Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо "усули бобоӣ" хона сохтан хатарнок аст? (ВИДЕО)


Раиси кумитаи меъморӣ ва сохтмон мегӯяд, ки манзилҳои сокинони кишвар дар рустоҳо бо «усули бобоӣ» сохта шудаанд ва дар андак зилзила хароб мешаванд.

Абдувалӣ Комилов, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон рӯзи 23-юми январ дар нишасти хабарӣ ба хабарнигорон аз мушоҳидаҳои худ дар мавзеи Истиқлоли ноҳияи Ваҳдат қисса кард, ки дар натиҷаи зилзила манзилҳои сокинон тахриб шуда буд. Комилов мегӯяд, манзилҳои ин сокинон бидуни ягон пойдевор сохта шудааст ва ӯ ҳайрон аст, ки чигуна мардум дар ин хел хонаҳо то ба ҳол зиндагӣ кардаанд: «маҳаллаи Истиқлол рафтем болои кӯҳ, зиндагӣ воқеан дар он ҷо душвор будааст. Мардум ҳамин лойю хокро якҷоя карда бевосита аз рӯи замин девор бардоштаанд бидуни пойдевор. Ақалан дар зераш санг нагузоштаанд. Ин хонаҳо чи хел то ҳозир истодаанд!? Ҳамин хел як шамоли сахт шавад ин хонаҳо чаппа мешаванд. Хайрият боз ҳамин қадар вақт истодааст».

Масъулони кумитаи сохтмон ва меъморӣ гуфтанд, ки бо зиёд шудани аҳолии кишвар наметавон ба ҳар сокини кишвар қитъаи замин дод ва масоҳати киштзоронро маҳдуд кард. Аммо роҳи ҳалли мушкил, ба гуфтаи ӯ мавҷуд аст: «мардуми мо фарзанди зиёд доранд, хонаҳоро мустаҳкам сохтан лозим аст, ки баъдан дуқабатаву сеқабата сохта шавад. Мо наметавонем мардумро маҷбур созем, ки хонаҳои дуқабата созанд, мардум ҳоло шароит надорад. Бигзор якқабата созанд ва бо калон шудани фарзандон қабати дувум сохта шавад, аммо аз аввал таҳкурсии биноҳо барои қабатҳои болоӣ ҳам ба назар гирифта шавад».

Дар ҳамин ҳол аксари сокинони рустои Тоҷикистон натанҳо имкони иқтисодии бунёди хонаи дуошиёна ва аз он баланд, балки сохтмони бинои якошиёнаи замонавиро надоранд.

Хонаҳои похсадевори деҳоти Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:58 0:00

Шарифа Неъматова, муаллимаи яке аз мактабҳои ҳамагонии ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, танҳо панҷ фарзандашро ба воя мерасонад ва ба зур дар маҳаллаи Каттасойи ин ноҳия барои худ як кулба сохтааст: «вақте аз шавҳарам ҷудо шудам маҷбур шудам омада дар ҳамин доманакӯҳ хона созам. Ба ин маоши 500 сомониам ман имкони дар шаҳр зистанро надорам. Ҳамеша дар хатарем вақте борон зиёд меборам ба хонаамон об медарояд».

Дар ин маҳалла даҳҳо нафар аз навоҳии дуру наздики Тоҷикистон барои ба Душанбе наздик будани ин маҳалла омада дар теппаҳои он кӯлба бунёд кардаанд, ки аксариташон дар лаби ҷарӣ ҳастанд.

Файзалли Раҷабов, роҳбари Анҷумани бинокорони Тоҷикистон мегӯяд ҳангоми додани қитъаи замин ба мардум бояд лоиҳаи чанд намуди хона ҳам ба онҳо пешниҳод шавад: «дар деҳот барои мардум хеле заминҳои зиёд ҷудо шудааст. Бояд ягон ташкилоти ҷаъиятӣ ва ё ҳукуматҳои маҳал бояд ба мардум, ки сатҳи зиндагиашон паст аст якчанд лоиҳаи хонаҳоро ройгон бидиҳанд то мардум аз миёни он интихоб карда манзил бунёд кунанд».

Ҷаноби Раҷабов афзуд, ки дар бархе маврид эҳтимол мардум пеш аз гирифтани санади истифодаи замин ва бидуни тарҳи илман асоснок ба бунёди манзил шуруъ мекунад. Аммо ҳоло кумитаи сохтмон ба ин масъала диққати ҷиддӣ медиҳад ва тақсими қитъаҳои замин пас аз санҷиши ҳатмии маҳал имконпазир мешавад.

Сокинони деҳот мегӯянд онҳо воқеан ҳам ҳангоми гирифтани қитъаи замин лоиҳаҳои пешниҳодиро низ мегиранд, вале имкони молӣ надоранд аз рӯи чунин тарҳҳо манзил бунёд кунанд.

Нишасти хабарии Кумитаи меъморӣ ва сохтмон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:28 0:00
XS
SM
MD
LG