Пайвандҳои дастрасӣ

Бритониё Путинро таҳдиди воқеӣ барои кишварҳои назди Балтик хонд


Вазири дифои Бритониё гуфтааст, Русия хатари воқеӣ барои кишварҳои назди Балтик ба шумор меравад ва НАТО барои муқобила бо ҳамлаҳои эҳтимолӣ ба ин кишварҳо, омода мешавад.

Майкл Фаллон, вазири дифои Бритониё гуфтааст, Русия барои Эстония, Латвия ва Литва як хатари воқеӣ ба шумор меравад ва аз омодагии паймони НАТО барои муқобила бо ҳамлаҳои эҳтимолӣ ба ин кишварҳо, хабар додааст.

Вазири дифои Бритониё афзудааст, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия метавонад аз шеваҳо ва тактикаҳои пинҳонӣ барои ноамн кардани кишварҳои назди Балтик, ки акнун муттаҳидони шарқии НАТО ба шумор мераванд, истифода кунад. Дар вокуниш, вазорати дифои Русия суханони вазири дифои Бритониёро дур аз ахлоқи дипломатӣ донист ва гуфт, таҳдиди Русия ба ин кишварҳо "афсона" аст.

Вазири дифои Бритониё ба рӯзномаҳои Taimз ва Daily Telegraph гуфтааст, "ман дар мавриди Путин нигаронам. Хатари воқеӣ ва айнӣ дар баробари ин се кишвар вуҷуд дорад. Русия дар ҷустуҷӯи такрори равишҳое дар кишварҳои назди Балтик аст, ки барои нооромӣ дар шарқи Украина ва Қрим аз он истифода мекард". Вазири дифои Бритониё гуфтааст, "ман дар бораи фишори Путин ба кишварҳои назди Балтик ва равише, ки ӯ барои озмоиши НАТО дар пеш гирифтааст, нигаронам."

Майк Фаллон, вазири дифои Бритониё.

Майк Фаллон, вазири дифои Бритониё.

Ҷаноби Фаллон афзудааст, ки НАТО бояд барои муқобила бо ҳар навъ таҷовузи Русия омода бошад. Вазири дифои Бритония ин суханонро замоне гуфт, ки Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина аз Шӯрои амният ва дифои кишвараш хост, то ба ҳузури нерӯҳои ҳофизи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид мувофиқат кунад. Аммо ҷудоиталабони тарафдори Русия мегӯянд, ки ин пешниҳод нақзи созишномаи сулҳ аст.

Оқои Фаллон ҳамчунон дар бораи фаъолияти нерӯҳои ҳавоии Русия дар наздикии ҳарими ҳавоии Бритониё ишора кардааст. Вазорати дифои Бритониё рӯзи гузашта гуфта буд, ки ҳавопаймоҳои ҷангии он кишвар, ду ҳавопаймои ҷангии Русияро дар наздикии соҳилҳои Бритониё мушоҳида карданд, ки барои он кишвар аз ҷиҳати стратегӣ муҳим мебошанд. Аммо ба гуфтаи вазорати дифои Бритониё, ин ҳавопаймоҳо вориди ҳарими ҳавоии Бритониё нашудаанд.

Равобити Бритониё бо Русия аз оғози бӯҳрони Украина рӯ ба тирагии бештар ниҳодааст. Лондон яке аз мунтақидони сахти Путин буда ва мегӯяд, ки Иттиҳодияи Аврупо бояд таҳримҳои бештар алайҳи Русия ҷорӣ намояд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG