Пайвандҳои дастрасӣ

2014 - Соли авҷи сохтмон дар Душанбе ва Тоҷикистон (2 ВИДЕО)


Бинои Китобхонаи Миллии Тоҷикистон.

Бинои Китобхонаи Миллии Тоҷикистон.

Соли 2014 дар Тоҷикистон ҳамзамони бо фарояндҳои дигар соли авҷи сохтмон буд ва дар ин муддат ба маблағи миллиардҳо доллар биноҳои маъмурӣ ва истиқоматӣ қомат афрохт.

Соли 2014-ро барои шаҳри Душанбе соли авҷи корҳои сохтмонӣ ном мебаранд, ки онро дар кишварҳои ғарбӣ “boom” ҳам мегӯянд. Дар ин маврид ҳамаи коршиносон ва дастандаркорони ин бахш назари яксон доранд. Онҳо зарурати додани симои миллӣ ба сохтмонҳо ё меъмориҳои муҳими пойтахт ва дар назар гирифтани анъанаҳои миллии Шарқро низ таъкид мекунанд.

Таваҷҷӯҳи ҳар меҳмони пойтахтро меъмориҳои зебои “Кохи Наврӯз” дар канори кӯли Ҷавонон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, “Душанбе-Плаза”, “Бозори Пойтахт”, “Шератон”, муҷтамаи манзилҳои зисти “Диёри Душанбе”, Осорхонаи нави миллӣ, шаршараҳои боғи "Қасри миллат" ва як силсила осори барҷастаи меъморӣ зуд ҷалб мекунад. Ин биноҳо як ҷо бо биноҳои дигари фарҳангӣ ва маъмуриву зист, ба хусус дар маркази пойтахт симои онро ба куллӣ тағйир додаанд. Бархе аз бинандагон ин авҷи бинокориро як талоши нишон додани пешрафту ободонӣ меноманд, аммо бархи дигар мегӯянд, он аз як зоҳирпарастие беш нест ва рушди сохтмон маънии беҳбуди зиндагии мардумро надорад.

Ҳайдар Шарифов, раиси бахши сохтмон ва ободонии шаҳрдории Душанбе мегӯяд, дар давоми 11 моҳи соли 2014 барои сохтмони биноҳо 1 миллиарду 330 миллион сомонӣ сарф шудааст ва он то поёни сол ба 1,5 миллиард сомонӣ хоҳад расид, ки бештар аз 330 миллион долларро ташкил медиҳад.

Ин миқдор сармоя ҳам аз ҳисоби будҷаи давлат, яъне 1 миллиарду 330 миллион сомонӣ ва боқимонда аз ҳисоби ширкатҳо, ҷамъиятҳо,шахсони воқеӣ ва аз ҳисоби сармоягузориҳои хориҷӣ дар сохтмон сарф шудааст. Ҷаноби Шарифов меафзояд, дар соли 2013 ин маблағ 1 миллиарду 5 миллион сомониро ташкил додааст ва агар он бо соли 2014 муқоиса шавад, сармоягузорӣ тақрибан ним миллиард сомонӣ афзоиш ёфтааст. Ба ин тартиб дар давоми 10 соли гузашта сармоягузорӣ дар бахши сохтмони пойтахт 12 баробар афзоиш ёфтааст.

Константин Бондаренко

Константин Бондаренко

Константин Бондаренко, раиси Маркази Бозори Озоди Тоҷикистон низ гузоштани сармоя дар бахши сохтмони манзилро барои сармоягузорон судмандтар медонад. Ба гуфтаи вай, ҳам сармоягузорон ва ҳам харидорон шак доранд, ки сармояи худро дар бахшҳои тавлидотӣ гузоранд. Сабаб ин аст, ки сарфи сармоя дар сохтмони манзил ва харидории хона барои онҳо беҳтару амнтар аст, нисбат ба сохтмони корхонаи хурди тавлидотӣ ё коргоҳе, ки ҳар гоҳ метавонад ба хатари муфлисӣ рӯ ба рӯ шавад.Ба гуфтаи оқои Бондаренко, шаҳрвандон наметавонанд пасандозҳои худро чун коғази арзишнок нигоҳ доранд, зеро имкони поин рафтани арзиши ин пулҳо аз эҳтимол дур нест. Онҳо ба хариди хона бартарӣ медиҳанд, чун хона дороиест, ки арзиши худро гум нахоҳад кард. Ба ин сабаб хонаҳое, ки дар пойтахт сохта мешаванд, бидуни муштарӣ намемонанд.

Аммо ин нукта низ вақтҳои охир ҷалби таваҷҷӯҳ мекунад, ки сокинон мехоҳанд, дар шароити беҳтаре зиндагӣ кунанд ва рӯҳияи онҳо барои беҳбуди шароити зисти худ тағйир ёфтааст. Муштариён саъй мекунанд, бештар дар биноҳои навсохт ва дар маҳаллоте барои худ манзил бигиранд, ки ба хости онҳо муносиб бошад. Бо назардошти чунин рӯҳия Ҳайдар Шарипов мегӯяд, сохтмони биноҳои нави маъмуриву зист дар оянда на танҳо дар маркази шаҳр, балки дар маҳаллаҳои дигари пойтахт низ идома хоҳад ёфт ва дар ин маврид хости худи сокинон дар назар гирифта мешавад.

Кохи Наврӯз дар Душанбе

Кохи Наврӯз дар Душанбе

Дар барномаҳои шаҳрдорӣ дар маркази пойтахт бештар ба биноҳои маъмуриву фарҳангӣ ва ҷойҳои фароғатӣ таваҷҷӯҳ зоҳир хоҳад шуд, то шароити сайру гашти сокинон низ фароҳам оварда шавад. Ҷаноби Бондаренко мегӯяд, вай вақтҳои охир ба шаҳрҳои дигари Тоҷикистон низ сафар мекунад ва афзоиши сохтмон на танҳо дар Душанбе, балки дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппаву Кӯлоб ва Хуҷанд низ мушоҳида мешавад. Вай мегӯяд, панҷ сол пеш дар ин шаҳрҳо сохтмони хонаҳо аслан ба назар намерасид, вале акнун сохтмон дар ин шаҳрҳо низ авҷ гирифтааст ва манзилҳои зист харидор доранд.

Ҳоло дар деҳоти дурдаст низ хонаҳои навсохтеро мешавад дид, ки аз рӯйи тарҳҳои гуногуне сохта шуда, ба қасрҳои хурд шабоҳат доранд. Зоҳиран, маблағҳое, ки тоҷикон аз муҳоҷират дар Русия ба даст меоранд, бештар дар сохтмони хонаҳо харҷ мешавад. Ин нукта ҳам дар миён аст, ки муҳоҷирон пас аз солҳои дарози кор дар Русия ҳамчун устодони бинокорӣ ба ватан бармегарданд ва на танҳо тарҳҳои иҷрокарда, балки ҳунару таҷрибаи хешро низ дар бунёди манзилҳои барҳаво ва бошукӯҳ сарф мекунанд.

Суоле пеш меояд, ки оё бо авҷи корҳои сохтмонӣ ба унсурҳои меъмории миллӣ ё шарқӣ низ таваҷҷӯҳ мекунанд? Баҳром Юсупов, раиси Иттиҳодияи меъморони Тоҷикистон мегӯяд, биноҳое, ки ҳоло дар шаҳри Душанбе сохта мешаванд, бештар ба меъмориҳои минтақаи Осиёи Марказӣ хос аст, ки дар он вижагиҳои иқлими минтақа дар назар гирифта шудааст. Чунин меъморӣ дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ дида мешавад. Вале дар биноҳое чун “Кохи Наврӯз”, “Бозори Пойтахт”, Китобхонаи Миллӣ унсурҳои миллӣ риоят шудааст ва ороишоти беруну даруни онҳо аз сабки меъмории миллӣ дарак медиҳанд.

Вале дар бинокории хусусӣ дар атрофи шаҳрҳо ва дар деҳот ҳар бинокор худ тарроҳ ва меъмор аст ё нусхаеро аз биноҳое дар манотиқи гуногуни Русия ва Қазоқистон бо худ оварда ва амалӣ мекунад. Биноан, ин минтақаҳо аз лиҳози меъморӣ ба як "винегрет" ё рангорангию омехтагиҳое шабоҳат доранд, ки кас гумон намекунад, ин биноҳоро дар Тоҷикистон мебинад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG