи худ дар Тоҷикистон ва бароварда сохтани манофеъашон пайваста талош меварзанд. Вақте мо рӯ ба Русия меоварем ва ин кишварро шарики роҳбурдӣ мешуморем, бояд ҳамин як самтро қабул дошта бошем. Он вақт Русия аз мо қонеъ мешавад ва баъзе аз масоили рӯз аз ҷумла муаммои Роғунро ҳаллу фасл менамояд. Вақте мо Русияро шарики стратегӣ мехонем, вале гоҳ ба самти Амрико,

гоҳ ба тарафи Аврупо, гоҳ ба сӯи Чин ва кишварҳои дигар майл мекунем он вақт ин кишвари ҳоло ҳам то андозае абарқудрат аз мо меранҷад. Ҳароина аз худи мо-тарафҳо дида бештар қувваҳои беруна саҳм гузоштанд, ки равобити Тоҷикистон ва Русия сард бошад. Вале ислоҳи вазъ дар дасти роҳбарони худи ин ду кишвар аст, ҳарчанд бо дигар кишварҳо, аз ҷумла ҳамсояҳо дӯстиву равобит доштан ба фоидаи мост."

ПАЙОМАДҲОИ САРДИИ РАВОБИТ

Суол: Вале афзоиши маблағи боҷи гумрукӣ ба маводи сӯхт аз тарафи Русия барои Тоҷикистонро як навъи фишор болои давлат меҳисобанд. Ҳоло, ки гаронии нархи маводди сӯхт ба бақия анвоъи маҳсулот таъсир мекунад, паёмади ин амр чӣ хоҳад шуд?

Бӯрӣ Каримов: "Кишварҳои бузург болои кишварҳои кӯчак бо ҳар роҳу васила метавонанд таъсир бигузоранд. Русия дар ҳайати давлати шӯравӣ ҳам болои дигар ҷамоҳири таркиби он нуфуз дошт. Имрӯз низ ин кишвар вобаста бо аҳдофи геостратегӣ ва геополитикии худ намехоҳад ҷойгоҳ ва мавқеашро дар минтақа ва аз ҷумла Тоҷикистон аз даст диҳад, балки мехоҳад ҳузури худ ва махсусан ҳузури ҳарбии худро нигоҳ дорад. Бо он, ки дар Тоҷикистон пойгоҳи муҳими назорати кайҳонии Русия “Окно” амал мекунад ва низ як лашкари нерӯҳои мусаллаҳи он мустақар аст ва низ аз лиҳози ҷуғрофӣ кишвари мо дар як мавқеи аз нигоҳи ҳарбӣ ва сиёсӣ боаҳамият ҷойгир шудааст, Тоҷикистон барои Русия як кишвари стратегӣ ба ҳисоб меравад. Ҳоло дар бораи Иттиҳоди гумрукӣ ва ворид шудани Тоҷикистон ба он зиёд сӯҳбат мешавад. То ба ин иттиҳод дохил нашавем чунин мушкилӣ такрор шудан мегирад. Аз тарафи дигар масъалаи истеҳсол ва истифодаи маводи сӯхт дар ҳоли ҳозир дар худи Русия ҳам ба мушкил табдил шудааст. Вале кишварҳои хурд ногузиранд ба ягон иттиҳоде шомил шаванд, то битавонанд ҳадафҳои худро ҳифз ва пиёда кунанд. Тоҷикистон наметавонад дар танҳоӣ ба бисёре аз аҳдофи худ бирасад. Кишварҳои бузург барои расидан ба мақсадҳои худ аз ҳар навъи фишор, барои мисол аз ҷумла аз сӯзишворӣ истифода мекунанд. Бояд ҳама паҳлӯи масоилро таҳлил кунем ва ба назар бигирем. Мо кишвари куҳистонӣ ҳастем ва 94 дар сади маҳсулот дар дохили кишвар аз тариқи роҳи автомобил ва табъан, ки бо истифода аз сӯзишворӣ интиқол меёбад. Аз ин ҷиҳат нархи тамоми чиз ба нархи маводи сӯхт пайваст аст. Аммо ин на ба он маъност, ки мо муфту осон худро даруни ҳар гуна дом афканем. Тарҳу барномаҳоро тавре омода намоем, ки ҳам масъалаҳо ҳал шаванд ва ҳам робитаҳо таҳким ёбанд."

“РУСИЯ ДУНБОЛИ БАЪЗЕ ШАХСИЯТҲОИ СИЁСИСТ”

Суол: Дар солҳои муқовимати дохилӣ Русия аз як ҷониби даргир ҳимоят карда буд. Ҳоло шоеъоте дар шаҳр паҳн шудааст, ки В.Путин бо бархе аз мухолифони давлат аз ҷумла А.Абдуллоҷонов, худи шумо ва низ Д.Атовуллоев мулоқот доштааст. Ин ҳарфҳо то куҷо воқеият доранд?

Бӯрӣ Каримов: "Шахсан бо ман дар чунин мавзӯъ сӯҳбат нашудааст. Ҳарчанд дар чандин ҷаласаҳои сарони кишварҳо ва ё сарвазирони ИДМ бо ҷаноби Путин рӯбарӯ шудаам. Бо Додоҷони Атовулло ва Абдумалик Абдуллоҷонов мулоқот

кардани ӯро нашунидаам. Лекин ман як чизро аниқ медонам, ки Русия аз пайи ҳадафҳои худ ҳамеша дунболи баъзе шахсиятҳои сиёсист ва онҳоро пайгирӣ мекунад. Масалан ягон ҷойи пинҳон кардан ҳам нест, ки бо ман ҳам баъзе шахсҳо, шахсҳои алоҳида дар мавзӯи сиёсати Тоҷикистон, ояндаи Тоҷикистон сӯҳбату суол мекунанд, пурсон мешаванд. Ва аз ин рӯ мо бояд дониста бошем, ки ояндаи давлати мо дар пеш бурдани иқтисод ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардум аст. Ҳоло дар баробари он, ки дар кишвар сулҳу салоҳ ва осоиштагӣ барқарор шудааст, то иқтисодро боло набардорем, зиндагии сазовор ба мардум пешниҳод накунем, хоҳу нохоҳ ягон рӯз низои иҷтимоӣ ба вуҷуд меояд. Ин назари шахсии ман аст. Дар ин давра, дар марҳалаи имрӯза ва дар марҳалаи ояндаи наздик аз нигоҳи Бӯрӣ Карим Тоҷикистони мо ҳеҷ имкон надорад, ки бидуни Русия дар ин дунёи калони пурошӯб ором бошад. Ман мумкин хато кунам, вале дар ақидаам устувор ҳастам ва назари худамро пешниҳоди давлатдорони Тоҷикистон мекунам, ки муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, стратегии худро бо Русия боз ҳам мустаҳкам намоянд. Ҳоло мавҷудияти якуним миллион муҳоҷири тоҷик дар Русия воқеият аст ва бояд давлатдорони мо коре кунанд, ки онҳо ором ва бидуни ба бозӣ кашиданҳо аз сӯи баъзе аз найрангбозҳои дохилӣ ва берунӣ фаъолият намоянд ва ҳаққи заҳмати худро барои ҳифзи зиндагии худ ва суботи кишвар бифиристанд.

Масъалаи дигар он мушкилотест, ки нисбати нерӯгоҳи Роғун ба миён омадааст. Бояд дониста бошем, ки шояд бе кӯмаки ин кишвари абарқудрат мо онро сохта тавонем, лекин ба ҳаракат дароварда наметавонем, ба кор оғоз кунонида наметавонем. Мо бисёр таҷҳизоти онро аз Русия мегирем, албатта аз дигар кишварҳо ҳам гирифта метавонем вале боз ҳам Русияро меранҷонем. Дар ҳоле, ки мо агрегатҳоро аз Русия меоварем ва мусаллам аст, ки ин таҷҳизоти азимро танҳо аз тариқи роҳи заминӣ оварда метавонем, боз масъалаи Ӯзбакистон пеш меояд, ки ворид сохтани чунин таҷҳизотро аз тариқи қаламраваш ба мо имкон бидиҳад, Ӯзбакистоне, ки ба маҳзи Роғун муносиботаш бо Тоҷикистон тезутунд шудааст. Роғун барои мо зарур аст, аммо пиёда кардани ин ҳадаф бе Русия ва бе дуруст кардани равобит бо Ӯзбакистон душвор мегардад."

“ҲАМА БӮРӢ КАРИМ НЕСТАНД, КИ АЗ СИЁСАТ ДУРӢ ҶӮЯНД...”

Суол: Гуфтед бо ашхоси гуногун дар сатҳҳои мухталифи Русия сӯҳбатҳо мекунед. Дар ин сӯҳбатҳо кадом масоил мавриди арзёбӣ қарор мегиранд?

Бӯрӣ Каримов: "Дар ин сӯҳбатҳо зиёдтар вазъи сиёсӣ баҳс мешавад. Онҳо мехоҳанд, ки Тоҷикистон бо Русия чун пештара муносибатҳои хуб дошта бошад. Имрӯз Русия ба мо ягон чизро беҳуда ва ройгон намедиҳад. Агар мо манфиатҳои Русияро ба инобат нагирем, ба онҳо ҳам ягон манфиат наоварем чунин ҳолат сар заданаш имкон дорад, ки пеши роҳи муҳоҷирони меҳнатиро бигиранд ва ҳамин басанда аст, ки дар кишвари мо аз лиҳози иҷтимоӣ вазъ хеле бад гардад.

Вале дар сутуҳи гуногун, албатта давлатдорӣ, ки ҳаст, масъулин сӯҳбат мекунанд. Гузашта аз ин, ҳама Бӯрӣ Карим нестанд, ки аз сиёсат дурӣ ҷуста ё аз нигоҳи сиёсӣ ором бошанд. Дигарҳое ҳастанд, ки сиёсат мехоҳанд. Онҳо худашон мераванд барои сӯҳбат. Ман барои вазифа ва барои сиёсат шуда назди ягон кас нарафтаам ва намеравам ва ҳамон рӯзе, ки агар равам, шахсияти худамро гум мекунам. Лекин чӣ хеле гуфтам, нафароне ҳастанд, ки худашон мераванд. Онҳо мебинанд, ки вазъ камтар дигар аст, беҳбудӣ нест ва худашон мераванд. Аз он, ки ман гуфтам мулоқоти ин ё он нафари алоҳидаро хабар надорам мазмуни онро надорад, ки чунин сӯҳбатҳо дар сатҳҳои гуногун ва аз нигоҳи сиёсӣ байни бархе аз ҳамдиёрони мо бо роҳбарони Русия баргузор нашуда бошад. Ман ҳам мешунавам, вале ман аз он нафароне ҳастам, ки то худам надида ва мустақим нашунида бошам, наметавонам онро ба каси дигар бигӯям, вале овозаҳоро аз дигарҳо мешунавам, аз шахсони мутасаддӣ, балки аз баъзе вазифадорони Тоҷикистон ҳам шунидаам. Вале такрор мекунам, ки худам надидаам ва нашунидаам."

“ДАР ҲОЛИ ҲОЗИР БАРГАШТАНИ МАН БА СИЁСАТ МАЗМУН НАДОРАД”

Суол: Худи шумо ба сиёсат баргаштанӣ ҳастед?

Бӯрӣ Каримов: "Дар ҳамин ҳолате, ки кишвари мо қарор дорад, фақат ба ном озодиву истиқлол ва ба ном демократия вуҷуд дорад, ба сиёсат баргаштани ман ва афроде чун ман тамоман мазмун надорад. Ва ман дар ин шабу рӯз ба сиёсат баргаштанӣ нестам. Лекин ман бе сиёсат буда наметавонам. Чунки ҳеҷ нафаре чун ман, ки дар ҷомеа зиндагӣ мекунад аз сиёсат дур шуда наметавонад ва сиёсат бо мо омехта шудааст. Бубинед дар кишвари мо давлатдорӣ тавре ба роҳ монда шудааст, ки ҳама корҳо бо номи як нафар- сарвари давлат оғоз мегардад ва бо номи он кас пиёда мешавад. Масалан, дар як ноҳияи дурдаст корҳои сохтмонӣ дар бинои як мактаб бо номи ӯ оғоз мешавад ва риштаи рамзиро ҳам ӯ бояд бибурад. Охир

президент бояд ба масоили боз ҳам баландтари кишвар банд бошаду лентаи рамзиро бигузор вазири маориф бибурад. Барои ҳамин ҳам сиёсат дар дасти як нафар- президент аст. Ва президент бояд биандешад, ки дигар шохаҳои давлат- парлумон ва ҳукумат, вазирҳо ҳам соҳибҳуқуқ бошанд, пешниҳодҳо дошта бошанд, пайи иҷрои онҳо иқдом кунанд ва охири охирон ҳамон риштаҳои рамзиро ҳам онҳо бибуранд."

“АГАР МАРДУМ БИХОҲАД, ИШТИРОК МЕКУНАМ”

Суол: Манзурам ин буд, ки нияти дар интихоботи президентӣ ва ё парлумонӣ ширкат кардан ва номзад шуданро доред?

Бӯрӣ Каримов: "Чунин имконро қонун ва мардуми Тоҷикистон ба ҳама додааст ва ман метавонам иштирок дошта бошам. Ҳар замоне, ки мардум лозим донанд, ҳам дар интихоботи президентӣ ва ҳам дар парлумонӣ метавонам иштирок намоям. Вале ба назари ман, дар ин маъракаҳо ҳар нафаре, ки худро шахсият меҳисобад, бояд биандешад ва сипас ширкат намояд. Мутаассифона имрӯз чунин шудааст, ки парлумонро ба хотири беҳ кардани зиндагӣ ва рӯзгори шахсӣ интихоб мекунанд, на аз нуқтаи беҳ кардани рӯзгори мардум. Сад афсӯс!"

“ОДАМ ДАР ҒИЛОФ”

Суол: Шумо инҷо дар бораи саҳми муҳоҷирон зикр кардед. Имрӯзҳо садҳо ҳазор аз тоҷикон, ки умдатан ҷавононанд ба иллати набуди ҷои кор ва барои дарёфти қутти лоямут Русия мераванд вале аз тарафи дигар бархе аз “калонҳо” ба таври хеле осону роҳат фарзандони худро ба мақомоти давлатӣ, масалан ба вазифаи сардори раёсат дар Кумита ва ё муовин дар вазорат “ҷобаҷо” мекунанд. Ин гуна “сиёсати кадрӣ” ба ҷомеа чӣ гуна таъсир мекунад?

Бӯрӣ Каримов: "Ман дар синни 29 солагӣ ҷавонтарин вазири даврони шӯравӣ будам, аз ин лиҳоз ҷалби ҷавононро ба вазифаҳо дастгирӣ мекунам. Вале танҳо ҷавононе, ки соҳибистеъдоданд, мағз доранд, ба қадри миллат, халқ ва ватан мерасанд. Аммо он чизе, ки ҳоло мушоҳида мешавад,

аламовар аст ва мутаассифона на танҳо хоси кишвари мо ва роҳбарони мо аст. Ба ёдам “Одам дар ғилоф”-и А.П.Чехов мерасад. Роҳбарони мо оҳиста-оҳиста дар ғилоф мемонанд. Ё чашмашон равған мегирад, ки дурро намебинанд. Ба чунин камбуд роҳ медиҳанд ва мардуми дар поён буда ин камбудиҳоро мебинанд."

ЧАРО БА БӮРӢ АЗ САҲМИЯИ 30-ДАРСАДАИ ИНОТ МАНСАБ НАРАСИД?

Суол: Оё замоне, ки барои мухолифин сӣ дар сад аз ҳукумат вогузор шуд ба шумо ҳам кадом вазифае пешниҳод карданд?

Бӯрӣ Каримов: "Беҳтарин суолро додед. Аз тарафи мухолифин расман маро ба ягон вазифа пешниҳод накарданд. Вале ин саволро ман як бор ба роҳбари мухолифин Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дода будам. Он кас гуфт, ки аввалин нафаре, ки аз тарафи ман, аз ҷониби мухолифин пешниҳод шуд, шумо будед. Вале нафароне, ки бо ман буданд даъво карданд, ки магар ӯ дар пушти сангарҳо нишаста буд, магар ӯ мубориза бурда буд, ки мо ба ӯ вазифа медиҳем. Ҳарчанд гуфтам, ки муборизаи ӯ қаламаш, мағзаш, китобаш аст, ӯ дар баробари мо ҳам барои барқарории сулҳу осоиш кӯшишҳо ба харҷ дод, барои ҳамин ҳам ман чунин пешниҳод мекунам, вале пешниҳод нагузашт. Хулоса ин, ки он вақт он нафароне соҳиби вазифа шуданд, ки вафодор ба роҳбарони мухолифин буданд. Онҳое, ки ба қавли худашон дар сангарҳо буданд. Зимнан бо чунин вазъ раиси ҷумҳур ҳам рӯбарӯ буд. Дар гирду атрофаш онҳое буданд, ки мегуфтанд мо мубориза кардем, мо шуморо сари қудрат овардем ва мо бояд дар мақомҳо бошем ва бояд бигӯям, ки чунин вазъ то ҳоло ҳам идома дорад ва ӯ наметавонад аз он нафарҳое, ки он вақтҳо ҳамроҳаш буданд халосӣ ёбад. Ва ин бадбахтии миллати мост."

“ВАҚТЕ БОЗОР ЗИДДИ ҲАҚТАЪОЛО НАВИШТ, РАНҶИДАМ...

Суол: Бозор Собир дар як сӯҳбати матбуотиаш гуфтааст, ки Шумо барои рӯи чоп омадани китоби наваш кӯмак ваъда кардаед, аммо гуфтаед, чанд шеър бояд чоп нашаванд, ки ин сабаби ранҷиши Устод шудааст. Асли ҳол чӣ буд?

Бӯрӣ Каримов: "Ман зиёдтар аз Устод Бозор Собир ранҷидаам, ҳарчанд Устодро ман ҳамчун сиёсатмадор писанд надорам. Устод Бозорро ҳамчун шоири бузургу нотакрор меписандам ва ин ҳеҷ ниёзе ба исбот надорад. Вале ин шоири арзандаи тоҷик вақте ки зидди Ҳақ таъоло ва зидди пайғамбари Худо
Бозор Собир, шоири муҳоҷири тоҷик

шеър навишт, аз ӯ ҳамчун аз шахсият дурӣ ҷустам. Устод ба ман ҳатто гуфтанд, ки ман таҳрир кунам ва дар сарсухани он китоб нависам, ки ман бо чандин аз ин шеърҳои ӯ зид ҳастам. Ва варианти дигар низ гуфтанд, ки бо имзои мустаор бинависам. Агар ин корро ман кунам пагоҳ ба Худо чӣ ҷавоб медиҳам? Ман мусулмонам, ҳар рӯз “Ло илоҳа илаллоҳу Муҳаммад-ур-расулуллоҳ” мегӯям. Агар аз ман хафа шуда бошанд, ман сад маротиба зиёдтар хафаам, чунки Устод чунин шеърҳо навиштаанд. Боиси таассуф аст, Бозоре, ки мо чун ҷон дӯсташ медоштем дар охири умр чунин шеърҳо навишт. Одамон баръакс дар охири умр Худотарсу намозхону рӯзагир мешаванд, вале..."

РОҲИ ПУЛАКӢ- МУХОЛИФИ МЕЪЁРҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ?

Суол: Азбаски шумо мутахассиси сатҳи ҷаҳонӣ дар умури роҳ ҳастед намешавад дар мавриди пулакӣ шудани роҳ дар Тоҷикистон напурсид. Оё он, ки ҳукумат иҷоза дод як ширкати хориҷӣ роҳи самти шимоли Тоҷикистонро пулакӣ кунад ба қавонини байналмилалӣ мувофиқ меояд?

Бӯрӣ Каримов: "Дар тамоми дунё роҳҳои пулакӣ аз як фоиз зиёд нестанд. Аммо пулакӣ шудани роҳ дар Тоҷикистон бо қонунҳои байналмилалӣ мутобиқат намекунад. Ҳарчанд парлумон, парлумони як ҳизб аз он ҷонибдорӣ ва санади зидахлро таъйид ва ин роҳро пулакӣ кардааст, аммо он ба кулли меъёрҳои байналмилалӣ мухолифат мекунад. Аввал аз

нигоҳи назари классикӣ ва қонунҳои байналмилалӣ роҳ дар он ҳолате пулакӣ мешавад, ки дар паҳлӯи он ба таври паралелӣ роҳи алтернативии ройгон мавҷуд бошад. Дуюм, роҳҳо пулакӣ мешаванд дар ҳолате, ки аз тарафи шахсони ҷудогона ё корхонаҳои ҷудогона ва ё давлатҳои ҷудогона бунёд шуда бошад. Дар ҳоле, ки ин роҳ ба тарзи ҳашар, аз будҷаи давлати шӯравӣ ва РСС Тоҷикистон сохта шуда аст."

Суол: Дар Маскав ба чӣ кор машғулед?

Бӯрӣ Каримов: "Кори ман ба се қисмат ҷудо мешавад. Яке дар вазифаи расмии байнидавлатӣ-роҳбари котиботи Шӯрои байнидавлатии роҳсозони ИДМ, қисмати дуюм корҳои илмӣ аст, ки ман дар Институти СоюздорНИИ, МАДИ-Институти нақлиёту роҳи шаҳри Масква ва Академияи байналмилалии нақлиёт ба ҳайси роҳбари як қатор лоиҳаҳои илмиву тадқиқотӣ фаъолият дорам ва сеюм дар бархе аз ин донишгоҳҳо ба ҳайси омӯзгор фаъолият мекунам."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG