Пайвандҳои дастрасӣ

Мизроби алмосии "Шоҳи Шашмақом" ба Э.Раҳмон (ВИДЕО)


Рошел Аминов, фарзанди Нериё Аминов, ҳамроҳ бо Абдуҷаббор Раҳмонзода

Рошел Аминов, фарзанди Нериё Аминов, ҳамроҳ бо Абдуҷаббор Раҳмонзода

Рошел Аминов – фарзанди Нериё Аминов – аз Ню-Йорки Амрико натанҳо кӯлбори сурудҳои падараш, балки мизроби алмосии ин устоди "Шашмақом"-ро ба Тоҷикистон ба ҳадя овардааст.

Рошел Аминов – фарзанди Нериё Аминов аз Ню-Йорки Амрико натанҳо кӯлбори сурудҳои падараш, балки мизроби алмосии ин устоди "Шашмақом"-ро ба Тоҷикистон ба ҳадя овардааст.

Ӯ шоми 29 май дар маросими таҷлил аз садсолагии падараш дар Театри опера ва балети Душанбе гуфт, "ин мизробро барои падарам махсус фармоиш дода будем ва, инак, мехоҳем, ба раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳадя кунем. Ин мизроб аз алмоси соф (бриллиант) ва тилло таркиб ёфтааст."

Дар маҳфили садсолагии Нериё Аминов беш аз 20 суруду оҳангҳои маъруфи ӯ аз сӯи шогирдон ва пайравони мактаби эҷодияш иҷро шуданд. Фурқат Саидов, раҳбари шашмақомхонҳои Тоҷикистон, гуфт, "аслан шашмақомхонҳо зиёданд, вале он нафаре, ки дар баробари иҷро эҷодкорӣ низ мекунад, хеле кам аст. Яке аз ангуштшумор устодони "Шашмақом" буданд, ки ҳам оҳангсозӣ, ҳам овозхонӣ ва ҳам танбӯрнавозӣ мекарданд."

Афзалшоҳи Шодӣ, раҳбари Филармонияи давлатии Тоҷикистон гуфт, Нериё Аминов ба "Шашмақом" бисёр навгонӣ ворид карда буд. "Масалан, суруди маъруфи “Зулфи парешон” бо оҳанги Нериё Аминов эҷод гардидааст, вале онро дар Узбакистон бо матни узбакии “Қурбон улан” мехонанд,” – афзуд ӯ.

Нериё Аминов унвони Артисти хизматнишондодаи Тоҷикистони Шӯравиро дорад ва беш аз чиҳил сол дар дастаҳои ҳунарии шашмақомхон кор кардааст. Ҳоло сабти таронаҳое ба мисли “То боди сабо”, “Чи донӣ”, “Зулфи парешон”, “Гиря”, “Хубрӯён”, “Даромади ушшоқ” ва дигарон бо садои Нериё Ааминов дар хазинаии тиллоии Радиои Тоҷикистон ҳифз шудаанд.

Ин устоди Шашмақом дар солҳои 90-уми қарни гузашта ба далели нооромиҳо Тоҷикистонро тарк карда, то охири умр дар Амрико зиста ва фаъолият намудааст. Феълан пайвандони ӯ дар Ню-Йорк зиндагӣ доранд ва Рошел Аминов мегӯяд, мактаберо ба номи падараш ифтитоҳ карда, беш аз 200 навраси муқими Амрикоро бо забони тоҷикӣ дарси “Шашмақом” меомӯзонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG