Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси зиндонии бозори "Ином" озод шуд


Бурҳон Абдуллоев
Бурҳон Абдуллоев

Бурҳон Абдуллоев, раиси пешини бозори "Ином", ки дар пайи баҳси тақсими моликият бо Муҳибулло Саъдуллоев – додарарӯси раиси ҷумҳури Тоҷикистон – боздошт ва баъдан ба се соли зиндон маҳкум шуда буд, аз маҳбаси низомаш сангини Қӯрғонтеппа озод гардидааст. Ӯ рӯзи 6 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, охири моҳи ноябри имсол бар асоси Қонуни афв раҳо шуд ва феълан дар ҳалқаи пайвандонаш аст.

Додгоҳи олии иқтисодӣ моҳи майи 2014 қарор кард, ки саҳмияҳои бозори "Ином" байни Абдуллоевҳо аз як тараф ва Холназар Достиеву Муҳибулло Саъдуллоев аз тарафи дигар 50 ба 50 тақсим карда шавад.

Бурҳон Абдуллоев дар посух ба суоли инки оё масъалаи саҳмаш дар бозори "Ином"-ро дубора дар миён хоҳад гузошт, ё не, гуфт, "азбаски адолати додгоҳӣ ҷой надорад, гумон аст, ки даъво кунем." Бозори "Ином" яке аз бозорҳои бузурги ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон буда, қаблан гуфта мешуд, ки дар онҷо то се ҳазор нафар кор мекунанд.

Бозори "Ином"
Бозори "Ином"

Раиси пешини бозори "Ином" дар ноҳияи Шаҳритус моҳи декабри соли 2014 боздошт ва баҳори соли гузашта бо қарори Додгоҳи вилояти Хатлон ба се соли зиндон маҳкум шуд. Ҳабси ӯ замоне ба вуқӯъ пайваст, ки дар маркази бозори Ином Ҳошим Ризвонов, як сокини ноҳияи Шаҳритус, бо 10 шишаи бензин дар дохили як халта боздошт шуд. Мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, Ризвонов ҳангоми бозпурсӣ иқрор кардааст, ки ӯро Ҳоҷӣ Бурҳон (Абдуллоев) дастур дод, то бозорро оташ занад.

Бино бар ин баёнот Абдуллоев аз рӯи 2 моддаи Кодекси ҷиноӣ - 32, қисми 3 (сӯиқасд ба дороии шаҳрвандон) ва 255, қисми 2, яъне сӯиқасд ба вайрон кардани амволи шаҳрвандон ба шеваи хатарнок айбдор шуд.

Бурҳон Абдуллоев дар толори додгоҳ. Баҳори соли 2015
Бурҳон Абдуллоев дар толори додгоҳ. Баҳори соли 2015

Бузургмеҳр Ёров ва Раҳматилло Зоиров, ки он вақт аз ҳаққи Бурҳон Абдуллоев ҳимоят мекарданд, дар мурофиа гуфтанд, зерҳимояи онҳо амалан ба ин ҷиноятҳо даст назадааст ва тафтишот гуноҳи ӯро исбот карда натавонист. Аммо баъдан гуфтанд, ки додгоҳ далелҳои онҳоро ба эътибор нагирифт.

Аз ин пеш, Санавбар Абдуллоева, ҳамсари Бурҳон Абдуллоев, ба ҳайси молики бозори “Ином” иддао кард, ки Муҳибулло Саъдуллоев – додарарӯси раиси ҷумҳури Тоҷикистон – қасди кашида гирифтани бозорро дорад. Баъдан вакили дифои Саъдуллоев эълон кард, онҳо низ дар таъсису фаъолияти бозор саҳм доранд ва танҳо мехоҳанд, моликияти худро аз хонаводаи Абдуллоевҳо ҷудо кунанд.

Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон дар моҳи майи соли 2014 қарор кард, ки саҳмияҳои бозори "Ином" байни Абдуллоевҳо аз як тараф ва Холназар Достиеву Муҳибулло Саъдуллоев аз тарафи дигар 50 ба 50 тақсим карда шавад. Абдуллоевҳо чунин тақсимотро ноодилона номида ва хостори саҳми бештар буданд.

XS
SM
MD
LG