Пайвандҳои дастрасӣ

"Мушкили фаннӣ"-и якбора 4 телевизиони Гулнора Каримова


Гулнора Каримова

Гулнора Каримова

Бино ба гузориши бахши узбакии Радиои Озодӣ, аз шоми 21 октябр якбора пахши 4 шабакаи телевизионии зери назорати Гулнора Каримова - духтари калонии раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов – қатъ шудааст.

Пахши барномаҳои шабакаҳои TV-Markaz, NTT, SOFTS ва Forum TV, ки ба Гулнора Каримова марбут дониста мешаванд, аз шоми 21 октябр дар саросари Узбакистон қатъ шудаанд. Як намояндаи TV-Markaz ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки иллати қатъ шудани пахши барномаҳои ин шабака ва расонаҳои дигари ёдшуда фаннист.

Як намояндаи Иттиҳодияи расонаҳои электронии ғайридавлатии Узбакистон гуфтааст, дар бораи мушкилоти фаннии ин шабакаҳои телевизионӣ хабар надорад, вале имкон дорад, ки пахши барномаҳои ин расонаҳо аз рӯзи 22 октябр аз сар гирифта шавад. Тавассути ин 4 шабака маъмулан фаъолиятҳои Гулнора Каримова ва чорабиниҳои ҷодиву ҷамъиятии ӯ тарғиб мешуд.

Таҳлилгарони масоили Узбакистон якбора қатъ шудани пахши барномаҳои 4 шабакаи марбут ба духтари президентро амре тасодуфӣ наамешуморанд ва мегӯянд, иттифоқан пахши барномаҳо замоне қатъ шуд, ки мебоист рӯзи 22 октябр дар Тошканд расми гушоиши Ҳафтаи байналмилалии ҳунарҳо бо номи Art Week Style.uz доир мешуд. Ин ҷашнвораро низ ба номи Гулнора Каримова рақам мезананд ва интизор мерафт, ки он як баҳонаи дигари баланд барои таблиғи шахси ӯ тавассути тамоми расонаҳои телевизионии марбут ба ин духтари президенти Узбакистон шавад.

Хабарнигори бахши узбакии Радиои Озодӣ мегӯяд, «маъмулан ин шабакаҳо ҳар як қадами ӯро пайгирӣ мекунанд ва тамоми барномаҳояшон иборат аз инъикоси фаъолиятҳои Гулнора Каримова мебошад. Ин 4 шабака дар амал ба як минбари воқеъии таблиқ ва рекламаи шахсияти Гулнора Каримова табдил ёфтаанд.»

Бино ба ин манбаъ, қатъи барномаҳои шабакаҳои телевизионии зери назари Гулнора Каримова бидуни иҷозати президент Каримов ғайримумкин аст. Ҳанӯз маълум нест, ки оё дар ин «мушкилоти фаннӣ»-и омада бар сари шабакаҳои телевизионии Гулнора падараш даст дорад ё на, вале худи ӯ рӯзи 22 октябр дар расми ифтитоҳи Ҳафтаи байналмилалии ҳунарҳо аслан зоҳир нашуд. Танҳо баъди муддате ӯ тавассути шабакаи иҷтимоии Твиттер аз худ бо паёми кӯтоҳе дарак дод. Ин паём бидуни шарҳи зиёд ишораҳое дошт, ки гӯё мехоҳанд дар роҳи фаъолиятҳои ӯ мониаҳое эҷод кунанд.

Гулнора Каримова духтари калонии раисиҷумҳури 79-солаи Узбакистон Ислом Каримов аст, ки бо фаъолиятҳои баҳсбарангезаш ном баровардааст. Гулнора Каримова ба фарқ аз фарзандони ҳокимони дигари худкомаи минтақа аз расонаӣ шудани номаш баръакс истифода мекунад ва шабакаҳои иҷтимоии Интернетро ба як майдони дигари таблиғи худ табдил додааст. Ӯ ҳамин тавр, бо тахаллуси "Гугуша" овозхонӣ ҳам мекунад ва чанд албом низ сабт кардааст.

Исми Гулнора Каримова дар робита ба ғасби тиҷоратҳои пурфоида дар Узбакистон ва тақозои миллионҳо доллар пора ё «ҳаққи хидмат» барои таҳияи заминаи шурӯъи фаъолияти ширкатҳои бузурги ҷаҳонӣ дар бозори ин кишвари Осиёи Марказӣ вирди забонҳо шудааст. Ду моҷарои ахир, ки дар он исми Гулнора Каримова зиёд зикр шуд, марбут ба ширкати шведии TeliaSonera ва ширкати русии МТС буд, ки гуфта мешавад, ҳарду барио вуруд ба бозори Узбакистон дар ивази пардохтҳои бузурге маҳз аз Гулнора Каримова «дуо» гирифтаанд.

Лола Каримова – духтари хурдии Ислом Каримов – моҳе пеш дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Бӣ-бӣ-сӣ иқрор кард, ки бисёре аз рафтори хоҳари калониашро намепазирад ва ҳатто тақрибан 12 сол боз бо Гулнора тамоман гап намезанад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG