Пайвандҳои дастрасӣ

Тан ҷудову сар ҷудо ҳайкали Ленини Душанбе нопадид гашт (ВИДЕО)


Ҳайкали Ленин дар Душанбе, 28-уми сентябрим соли 1991.

Ҳайкали Ленин дар Душанбе, 28-уми сентябрим соли 1991.

Тани бесари ҳайкали Ленин, ки шикастанаш дар Душанбе боиси ихтилофот ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ гашта буд, нопайдо шудааст.

Баданаи ин ҳайкали бузург, ки дар авҷи эътирозҳои мардумии соли 1991 дар Душанбе вожгун гашт, ба таври асроромез ғайб зада, порчаҳои хурди он дар дасти афроде дар Тоҷикистон боқӣ мондаанд. Ин шаҳрвандон, ки порчаҳое аз сар ва дасти “доҳии коммунистони ҷаҳон”-ро соҳибӣ кардаанд, намехоҳанд, дар бораи онҳо маълумоте нашр шавад.

Сарнавишти пайкараи таърихии Душанбе, ки ба қавле, ҳангоми чаппа шудан ба рӯйи мардуми тоҷик афтод ва сояаш то ҳанӯз бар хотираҳои ихтилофу ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон тирагӣ мекунад, замоне матраҳ мешавад, ки Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мехоҳад, дар ростои таҷлил аз 90-солагии таъсисаш пайкараҳои тахрибшудаи Ленинро бозсозӣ кунанд.

ЛЕНИН БАРМЕГАРДАД?

Ноиби раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков, рӯзи 8-уми декабр ба Радио Озодӣ гуфт, вақте ки ҳайкал ба таври ваҳшиёна аз ҷониби бадхоҳони ҳизб шикаста шуд, коммунистҳо мехостанд, онро чун осори таърихӣ ҳифз кунанд. Аммо бо тақозои мақомот ин ҳайкал ба Додситонии кулли Тоҷикистон супурда шуд. Муфаттишони додситонӣ аз коммунистҳо талаб карданд, ки барои боз кардани парвандаи ҷиноӣ пораҳои ҳайкалро чун далели шайъӣ ба онҳо диҳанд.

Исмоил Талбаков

Исмоил Талбаков

Ҷаноби Талбаков меафзояд, акнун маълум нест, чунин як ҳайкали бузурги мисӣ ба куҷо ғайб задааст: “Қувваҳое, ки зидди Шӯравӣ буданд бо чаппа кардани ҳайкали Ленин муваффақ шуданд. То ҷое ки огоҳ ҳастам, пораҳои ҳайкал дар дасти мақомоти вақт буд. Аммо баъдан дигар нафаҳмидем, ки он куҷо шуд. Парвандааш ба охир расид ё не? Аммо аз рӯйи шунидам, ҳоло гӯё порае аз ин ҳайкал дар осорхонаи як кишвари хориҷӣ нигаҳдорӣ мешавад.”

Дар ин зимн, муовини раиси Ҳизби коммунист хабар дод, ки ҳоло коммунистҳо бо ҳукумат гуфтушунид доранд, то ҳайкали Ленин аз нав гузошта шавад, аммо манзур ҳайкалест, ки дар боғи шаҳр, ҳоло “Боғи устод Рӯдакӣ” аст. Эҳтимол меравад бо иҷозаи шаҳрдорӣ ё Ҳукумати Тоҷикистон ҳайкали Ленин чун ёдгории таърихӣ дар ягон гӯшаи Душабне дубора қомат кашад.

Аммо сарнавишти ҳайкали порашудаи Ленин, ки гуфта мешавад тақрибан 7 метр баландӣ дошт, номаълум боқӣ мемонад. Бархе аз ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, эҳтимол онро ҳамчун мис фурӯхта бошанд.

ЭҲЁИ ҲАЙКАЛИ ШИКАСТА

Шаҳрдории Душанбе ҳанӯз охири солҳои 1990 талош кард, ҳайкали шикастаи Ленинро тармим кунад. Раиси вақти Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Сӯҳроб Қурбонов, мегӯяд, яке аз аъзои ин иттиҳод Шаҳриёр Мухторов пайкараро камубеш ба ҳолати беҳтар дароварда буд.

Сӯҳроб Қурбонов

Сӯҳроб Қурбонов

Ҷаноби Қурбонов афзуд, шаҳрдори вақти Душанбе Мақсуд Икромов барои бозсозии он ҳайкал 30 ҳазор рубл ҷудо карда буд: “Шаҳриёр ҳайкалро дубора бозсозӣ карда, чехраашро низ омода намуд, танҳо мис кашиданаш монда буд. Бори охир ҳайкалро дар Комбинати ободонии Душанбе дида будам. Аммо намедонам, баъдан он куҷо шуд.”

Баъдан Тоҷикистон ба тӯфони ҷанги шаҳрвандӣ печид ва касе ба фикри ҳайкали Ленин набуд. Талошҳои мо барои пайдо кардани Шаҳриёр Мухторов натиҷа надод. Онҳое, ки ӯро мешинохтанд, гуфтанд, ки вай бо аҳли хонадонаш ба Амрико кӯчидааст. Комбинати ободонии Душанбе дар ин байн борҳо тағйири ном кард ва аз кормандони пешинаи он низ касе ёфтан нашуд.

Аз ин ниҳод дар гузари “Ҳаёти нав”-и Душанбе танҳо як бинои фарсуда ва оҳанпораҳои зангзада боқӣ мондааст.

АРЗОН Ё ГАРОН?

Вафо Назаров, сардори вақти “Фонди бадеи”-и Тоҷикистон мегӯяд, охирин бор ҳайкалро дар ҳавлии Комбинати ободонии Душанбе дидааст: “Ман аслан намедонам ҳайкал куҷо шуд. Ба мо тааллуқ надошт. Дар ихтиёри ҳукумат буд. Фақат шунидам, ки онро бозсозӣ доранд. Вале ҳайкал чандон арзиши гарон надошт, ки боиси ташвиш шавад. Ҳадди ақал миси холис набуд, ки ба касе лозим шавад.”

Кандани ҳайкали Ленин дар шаҳри Хуҷанд

Кандани ҳайкали Ленин дар шаҳри Хуҷанд

Аммо яке аз муфаттишони парвандаи “Шикаста шудани ҳайкали Ленин” ба Радои Озодӣ гуфт, ҳарчанд ҳайкал аз мис буд, тило низ дошт. Ба гуфтаи ӯ, камарбанди меҳварии пайкара аз тило сохта шуда буд. Ин муфаттиш, ки намехоҳад, номаш гуфта шавад, афзуд, тафтиши парвандаи мазкур дар зиммаи чанд муфаттиш буд. Онҳо парвандаро ба анҷом ҳам расониданд: “Як пораи хурди сари ҳайкал, ки дар майдони Озодӣ афтида буд, онро бо худам гирифтам. Ҳамчунин чанд акси дигар ҳам аз он лаҳзаҳо дорам. Тафтишот муайян кард, ки ҳайкал 12 ҳазор рубли шӯравӣ арзиш дошт. Замоне мо тафтишотро анҷом медодем як тоҷир аз Финландия, ки яке аз дӯстони шаҳрдори вақт, Икромов буд, 150 ҳазори рубли шӯравӣ нархгузорияш кард. Мехост, онро харидорӣ карда барад, аммо барои фурӯхта шудани ҳайкал фармон набаромад ва ӯ дасти холӣ рафт.”

ДОҲИИ ПИНҲОНШУДА

Ҳамаи ҳамсӯҳбатони мо, ки ба эҳтимоли зиёд аз зумраи охирин касоне ҳастанд, ки ҳайкали шикастаи Ленинро дидаанд, мегӯянд, сарнавишти баъдинаи онро намедонад. Гумон намеравад, ҳарчанд зимни таҳқиқи парванда он дар ихтиёри Додситонии кулли Тоҷикистон буд, онро ба ин бузургӣ ба бинои додситонӣ бурда бошанд.

Узви гурӯҳи муфаттишони парванда, ки он солҳо дар Додситонии кул кор мекард, мегӯяд, танҳо порчаҳои хурди онро ба додситонӣ оварда буданд ва ҳама гуна ташхис дар ҳавлии Комбинати ободонии Душанбе ҷараён мегирифт. Аммо ин ақида низ ҷой дорад, ки барои тармим ҳайкал ба яке аз устохонаҳои “Фонди бадеӣ”-и Тоҷикистон дар қисмати шимолу шарқии Душанбе бурда шудааст. Ин устохонае буд, ки дар он ҳайкали Фирдавсӣ – ҷойгузини баъдии пайкараи Ленин омода мешуд. Дар ҳар ҷое ки буд, ин муфаттиш мегӯяд, ба ақидаи ӯ, ҳайкалро барои мис ва камарбанди тилояш фурӯхтаанд.

Фурӯхта шудани ҳайкалро дигарон низ ҳадс мезананд, аммо мегӯянд, шояд барои филизоташ, балки ҳамчун як ёдгории таърихии замони шӯравӣ, кибо гузашти айём нархи ҳар порчааш бо тило баробар мешавад.

Дар ҳоли ҳозир дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон зиёда аз 65 ҳайкал ва нимпайкараҳои Ленин мавҷуданд ва соли гузашта муҷассамаи Ленин дар шаҳри Хуҷанд баъд аз барканда шуданаш дубора дар соҳили рӯди Сир гузошта шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG