Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи якшанбе беш аз ҳазор марди майдон барои ширкат дар дар дави марафонӣ дар шаҳраки британиявии Вулверҳемптон ҷамъ шуданд.

Рӯзи якшанбе беш аз ҳазор марди майдон барои ширкат дар дар дави марафонӣ дар шаҳраки британиявии Вулверҳемптон ҷамъ шуданд. Дави 15-километра бо монеаҳоро, ки 29 сол инҷониб дар Вулверҳемптони Англия доир мешавад, аз мушкилтарин давҳои марафонӣ арзёбӣ мекунанд.

Иштирокчиёни ин сабқат аз деворҳои баланд, биркаҳои пур аз обу лой, тепппаҳо ва ҳатто оташ убур намуданд. Шумори зиёде аз варзишгарон то марра нарасиданд. Пирӯзӣ бошад, насиби Конор Ҳенкоки 22-сола шуд. Пуле, ки аз ин мусобиқа ба даст меояд, барои нигаҳбонии аспҳои солхӯрда масраф мешавад. Гузориши хабарнигори Рейтерс Алена Островская.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG