Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқоти Бритониё: Қатли Литвиненкоро "зоҳиран" Путин фармуда буд


Таҳқиқоти Бритониё ба натиҷае расидааст, ки дар пушти куштори 10 сол пеши Александр Литвиненко ҳукумати Русия истода буд ва амри ин кушторро "зоҳиран Владимир Путин тасвиб кардааст."

Таҳқиқоти анҷомшуда дар Бритониё ба натиҷае расидааст, ки дар паси қазияи бо заҳр куштани афсари собиқи мақомоти амниятии Русия Александр Литвиненко ҳукумати Русия истода буд ва амри ин кушторро “зоҳиран” раисиҷумҳури Русия Владимир Путин тасвиб кардааст.

Натиҷаҳои таҳқиқоти додраси бритониёӣ Роберт Оуэн, ки рӯзи 21 январ нашр шуд, мегӯянд, “эҳтимоли қавӣ” вуҷуд дорад, ки Литвиненко аз сӯи шаҳрвандони Русия Дмитрий Ковтун ва Андрей Луговой кушта шуд ва онҳо бо фармони ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия – амал мекарданд. Муҳаққиқон ба натиҷае расиданд, ки Литвиненкои он замон 44-сола дар соли 2006 маҳз баъди нӯшидани чой бо Луговой ва Ковтун дар як меҳмонсарои Лондон аз маводи радиоактивии полониум -2010 заҳролуд шуда, рӯзи 23 ноябр, баъди се ҳафта дар бемористон даргузашт.

Оуэн гуфт, байни Путин ва Литвиненко ихтилофи хусусӣ вуҷуд дошт ва аъзои маъмурияти Путин барои куштани Литвиненко ангеза доштанд.

Оуэн дар гузоришаш ҳамчунин аз Николай Патрушев, аз ёрони наздики Путин ва раҳбари ФСБ дар тӯли солҳои 1999-2008 ном мебарад, ки низ "зоҳиран" куштоир Литвиненкоро тасвиб кардааст. Оуэн навиштааст, "ман бовар дорам, ки Луговой ва Ковтун ҳангоми заҳролуд кардани Литвиненко бо фармони дигарон амал мекарданд. Амалиёти ФСБ барои заҳролуд кардани Литвиненко зоҳиран аз сӯи Патрушев ва президент Путин тасвиб шуда буд."

Кремл ҳар навъ даст доштанаш дар марги Александр Литвиненкоро рад мекунад. Маскав ҳамин тавр, аз истирдоди Луговой ва Ковтун ба Бритониё барои бозҷӯӣ низ даст кашидааст.

Александр Литвиненко, афсари собиқи ФСБ ва аз мунтақидони сарсахти ҳукумати Владимир Путин, дар соли 2000-ум, баъди ба қудрат расидани ӯ аз Русия фирор карда, дар Бритониё паноҳ бурда буд. Ӯ ҳаммуаллифи китоби пурсарусадои “ФСБ Русияро метарконад” буд. Дар ин китоб масъулияти таркишҳои пурқурбонии чанд манзили баландошёнаи истиқоматӣ дар шаҳрҳои мухталифи Русия дар тирамоҳи солши 1999, ки ба бовари бисёриҳо, роҳи Путинро ба сӯи қудрат боз кард, ба дӯши ниҳодҳои амниятии Русия, аз ҷумла ФСБ бор карда мешавад.

Литвиненко бо вуҷуди пайдо кардани паноҳгоҳ дар Бритониё ҳамеша аз сарнавишти худ изҳори нигаронӣ мекард ва мегуфт, ҷосусони Кремл ӯро ҳатто дар хориҷ низ таъқиб мекунанд.

Рӯзи 1 ноябри соли 2006, баъди чойнӯшӣ бо Ковтун ва Луговой дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Лондон, вазъи Литвиненко бад шуд ва ӯро ба бемористон бурданд. Ӯ рӯзи 23 ноябри соли 2006 даргузашт. Ташхиси тиббӣ дар бадани ӯ нишонаҳои маводи раидоактивии полониум -210-ро мушаххас кард.

Бо чунин шева, яъне додани заҳр, куштани як мунтақиди ҳукумат ва он ҳам дар қаламрави Бритониё ба як таниши аз лиҳози шиддат камсобиқа дар равобити Бритониёву Русия оғоз гузошт.

Баъди эълони натиҷаҳои таҳқиқот, Бритониё сафири Русияро эҳзор ва ҳисобҳои бонкии Ковтун ва Луговойро мунҷамид кард. Вазиири дохилаи Бритониё Тереза Мей бо эълони ин тасми гуфт, Бритониё ба шариконаш дар паймони низомии НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо низ нома зада, ба хотири ҷилавгирӣ аз чунин қатлҳо дар оянда рӯи даст гирифтани айни таҳримотро тақозо кардааст. Хонум Мей натиҷаҳои таҳқиқотро "амиқан такондиҳанда" ва "нақзи мудҳиш ва ғайриқобилиқабули қонуни байналмилалӣ ва рафтори башарӣ" номид.

Дафтари сарвазири Бритониё Девид Камерон гуфт, ҳукумати ин кишвар рӯи иқдомҳои бештаре дар робита ба натиҷаҳои таҳқиқи қатли Литвиненко меандешад.

Ҳамсари Литвиненко – Марина Литвиненко гуфт, Камерон бояд алайҳи афроди номбаршуда, бо шумули Путин таҳримоти нишонраси иқтисодӣ ва манъи раводиди сафар ҷорӣ кунад.

Аммо дар Маскав Андрей Луговой, яке аз гумонбарони аслӣ дар заҳролуд кардани Литвиненко, дар пайи эълони натиҷаҳои таҳқиқоти Бритониё гуфт, ҳама иттиҳомоти эълоншуда ба зидди ӯ “сафсатта”-анд. Ковтун низ натиҷаҳои таҳқиқоти Бритониёро рад карда, гуфтааст, мунтазири натиҷаҳои таҳқиқест, ки Русия анҷом медиҳад.

Вазорати умури хориҷии Русия низ гузориш дар бораи натиҷаҳои таҳқиқоти қозии бритониёӣ Роберт Оуэнро "машкук" ва "дорои ангезаҳои сиёсӣ" номид. Ин вазорат гуфт, ки натиҷаҳои нашршудаи таҳқиқот рӯи равобити Лондону Маскав соя меафкананд.

Сафири Русия дар Бритониё Александр Яковенко аз сӯи ҳукумати Бритониё барои шунидани шикоятҳои Лондон дар мавриди ҳусни ҳамкорӣ нишон надодани Маскав дар ин таҳқиқот даъват шуда буд. Яковенко баёнияе нашр кард, ки дар он ба дӯши ҳукумати Русия бор кардани куштори Литвиненко "ғайриқобилиқабул" ва "иғвои бепардаи мақомоти Бритониё" хонда мешавад.

Як манбаъ дар мақомоти интизомии Русия бидуни бурдани ном ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, Русия Луковой ва Ковтунро ба Бритониё нахоҳад супурд. Ин манбаъ гузориши Оуэнро "дорои ангезаҳои сиёсӣ" номидааст.

Сухангӯи Кремл ҳанӯз як рӯз қабл аз нашри гузориши Оуэн гуфт, таҳқиқоти Бритониё дар меҳвари таваҷҷӯҳи Путин қарор надорад.

XS
SM
MD
LG