Пайвандҳои дастрасӣ

29 октябр дар таърихи Тоҷикистони соҳибистқлол як рӯзи таърихӣ буд – дар ин рӯз бунёди нирӯгоҳи Роғун аз сар гирифта шуд. Роғунро яке аз азимтарин ва ҳам кӯҳантарин тарҳҳои анҷомношуда меноманд. Нирӯгоҳи Роғун дар 110-километрии Душанбе бар фарози рӯди Вахш ҷойгир буда, тарҳи нахустини сохтмони он ҳанӯз соли 1970 эҷод шуда буд.

Он замон Тоҷикистон як ҷумҳурии Шӯравӣ буд. Корҳои сохтмониро нигарониҳо аз зилзилазо ва ҳам як қаламрави кӯҳӣ будани Тоҷикистон бо мушкил рӯбарӯ мекард ва то пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ин тарҳ ҳамоно анҷомншуда боқӣ монд. Баъди даҳсолаҳо корҳои сохтмонӣ мутаваққиф шуд. Соли 1993 бар асари обхезиҳои шадид ҳар чи ки то он замон сохта тамом шуда буд, хароб шуд. Баъди ин мақомот чандин бор хостанд сохтмони Роғунро аз сар бигиранд, вале ин талошҳо бенатиҷа анҷомид. Ниҳоят ҳоло мегӯянд, ки соли 2018 истгоҳи барқии Роғун бояд ба кор шурӯъ кунад.

Рӯзи 29 октябр маҷрои оби Вахш баста ва бунёди садди обанбор шурӯъ шуд. Ин садд бо баландии 335 метр баландтарин дар ҷаҳон хоҳад буд. Сари чанбари булдозер шахсан президент Эмомалӣ Раҳмон нишаста дар шурӯи корҳои сохтмонӣ саҳмгузор шуд. Маросимро мақомоти баландпояи Тоҷикистон назорат мекарданд.

Иқтидори нақшавии нирӯгоҳ 3600 мегаватт барқ аст. Тобистони имсол маълум шуд, ки корҳои сохтмониро як ширкати итолиёӣ (Salini Impregilo SpA) анҷо медиҳад. Тавони нирӯгоҳ барои таъмини барқи тамоми аҳолии Тоҷикистон ва ҳам ҳамсоякишварҳо кифоят хоҳад кард.

Як сабаби тӯл кашидани корҳои сохтмонии нирӯгоҳи Роғун дар нигарониҳои бархе ҳамсоякишварҳо дар амнияти обанбор ва ҳам серхарҷ будани тарҳи он мебошад. Ҳисоб шудааст, ки барои сохтани пурраи нирӯгоҳи Роғун 4 миллииард доллар маблағ зарур мешавад​.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG