Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёқуб Сабзанов дар синни 84 аз дунё рафт


Ёқуб Сабзанов (Акс аз “Азия Плюс")
Ёқуб Сабзанов (Акс аз “Азия Плюс")

Оҳангсози маъруф Яхиэл Сабзанов, ки дар Тоҷикистон ҳамчун Ёқуб Сабзанов маъруф буд, дар синни 84-солагӣ дар Ню-Йорк аз олам даргузашт.

Бино ба гузориши “Азия Плюс”, маросими видоъ бо ин шахсияти барҷастаи фарҳанги мардуми тоҷик ва яҳудиёни Бухоро рӯзи 11 сентябр дар минтақаи Квинс дар шаҳри Ню-Йорки Амрико доир шудааст.

«The Bukharian Times», нашрияи яҳудиёни бухороии муқими Ню-Йорк, дар марсияаш аз хидматҳои Ёқуб Сабзанов дар рушди фарҳанги мардуми тоҷику яҳудиёни бухороӣ ёдовар шуда, гуфтааст, таронаҳои “Аз қадат гардам”, “Шаҳри ман”, “Тӯёна”, “Ишқ” ва “Ба дилбар”-и Ёқуб Сабзанов дар иҷрои ситораҳои шӯҳратёре, чун Шоиста Муллоҷонова, Борис Наматиев ва Рафаэл Толмасов Хазинаи тилоии радио ва телевизиони Тоҷикистонро зиннат медиҳанд.

Яхиэл Сабзанов соли 1929 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, соли 1955 консерваторияи Тошкандро хатм кардааст. Ӯ баъди хатми таҳсил ба Тоҷикистон баргашт ва то замони муҳоҷираташ ба Амрико дар соли 1992 тайи 37 сол дар муассисаҳои фарҳангии ин кишвар, аз ҷумла, дар театри академии драмаи ба номи Лоҳутӣ, Филармонияи давлатӣ, Кумитаи радиову телевизион ва Донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи Турсунзода кор кард. Соли 1992, дар пайи шурӯъи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон , Ёқуб Сабзанов дар қатори намояндагони дигари ҷомиаи яҳудиёни Бухоро ба Амрико кӯчид ва дар Ню-Йорк ба сар мебурд.

Ёқуб Сабзанов дар ғурбат низ ҳамеша ба ёди Тоҷикистон буд ва дар як гуфтугӯи ихтисосие, ки дар арафаи соли нави 2009-ум бо Радиои Озодӣ анҷом дода буд, мегуфт, дилаш ҳамеша ба ёди Душанбе гум мезанад, зеро 62 соли умраш онҷо гузоштааст. Сабти ин сӯҳбатро, ки хабарнигори Озодӣ Фирӯз Баротов дар Ню-Йорк анҷом дода буд, метавонед дар ин хатти зер шунавед.

Гуфтугӯи Озодӣ бо Ёқуб Сабзанов
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:27 0:00
Линки мустақим


Операи “Бозгашт” бар пояи достони Аминҷон Шукӯҳӣ (соли 1967), “Имтиҳон” (бар пояи намоишномаи Файзуллоҳ Ансорӣ), ораторияи “Нурҳои Норак” (1970), достонҳои симфонии “Турнаҳо”, Мақом” ва “Ёди Рӯдакӣ” низ аз осори мусиқиест, ки аз Ёқуб Сабзанов ба ёдгор мемонад.

Аммо ӯ бештар ҳамчун таронанавис маъруф буд. Як таронае, ки дигар мисли корти муаррифии Ёқуб Сабзанов шуд, таронаи “Зебида туро куртаи атлас” аст, ки ӯ бар пояи шеъри Мирзо Турсунзода эҷод шудааст. Ин таронаро бори аввал ҳанӯз соли 1951 Рене Ғолибова ва баъдан Шоиста Муллоҷонова иҷро карда буд. Радиои Озодӣ сабти ин тарона дар иҷрои Шоиста Муллоҷоноваро дорад:

Дар соли 2007 ремикси ин тарона, ки Сироҷиддини Фозил иҷро кард, дубора ба яке аз пуртамошобинтарин таронаҳо табдил ёфт.
Сироҷиддини Фозил "Зебанда туро либоси атлас"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:25 0:00
Линки мустақим

Ёқуб Сабзанов дар сӯҳбати 5 сол пешаш бо Радиои Озодӣ гуфт, аз он ки ин таронаро аз нав зинда карданд, хеле хушҳол шудааст: “Ман ин таронаро соли 1949 навишта будам, вале куммиссиюни Иттифоқи оҳангсозон онро қабул накард. Соли дигар низ қабул науфтод. Вале вақте оҳангро ба Рене Ғолибова нишон додам, даррав гирифту хонд ва якбора маъруф шуд. Баъдан қариб ҳама овозхонҳо хонданд онро.”
XS
SM
MD
LG