Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон ҷазо барои духтаррабоиро сахт мекунад


Дар порлумони Қирғизистон қонуне аз марҳилаи дуввуми баррасӣ гузашт, ки барои духтаррабоӣ аз 3 то 10 соли зиндон муқаррар кардааст. Ба гуфтаи муаллифонаш, ин қонун ба мурооти ҳуқуқи занон ва мубориза бо издивоҷҳои бармаҳал дар Қирғизистон кӯмак хоҳад кард. Дар Қирғизистон, ки рабудани арӯс як суннати қадима аст, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ солона 12 ҳазор зану духтарро мерабоянд ва ба издивоҷ маҷбур мекунанд, ки дар натиҷа бисёре аз онҳо ба хидматгори хонавода табдил мешаванд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ бисёре аз арӯсон 18 сол ҳам надоранд, ки синни қонунии издивоҷ дар Қирғизистон аст. Дар сурати қабули қонун дар қироати саввум дар порлумон, санади мазкур баъди имзои раиси ҷумҳури Қирғизистон ҳукми иҷро мегирад.
XS
SM
MD
LG