Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Бритониё ба Хоруғ рафт


Робин Орд Смит, сафири Бритониё дар Душанбе барои ошноӣ бо вазъи Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон ба ин шаҳр сафар кардааст. Робин Орд Смит, сафири Бритониё, ки имрӯз 10-уми июн бо ҳавопаймо аз Душанбе ба Хоруғ парвоз кард, ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи ҳадафи сафараш аз тариқи Твиттер гуфт, ин як сафари маъмулӣ дар давру бари Тоҷикистон аст ва “муҳим аст, авзоъро бубинем, то ки ба сайёҳони бритониёӣ тавсияҳои муносиб дода шавад.”

Аз ин пештар ва дар рӯзи 4-уми июн Роберт Орд Смиф гуфта буд, ки вазорати хориҷии Тоҷикистон ба дипломатҳо ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ иҷозаи сафар ба Бадахшонро намедиҳад, ҳарчанд сайёҳони хориҷӣ метавонанд ба онҷо сафар кунанд. Баъди нооромиҳои рӯзҳои 21-24 майи Хоруғ ва ба оташ кашидани бинои додситонӣ ва раёсати умури дохилии вилояти Бадахшон ҳукумати Тоҷикистон судури иҷозаи сафар ба хориҷиён ба вилоятро мутаваққиф кард. Сафоратҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон аз ҷумла намояндагиҳои дипломатии Амрикову Бритониё ба шаҳрвандони он кишварҳо тавсия додаанд, ки аз сафар ба Хоруғ парҳез кунанд, зеро эҳтимоли такрори хушунат вуҷуд дорад.

Эътирозҳои Хоруғ рӯзи 21 май, дар пайи як тирандозӣ дар маркази шаҳр оғоз ёфт. Дар ҷараёни як амалиёт, ки ба гуфтаи пулис, алайҳи қочоқбарони маводи мухаддир сурат мегирифт, 3 нафар, бо шумули як афсари ОМОН, кушта ва 4 тани дигар захмӣ шуданд. Рӯзи 1 июн байни ҳукумат ва намояндагони эътирозгарони Хоруғ протоколе имзо шуд, ки бар асоси он кумиссиюни мушатараки иборат аз намояндагони мақомоти тафтишотӣ ва ҷомиаи шаҳрвандии Бадахшон, бо шумули фармондеҳи собиқи мухолифин дар Хоруғ, нооромиҳои ахирро таҳқиқ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG