Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Русия як ҷангии тоҷикро ғоибона муҳокима кард


Додгоҳи вилояти Челябински Русия шаҳрванди Тоҷикистон Расулҷон Сафарови 24-соларо ғоибона муҳокима кард ва ӯро дар ҷалби ҷавонон ба сафи ҷангиён дар Сурия ва ширкат дар амалиёти ҷангӣ дар кишвар муттаҳам донист. Аз 14 октябри соли гузашта нисбати Сафаров кофтукови байналмилалӣ эълон шудааст. Масъулони додгоҳи вилояти Челябинск гуфтаанд, ки мумкин аст ин ҷавон дар Сурия қарор дорад. Хонаводаи Расулҷон Сафаров дар Тоҷикистон ба сар мебаранд.

Ба иттилои мақомоти тоҷик, шумо садҳо тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафҳои гурӯҳҳои мусаллаҳ дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ меҷанганд. Мақомоти тоҷик ба ин боваранд, ки аксари онҳо тариқи Русия ба Ховари Миёна рафтаанд.

XS
SM
MD
LG