Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Британия қарордод бо Тоҷикистонро шарҳ дод


Сафири Бритониё дар Тоҷикистон Робин Орд Смитт.
Сафири Бритониё дар Тоҷикистон Робин Орд Смитт.

Тоҷикистон ба Британия иҷоза дод, ки таҷҳизоту лавозимоти низомиашро аз Афғонистон аз тариқи қаламрави Тоҷикистон берун барад.

Аммо дар аввалин лаҳзаҳои баъд аз имзои қарордоди дуҷониба дар шарҳи он як номуайянӣ пеш омад.

Созишномаи хуруҷи Бритониё аз Афғонистон ба воситаи Тоҷикистонро вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ ва сафири Бритониё Робин Орд Смит рӯзи 18-уми апрел дар Душанбе имзо карданд.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:57 0:00
Линки мустақим



Ҳарчанд дар баёнияи матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфта шуд, ки созишномаи мазкур «таъмини транзити афсарон»-ро низ аз қаламрави Тоҷикистон дар назар дорад, ҷаноби Орд-Смит, дар сӯҳбат ба хабарнигорон гуфт, ҷонибҳо танҳо дар мавриди интиқоли лавозимоти низомӣ аз тариқи қаламрави Тоҷикистон мувофиқа карданд, вале мавзӯи хурӯҷи сарбозону афсарони бритониёӣ тавассути ин кишвар матраҳ нашудааст.

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва сафири Бритониё ба ин созишнома имзо гузоштанд.
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва сафири Бритониё ба ин созишнома имзо гузоштанд.
«Афсарону сарбозони бритониёӣ бо роҳи ҳавоӣ интиқол дода мешаванд. Зеро роҳи заминӣ хароҷоти зиёдеро дар пай дорад ва роҳи ҳавоӣ арзонтару беташвиш аст. Аммо дар сурати гирифтори ҳолатҳои изтирорӣ шудани ҳавопаймоҳо, онҳо ҳуқуқи фуруд омадан дар майдонҳои ҳавоии Тоҷикистонро доранд», гуфт сафири Британия дар Тоҷикистон.

Ба гуфтаи ҷаноби Смит, Бритониё дар ивази интиқоли молу муҳимоти низомиаш аз хоки кишвар, ба артиши Тоҷикистон кӯмакҳои низомӣ хоҳад расонд. Ба таъкиди сафир, дар созишномае, ки рӯзи панҷшанбе ба имзо расид, ҳаҷму миқдори кӯмакҳои низомии Бритониё ба Тоҷикистон дақиқ нашудааст ва ин масъала дар вохӯрии сарони ниҳодҳои ҳарбии ду кишвар баррасӣ хоҳад шуд.

Ҷаноби Смит мегӯяд, чизе ки аз ҳоло аниқ аст, ин аст ки кишвараш ба ниҳодҳои низомии Тоҷикистон таҷҳизоти ғайри кушанда ироа мекунад ва афсарони тоҷикро дар сохторҳои низомии Бритониё омӯзиш медиҳад.

Бояд гуфт Бритониё барои хурӯҷи нерӯҳояш аз хоки Афғонистон аз кули роҳҳои мумкин истифода мекунад ва ба ин мақсад бо аксарияти кишварҳои минтақа аз ҷумла бо Узбакистон низ созишнома имзо кардааст.

Бритониё то ба ҳол ягона кишварест, ки бо Тоҷикистон барои ихроҷи нерӯҳояш аз Афғонистон созишнома ба имзо расонидааст. Аз ин рӯ ба таъкиди коршиносон, давлати Тоҷикистон бояд аз ин фурсати муносиб хуб истифода кунад.

Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик
Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик
Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ҳамсоякишвари Тоҷикистон- Узбакистон, ҳангоми музокирот бо кишварҳое, ки хостори интиқоли нерӯҳояшон аз ҳудуди ин кишваранд, масъалаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва кӯмакҳои низомиро дар мадди аввал мегузошт: «Ҳоло барои Тоҷикистон дар ростои имзои созишномаи хуруҷи нерӯҳои Британия барои матраҳ кардани дигар масъалаҳои иқтисодӣ вақти хеле мусоид аст. То ҷое ман огоҳам, ҷониби Тоҷикистон низ ҳангоми музокирот дар робита ба хуруҷи нерӯҳои Британия масъалаҳои иқтисодиву сармоягузориро низ бардошта буд.»

Дар ҳошияи имзои созишномаи мазкур, як гурӯҳи нуҳнафараи соҳибкорони Бритониё аз Тоҷикистон дидан кард ва гуфта мешавад сафари эшон эҳтимолан яке аз дархостҳои Тоҷикистон дар ивази пешниҳоди қаламраваш барои убур бошад.

Дар назар аст Бритониё, ки дар Афғонистон 9,5 ҳазор сарбозу афсар дорад соли равон 2 800 ва соли оянда 5 200 низомиашро аз Афғонистон берун кунад. Ҳамроҳ бо низомиён Бритониё бояд 11 ҳазор контейнер таҷҳизоти низомӣ ва наздик ба 3000 зиреҳпӯшро то соли 2014 аз қаламрави Афғонистон берун кашад.

Созишномае, ки дар Душанбе имзо шуд, танҳо чаҳорчӯби ҳуқуқии убури таҷҳизоти ҳарбии Бритониё ба воситаи Тоҷикистон аст ва ҷанбаъҳои дигари ин иқдом дар қарордоду ёддоштҳои баъдӣ танзим хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG